абадӣ гардонидани номи ӯ зарур ва ногузир аст
Рӯйхати «Қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ»-ро, ки чанде қабл пешниҳоди ҷомеа намудаанд, мутолиа кардам ва дар ҳайрат мондам, зеро дар ин рӯйхат ному насаби сержанти Армияи Шӯравӣ Қудрат Қаюмовро пайдо карда натавонистам. Аз он дар ҳайрат мондам, ки қисмати гумномӣ ба ин ҷавони ғурамарги фидокор бори чандум аст, ки такрор мешавад. Дилам барои заҳматҳои кашидаи нависандаи ҷангноманавис шодравон Раҳмон Сафар сӯхт.
Ҳаёту фаъолияти афсари лашкари шӯравӣ, нависандаи шинохта Раҳмон Сафар, ки дар зинда гардонидани ҳазорҳо нафар ҷанговарон умри азизу тамоми дороиашро сарф кардааст, имрӯз дар тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии ҷавонон таъсири хубе расонда метавонад. Ин мавзӯи дигар аст ва ҳоло меоем ба сари мақсад.
Соли 1984 муаллими мактаби миёна будам ва ба мактаббачаҳо аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегуфтам. Он айём яке аз шохаҳои асосии тарбия — тарбияи ватандӯстӣ буд. Корномаи фарзандони ҷасуру ватандӯсти кишвар дар солҳои барқароркунии Ҳукумати Шӯравӣ ва солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ин мақсад васеъ истифода мешуд. Мо дар дарсҳо аз ҳаёти ибратбахши онҳо пора — пора ба хонандагон ҳикоят мекардем.
Аз забони калонсолҳо дар бораи Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимов ва Қудрат Қаюмов бисёр қиссаҳои аҷиб шунида будам. Медонистам, ки Ҳайдар Қосимов дар қайди ҳаёт асту дар ноҳияи Вахши собиқ вилояти Қӯрғонтеппа зиндагӣ мекунад, аммо зиндагиномаи Қудрат Қаюмов начандон равшан буд.
Барои пайдо намудани маълумоти бештар ба деҳаи Қалъаи Лаби Об рафтам. Бо пирони рӯзгордида вохӯрдам. Нафаре ҳикоя кард, ки Қудрат Қаюмов ҳанӯз дар тифлӣ аз навозиши падару модар маҳрум монда буд. Ӯро бибиаш чун нишони ягона фарзандаш тарбия карда, ба воя расонд. Хононду соҳиби маълумот кард. Ҷавони ҷасуру боистеъдод буд.
Он солҳо як қаламкаши ҷавону бетаҷриба будам. Дар дилам хоҳише пайдо шуд, ки аз рӯзгори қаҳрамон очерке нависам. Ибтидо аз номи «Пайшиносони сурх»-и мактаби деҳа унвонии Бойгонии марказии Вазорати мудофиаи ИҶШС, ки дар шаҳри Подолск ҷойгир буд, номае навиштам. Дере нагузашта ба мактуби худ ҷавоб гирифтам, ки то ҳанӯз дар бойгонии нависандаи ин сатрҳо маҳфуз аст. Дар мактуб омадааст: «Фиристодани маълумотнома, нусхабардории ҳуҷҷатҳо аз Бойгонии марказии Вазорати мудофиаи СССР тибқи дархост иҷро карда намешавад. Барои омӯзиши ҳуҷҷатҳо ва гирифтани маълумоти лозимӣ ба Шумо лозим аст, ки намояндаи худро фиристед. Тибқи дастур барои омӯзиши ҳуҷҷатҳо, ки дар фармони вазири мудофиаи СССР аз соли 1981 №225 нишон дода шудааст, метавонед бо ҳуҷҷатҳои бароятон лозим шинос шавед.
Мудири шуъба Трошкин, №26477 аз 11 майи соли 1984».
Баъди гирифтани ҷавоби нома дилхунук шудам. Дигар умеде ба навиштани очерк набуд. На имконияти ба шаҳри Москва сафар кардан доштаму на маслиҳатгаре, ки роҳҳои дигари пайдо намудани корномаҳои ҷангии Қудрат Қаюмовро бароям равшан гардонад…
Рӯзе ба мактаб меҳмонҳо омаданд, ки дар байнашон Раҳмон Сафар низ буд. Ӯ хешу табори ҷанговар Вазир Кассировро ҷустуҷӯ мекард. Соли 1985 буд. Бори аввал буд, ки устоди зиндаёдро аз наздик медидам. Сухандонӣ, хоксорӣ ва заҳматкашиҳояш хушам омад. Дуру дароз суҳбат доштем. Аз забони ӯ шунидам, ки аз Қалъаи Лаби Об қаҳрамонест, ки дар рӯйхати Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ аз Тоҷикистон бо сабабҳои номаълум ворид нагаштааст. Ӯ дар бораи қаҳрамонии фарзанди диловари тоҷик Қудрат Қаюмов бо самимият қисса кард.
Дар бораи ҷустуҷӯйҳои хеш ба устод Раҳмон Сафар ҳикоя кардам. Ӯ ба ҳарфам гӯш дод ва табассум дар лаб гуфт:
-Ин кори осон нест, додари азиз. Ман он қадар меҳнат кардаам, ки агар ҳикоя кунам, чандин шабу рӯз гӯш карданат лозим.
Баъди гусели меҳмонон намедонам чӣ қадар вақт гузашту барои ширкат дар семинари омӯзгорони фанни забону адабиёти тоҷик ба шаҳраки Ғарм рафтам. Сари қадам ба идораи рӯзномаи ноҳиявӣ даромадам. Бо хабарнигорони рӯзнома дар бораи вохӯриам бо Раҳмон Сафар ҳикоя кардам. Корманди рӯзномаи «Қаротегини советӣ» Баҳодур Абдусатторов (ҳоло сармуҳаррири рӯзномаи «Паёми Тоҷикобод») ҳикоя кард, ки нависанда Раҳмон Сафар ба Тоҷикобод рафтанӣ буд, кумитаи ҳизбии ноҳия маро роҳбалад фиристод. Чанд рӯз дар суҳбати устод будам. Дар бораи ҷанговарони тоҷик чунон қисса мекунад, ки сомеъ гумон мекунад, дар рафти воқеа иштирок дорад. Баъди як сол ба мактаб расми қаҳрамононро оварданд ва дар байнашон Қудрат Қаюмов низ буд. Устод Раҳмон Сафар расми ин ҷанговари ҷасурро низ аз бойгонӣ пайдо карда буд.
Баъди он ки ному насаби Қудрат Қаюмовро дар руйхати қаҳрамонон надидам, ин лаҳзаро ба хотир овардам. Ба Баҳодур Абдусатторов занг зада, матлабамро баён кардам. Ӯ гуфт, ки баъзе ҳуҷҷатҳо дар дасташ ҳаст, метавонад пешниҳод намояд. Ҳамин ният маро водор кард, ки ба ноҳияи Тоҷикобод равам.
-Устод Раҳмон Сафар қариб тамоми деҳаҳои Тоҷикободро гашт,- гуфт Баҳодур.- Бо хешу табори ҷанговароне, ки аз майдони набард барнагашта буданд, суҳбат кард. Бо иштирокчиёни ҷанг вохӯрда, дурудароз қиссаҳои онҳоро гӯш мекард ва дар дафтари худ менавишт.
Вохӯрии нависанда дар меҳмонхонаи саркори номдори Қалъаи Лаби Об худораҳматии Ҳаким Мирзоев якумр дар лавҳи хотирам нақш баст. Бештар дар бораи Қудрат Қаюмов сухан мерафт. Нависанда аз корномаи ҷангии ӯ маълумоти зиёд дар даст дошт, мақсадаш он буд, ки ҳаёти пешазҷангии қаҳрамонро равшан намояд. Маводи ғундоштаи устод Раҳмон Сафарро дидаму ҳавасам омад. Оид ба Қудрат Қаюмов маълумотҳои саҳеҳе аз сарчашмаҳои муътамад — Сарраёсати бақайдгирии мукофотҳои Вазорати мудофиаи собиқ ИҶШС, рӯзномаи овозадори «Правда» ва рӯзномаи фронтии Дивизияи тирандозии 47-ум, ки ҳанӯз соли 1943 нашр шудаанд, дақиқу бебаҳс буданд.
Раҳмон Сафар аз мардони калонсоли деҳаи Қалъаи Лаби Об зиндагиномаи Қудрат Қаюмовро мепурсид. Дар ин суҳбат шахсиятҳои шинохтаи деҳа Мусаяб Алимаҳмадов, Ҳикмат Шифоев, Иброҳим Қурбонов ва боз чанд нафари дигар иштирок доштанд ва ба саволҳои нависанда ҷавобҳои саҳеҳ медоданд. Аз ҳикояи он мардони бузург, ки имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд, ба хотирам мондааст, ки Қудрат Қаюмов то оғози ҷанг дар маркази ноҳия ба сифати мудири мағоза ифои вазифа мекард.
Баъди ба шаҳраки Ғарм баргаштан, аз устоди шодравон хоҳиш кардам, ки нусхаи ҳуҷҷатҳои ҷамъовардаашро ба ман диҳад. Устод не нагуфт ва ман дар асоси он ҳуҷҷатҳо арафаи Иди Ғалаба дар рӯзномаи «Қаротегини советӣ» аз рӯзгори Қудрат Қаюмов мақола навиштам.
Баҳодур баъди хатми нақлаш ба ман нусхаи рӯзномаи ноҳияии «Паёми Тоҷикобод»-ро аз 7 майи соли 2013 тақдим кард, ки дар ин бора мақолаашро чоп намудааст.
Аз ҳуҷҷатҳои ҷамъовардаи нависанда Раҳмон Сафар бо мақсади равшантар намудани саргузашти Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Қудрат Қаюмов пораҳои зеринро пешкаши хонандагони азиз мегардонем:
Дар варақаи бақайдгирии мукофотонии Сарраёсати кадрҳои Вазорати мудофиаи собиқ ИҶШС гуфта мешавад:
«Қудратов Қаюм. Соли таваллудаш 1922. Ба сафи Армияи Советӣ соли 1941 аз ноҳияи Қалъаи Лаби Об, вилояти Ғарм, РСС Тоҷикистон даъват шудааст. Сержант, аъзои ВЛКСМ. Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ. Дар ҷанг сентябри соли 1943 ҳалок шудааст. Дар деҳаи Оболон, ноҳияи Коропскии вилояти Черников ба хок супурда шудааст».
Дар рӯзномаи «Правда» аз 17 октябри соли 1943 Укази Президиуми Совети Олии ИҶШС дар бораи сарфароз гардонидани Қудрат Қаюмов ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дарҷ ёфтааст:
«Барои убури муваффақонаи дарёи Днепр дар қисми шимолии Киев, ишғоли мавқеи мустаҳкам дар қисмати ҷанубии дарёи Днепр ва барои нишон додани шуҷоату қаҳрамонӣ ба сержант Қаюмов Қудрат унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шавад.
Москва, Кремл, 10 октябри соли 1943 №85»
Дар бораи корномаи фарзанди шуҷои тоҷик Қудрат Қаюмов рӯзномаи фронтии Дивизияи тирандозии 47-ум 20 октябри соли 1943 муфассал навишта буд, ки пораи онро пешкаш менамоем:
«Дар вақти яке аз ҳуҷумҳои Армияи Сурх дар хатти чап пеши роҳи аскарони советиро пулемёти душман баста буд. Ба касе имконияти сар бардоштан намедод. Узви комсомол Қудрат Қаюмов ба вазъият сарфаҳм рафта, ба қароре омад, ки пулемёти душманро нест намояд.
Ӯ ба пеш хазида, ба нуқтаи оташфишонӣ наздик шуда, сипас, сари зону хеста, гранатаи зиддитанкиро ҳаво дод. Пулемёт ва пулемётчӣ ба ҳаво бархостанд ва роҳи аскарони сурх кушода шуд».
Баъди суҳбат бо Баҳодур Абдусатторов бисёр мехостам, ки расми Қудрат Қаюмовро пайдо кунам. Дар ду лавҳа сурати ӯро пайдо кардам, ки нусхабардориашон имконнопазир буд.
Бисёр мехостем, ки соли таҷлили 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 номи Қудрат Қаюмов дар қатори дигар қаҳрамонон ворид гардад. Дар маркази ноҳияи Тоҷикобод лавҳаи ёдгорие гузошта шуда, яке аз кӯчаҳои он бо номи ин фарзанди ҷасури тоҷик номгузорӣ шавад. Шод гардонидани рӯҳи поки чунин қаҳрамонон вазифаи ҳар як фарди ватандӯсти кишвари азизи мост.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»