Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор...

Ҳаққи устод аз падар беш аст

№14 (3808) 01.02.2018

2c0d4356-74e2-4619-abc8-bf2543af718b_1Муаллим чароғи раҳнамо ва ҳидоятгари башарият дар ҳар давру замон ба роҳи дурусту растагорӣ аст. Бинобар ин, фармудаанд:

 Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Аз ин ҷост, ки аҳли хирад мардумро ба пос доштани қадру манзалати муаллим даъват намуда, ӯро падари маънавӣ ва ҳаққашро аз падар беш медонистанд:

Ҳаққи устод аз падар беш аст,

В-аз падар устод дар пеш аст.

Аз ин хотир, ҳар кӣ хоҳад дар оянда соҳиби илму ҳунар гардад ва мавриди эҳтиром қарор гирад, бояд, пеш аз ҳама, хидмат ва эҳтироми устодро ба ҷо орад. Зеро, аз қадим бузургони илму адаб ба устод эҳтироми хосае қоил буданд. Имоми Аъзам- Абӯҳанифа (р) то дами марг пой ба сӯи хонаи устод Ҳаммод дароз накардааст ва ҳатто оби даҳони хешро ба самти хонаи ӯ наандохтааст. Дар ривояти дигаре меояд, ки халифа Ҳорунаррашид писари худро ба назди Асмаӣ ном муаллим гузошт, то ба ӯ илму адаб омӯзонад. Иттифоқан, рӯзе гузори халифа аз назди хонаи муаллими писар афтод ва дид, ки муаллим вузӯ гирифта, пои худро мешӯяд ва писари халифа ба пойи ӯ об мерезад. Халифа озурдахотир шуд ва ба Асмаӣ итоб намуда, гуфт: Ман, писари худро ба назди ту гузоштам, то ба ӯ илму адаб омӯзонӣ. Чаро ба ӯ амр накардӣ, то бо як дасташ об резад ва бо дасти дигараш поятро шӯяд!

Аҳмади Дониш дар шинохти ҳаққи устод навиштааст: «Ҳаққи падар бузург аст ва ҳаққи устод бузургтар».

Ин гуна ҳақшиносӣ буд, ки гузаштагон оламро бо илму дониш мусаххар карданд, зеро бе мураббӣ наметавон ҳарфе омӯхт, дониш андӯхт, ба ҷойгоҳи баланд расид:

Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,

Моҳи навро рафта – рафта чарх оламгир кард.

Миллати куҳанбунёд ва маорифпарвару илмдӯсти тоҷик имрӯз низ ба муаллим арҷ мегузорад, ӯро сабаби рушду тараққии инсону ҷомеа медонад, зеро аз бузургон шунидаанд, ки:

Ҳар киро устод набвад кор бар бунёд нест,

Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.

Хуш ба ҳоли оне ки сазовори ин номи бузургу касби пуршараф гаштааст. Паёмбари бузурги ислом ҳазрати Муҳаммад (с) бо ифтихор аз касби муаллимӣ ёд карда, таъкид менамояд: Ман барои башарият муаллим фиристода шудаам. «Қуръон»-и азимушшаън низ дар ояҳои зиёд вобаста ба нақши бузурги омӯзгорон бо нақл аз ҳаёти паёмбарон ва пайравони онҳо ишораҳои зиёде намудааст. Муҳимтарин вазифаи Паёмбар (с) дар «Қуръон» ин масъулияти таълим ва тарбия мебошад.

Аз ин ҷост, ки омӯзгорӣ касби ниҳоят мушкил аст. Гуфтору рафтори некро талқин намудан, илму донишро ба тифле, ки аз олами маънӣ хабар надорад омӯхтан, инсон сохтану ба сӯи камолу ҷамол ҳидоят намудан саҳл нест, зеро:

Расад ҷон бар лаби бечора устод,

Ки ҳарферо ба шогирде диҳад ёд.

ё:

То тифл хонаду соҳибҳунар шавад,

Устоди меҳрубони ӯ хуни ҷигар шавад.

Бинобар ин, вақте устод шогирди ба ҷон парвардаро рӯи коре мебинад, беихтиёр мефахрад, ки нахли парвардааш самар додааст. Аз нафаре шоире, олиме, соҳибкасбе тарбия намудааст. Ин нуқтаро Саноӣ аҷаб зебо қаламдод мекунад:

 Солҳо бояд, ки то як санги аслӣ з-офтоб,

Лаъл гардад дар Бадахшон ё ақиқ андар Яман.

Умрҳо бояд, ки то як кӯдаке аз рӯи табъ,

Шоире гардад накӯ ё олиме дар анҷуман.

Хулоса, муаллим роҳнамою ҳидояткунанда, мунису ғамхор, дӯсти беғараз аст. Ӯ бо нури илму дониш олами фикриро равшан намуда, равзанаи дунёи пурасрори илмро ба рӯи шогирдон мекушояд. Деҳқону муҳандис, духтуру шоир… парвардаи омӯзгоранд.

Хушбахтона, дар мушкилтарин даврони рӯзгор омӯзгорон ҳамеша дар хидмати халқу Ватан қарор доштанд. Ба шароити гарони зиндагӣ рӯ ба рӯ омада бошанд ҳам, мардона дар бунёди манораи ақлҳо саҳми шоиста гузоштаанду мегузоранд.

 Саломат Авзалова,

омӯзгори муассисаи таҳсилоти

миёнаи умумии № 51, ноҳияи Фирдавсӣ