Барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ

Ҷаҳони одамият

№75 (4658) 09.06.2023

Чароги ХИДОЯТҲаявон хабар надорад зи ҷаҳони одамият.

(Саъдии Шерозӣ)

 Насри муосири тоҷик дар замони истиқлолияти давлатӣ аз лиҳози шакл ва мундариҷаву муҳтаво хеле рушд карда, дар пешрафти он баробари нависандагони куҳансол адибони ҷавон низ саҳмгузоранд.

 Яъне, онҳое, ки охири солҳои 80 ва ибтидои соли 90-уми асри гузашта ба майдони адабиёт омаданд ва қисмати бештари фаъолияти эҷодиашон мусодиф ба замони соҳибистиқлолӣ аст. Яке аз онҳо Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод мебошад, ки аз мактаби рӯзноманигорӣ вориди адабиёт шуда, дар таҳаввули насри муосири тоҷик саҳми бориз дорад.

Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод ниёз ба муаррифӣ надорад. Хонандагони тоҷик ӯро ҳам ба сифати рӯзноманигор ва ҳам нависандаи чирадаст хуб мешиносанд ва нақди адабӣ низ ба чакидаҳои хомаи ӯ баҳои сазовор додааст. Беш аз чил сол аст, ки дар соҳаи рӯзноманигорӣ ва дар арсаи наср фаъолият дорад. Муаллифи як силсила мақолаҳои публитсистӣ, чандин маҷмӯаҳои насрӣ ва филмҳои мустанад аст. Маҷмӯаи ҳикоя ва очерку қиссаҳои таърихии «Фидоиёни роҳи озодӣ», «Парастуҳои саҳна», «Боздид», «Чакомаи шоҳи ирфон», «Бозгашти аспи даҳмарда», «Офтобо, ба ғуруб марав…», «Гулхани сабз», «Дарёдилеву соҳиле…», «Ҳадиси ватандорӣ» (ба 7 забон) аз ҷумлаи навиштаҳои ӯянд, ки хонандагон хуш пазируфтанд. Мавсуф дар тарҷума низ қувва озмуда, намунаи осори адибони сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Ион Лука Караҷели, Л. Толстой, А.П. Чехов, В. Распутин, В. Шукшин ва Ю. Артамоновро ба тоҷикӣ тарҷума намудааст.

Маҷмӯаи тозаи нависанда, ки мавриди назари мост, зери унвони «Чароғи ҳидоят» нашр шуда, аз қисса бо номи «Чароғи ҳидоят» ва ёздаҳ ҳикоя иборат мебошад. Унвони маҷмӯа баргирифта аз номи қисса аст, зеро маҳз қиссаи «Чароғи ҳидоят» қисмати асосии онро ташкил медиҳад. Қисса ба корномаи марди фидоии роҳи мактабу маориф дар вилояти Хатлон устод Самад Фаттоев бахшида шуда, аз лиҳози муҳтаво очерки шарҳиҳолӣ ба ҳисоб меравад. Дарвоқеъ, Ҳасанзод аз зумраи он нависандагони пуркор аст, ки эҷодиёташ аз лиҳози фарогирии мавзӯъ, алалхусус тасвири бадеии воқеият, муаррифии фарзандони фарзонаи миллат, шиносондани ҷомеа бо дирӯзу имрӯзи таърихи миллат қобили таваҷҷуҳ аст.

Бояд зикр кард, ки мавзӯю мундариҷаи маҷмӯаро тасвири сарнавишти инсон, масоили ахлоқ ва хусусан муаммои одамият ташкил медиҳад. Адиб сарнавишт ва корномаи инсонҳоеро ба тасвири бадеӣ мекашад, ки кору пайкор ва ахлоқи ҳамидаи онҳо намунаи ибрати дигарон буда метавонад. Ҳам қисса ва ҳам ҳикояҳо ба ҳаёти мардуми деҳот ихтисос доранд ва образҳои бадеӣ низ аслан деҳотианд. Дар қисса ва ҳикояҳои ин маҷмӯа як нигоҳи тоза, тасвироти дилчасп, нуқтаи назари ҷавобгӯ ба талаботи замон ба назар мерасад. Ҳадафи нависанда бо диди тоза тасвир намудани замири инсони одист, ки орзую омоли воло дорад.

Мавзӯъ ва муҳтавои қисса ва ҳикоёти Ҳасанзод тасвири зиндагонии мардуми деҳот, арҷ гузоштани онҳо ба суннатҳои миллӣ, риояи оини ҷавонмардӣ ва амсоли инҳо мебошанд. Образҳои офаридаи ӯ фидоиёни роҳи озодӣ, пешбарандаи ҷомеа, муборизони ҷодаи адолату ҳақиқатанд. Симои марди деҳот бо тамоми ҳастиаш, яъне бо ҳамон ғуруру ҳиммати ҷавонмардӣ, мардонагӣ, дур будан аз ҳама гуна фиребу найранг ва дар айни замон содагиву зудбовариаш таҷассум ёфтааст.

Таблиғи ахлоқи пок дар эҷодиёти қаҳрамони матлаб яке аз масъалаҳои умдатарин ба назар мерасад. Нависанда дар қисса ва ҳикоёташ василаи образи инсонҳои одии деҳотро дар меҳвари тасвир мегузорад. Қаҳрамонҳои мусбати ӯ дур аз ҳама гуна разолат ва фиребу найранганд. Аслан зиндагӣ дар деҳоту кӯҳистон инсонро бозтоб медиҳад ва марди деҳотӣ аз кӯдакӣ бо сахтиҳои рӯзгор ошност. Вале сиришти инсон оганда аз хайру шар аст, аз ин ҷост, ки дар деҳ низ инсонҳои шайтонсират ёфт мешаванд. Ҳамин гуна образҳои пуртазод дар қисса ва ҳикояҳои китоби Ҳасанзод ба назар мерасанд.

Қиссаи «Чароғи ҳидоят» дар ин маҷмӯа мақоми хосса дошта, нависанда ба таърихи миллат, хосса маорифи он, дар солҳои пурҳаводис аз мавқеи дигар назар кардааст. Баррасии арзиши эстетикӣ ва бадеии қиссаи ӯ аз дидгоҳи нав аст. Дар симои қаҳрамони асосии асар — Самад Фаттоев адиб як давраи тақдирсози таърихи халқи тоҷик, зиндагии мардуми деҳотро дар даврони пурошӯби Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъд аз он ба тасвир овардааст. Дидгоҳи нависанда, таҳлили воқеаҳо ва камбудии рӯзгори он замон тавассути образи асосӣ сурат мегирад, ки фидоии роҳи мактабу маориф ва ҷӯяндаи ҳақиқату адолат аст. Ҷавҳари асосии қиссаро тарғиби илму хирад, ободкорию созандагӣ, сахову ҷавонмардӣ ва дар умум одамият ташкил медиҳад. Бунёди ҷомеаи инсонӣ на ба сарвату боди такаббуру салватрониҳои шахсони худхоҳу гумроҳ, балки ба рафтору кирдори мардони боҳиммат ва созанда устувор аст. Фалсафаи қиссаи «Чароғи ҳидоят» ҳамин аст, ки инсон дар ҳама гуна муҳит бояд ба ду чиз шуғл варзад: ҳифзи асолати инсонӣ ва созандагӣ барои бақои саодати ду ҷаҳон. Ин тарзи тафаккур такя ба рисолати инсон дорад, ки аз суннатҳои ахлоқии миллати тоҷик сарчашма мегирад.

Ҳамин гуна андеша дар мавриди масъалаҳои одаму одамгарӣ, сахову ҷавонмардӣ, меҳру муҳаббати пайванд, донистани ҳаққи ҳамсоя, поси намаки диёр, меҳри падарию фарзандӣ, оқибати сабуксорию хиёнат, дурӯғу найранг ва монанди инҳо дар ҳикояҳои «Хамгаҳи кафтарон», «Санги сабук», «Тӯй барпо нашуд», «Агент», «Ба дидори офтоб зор», «Бачаи шайтон» матраҳ шудаанд, ки аҳамияти тарбиявию эстетикӣ доранд.

Забони асарҳои нависанда фасеҳ ва саршор аз калимоти ноби тоҷикианд, ки мутаассифона, имрӯз аз истифодаи аҳли қалам берун монда, дар шеваи гуфтугӯии мардум маҳфуз мондаанд. Хидмати нависанда дар эҳё гардонидани ин гуна калимаву таркиб ва ибораҳо қобили таҳсин аст. Калимоте монанди ковок (субҳ ковок нашуда…), наҳтутӣ (баъд ӯ наҳтутиро нагирифтӣ?), соғу (соғуи трактор), нӯшханд (мард нӯшханд зад), нуқ (аз тарси ҷон касе ба ӯ нуқ намегӯяд) аз он ҷумлаанд, ки ҳаққи истифода ва корбурдро дар асари бадеӣ доранд. Адиб барои офариниши образҳои асар, тасвири оину суннатҳои миллӣ ва дар умум барои саҳеҳии тасвир аз дурдонаҳои гӯйиши мардумӣ истифода мебарад, ки навиштаҳояшро ҷилои тоза додаанд.

Аз мутолиаи қиссаву ҳикоёти маҷмӯа бармеояд, ки адиб ҳамон вожаву таркиб ва ибораҳои мардумиро бармегузинад, ки хоси маҳалу макони вуқӯи воқеаву ҳодисаи мавриди тасвир аст. Чунин тарзи бархӯрди нависанда бо дурдонаҳои гӯйиши мардумӣ имкон медиҳад, ки забони адабӣ бо калимоти хушоҳанги тоҷикӣ ғанӣ гардад ва теъдоди калимоти дурушти иқтибосии бегона камтар мавриди истифода қарор бигирад.

Ҷанбаи дигаре, ки дар ин маҷмӯа диққати хонандаро ба худ ҷалб мекунад, корбурди калимоту таркиботи ҳамвазну ҳамоҳанг, ки ба сухани персонажҳо савти мусиқоӣ бахшида, салосату балоғати суханро таҳким бахшидааст. Аз ҷумла: «Ёр бигир, дида бигир, дар дилат армон намона. Гул бичин, тоза бичин, доғи чаманзор намона»; «Махлуқи Худост, дардаш бедавост, аз ёрон ҷудост»; «Вой, бобӣ Маҳманабӣ, банди эзорат канабӣ. Кайҳо хара ҷул задаӣ, пордум таи дум задаӣ. Дар пушти хар зин задаӣ, хурҷин болои зин задаӣ, нӯхта ба фукаш бастаӣ, узангу бар зин задаӣ. Ӯҳ, бобӣ Маҳманабӣ, в-аллоҳ, ки соҳибназарӣ….». Ҳамчунин, корбурди байту пораҳои шеърии бамавқеъ дар раванди тасвири воқеаҳои қиссаву ҳикояҳо аз диди романтикию лирикии нависанда гувоҳӣ медиҳанд.

Дар қисса ва ёздаҳ ҳикояи ин маҷмӯа масъалаҳое матраҳ шудаанд, ки имрӯз низ аз масоили доғи рӯз буда, мавриди баҳсу мунозираи донишмандон аст. Дар ҳикояҳои Сипеҳри Ҳасанзод қаҳрамону персонажҳо синну соли гуногун доранд, нависанда аз забони мӯйсафедон, амалу рафтори калонсолон ва ба воситаи фаъолияти кӯдакон моҳияти масъаларо барои хонанда бозгӯӣ мекунад. Агар дар ҳикояи «Хамгаҳи кафтарон» мушкилоти зиндагии деҳотиён дар зимистон бо воситаи инсонҳои баркамол баррасӣ шуда бошад, дар ҳикояи «Кӯдак ва парвона» пайванди инсону табиат ба туфайли образи писараку парвона матраҳ мешавад. Дарвоқеъ, пайванди инсону табиат, ки яке аз масъалаи асосӣ ва баҳсталаби ҷаҳони имрӯз аст, дар чанд ҳикояи ин маҷмӯа мавриди корбаст қарор гирифтаанд. Ҳикояҳои «Кӯдак ва парвона», «Узри кабк», «Шикори уқоб» маҳз ба ин масъала ихтисос доранд. Ба таъкиди муаллиф, инсон ҳамон вақт хушбахту муваффақ буда метавонад, ки табиатро дӯст дорад ва бо вай дар муросо зиндагӣ намояд.

Хулоса, маҷмӯаи нави рӯзноманигор ва адиби тоҷик Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод «Чароғи ҳидоят» китоби хонданбоб буда, қисса ва ҳикоятҳои он дорои нуқтаи назари нав, услуби ҷадиди баёни мавзӯъ, тасвироти қобили таваҷҷуҳ мебошанд.

Итминони комил дорем, ки ҳайати ҳакамони раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон асарҳои ба мукофотҳо пешниҳодшударо ҷиддӣ баррасӣ ва таҳлил намуда, холисона баҳогузорӣ мекунанд. Аз назари мо, маҷмӯаи «Чароғи ҳидоят»-и Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ сазовор аст.

М. С. ИМОМЗОДА,

академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

доктори илми филология,

профессор,

Ш. Р. ИСРОФИЛНИЁ,

ходими пешбари илми ИИТ ДМТ,

доктори илми филология,

профессор