Абдуҳамид ҚАЮМОВ: «Ҳолати пиряхҳо бояд аз нигоҳи илмӣ омӯхта шавад»

№8 (4748) 15.01.2024

Каюмов 10_10_2022Сеюми январи соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» имзо гузоштанд. Дар Тоҷикистон чанде пеш бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил шуд, ки ҳоло олимону мутахассисони он фаъолияти илмӣ-татқиқотиро пеш мебаранд. Хабарнигори рӯзнома дар иртибот ба ин мавзуъ бо директори муассисаи мазкур, академики Академияи байналмилалии илмҳои экологӣ ва бехатарии ҳаёт, профессор Абдуҳамид Қаюмов ҳамсуҳбат шуд:

- Хоҳишмандам, назаратонро роҷеъ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» баён кунед.

- Қабули ин қонун, албатта, як даст­оварди калон ва амри зарурист. Он раванди фаъолияти ниҳодҳои марбутаро вобаста ба мавзуи муҳими рӯз, яъне ҳифзи пиряхҳо танзим мекунад. Олимону мутахассисони марказ ва умуман, Академияи миллии илмҳои Тоҷикис­тон низ дар таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур саҳмгузоранд. Олимону мутахассисони академия, махсусан Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо» вобаста ба омӯзишу таҳқиқи пиряхҳо корҳои зиёдеро анҷом медиҳанд ва тадқиқотҳои бунёдии пиряхҳоро ба роҳ монда, мактаби илмии пиряхшиносии тоҷикро ташкил намудаанд.

- Вобаста ба вазъи мавҷуда олимону мутахассисони марказ нисбат ба омӯзиши пиряхҳо чӣ корҳоро анҷом медиҳанд?

- Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ ягона муассисаест, ки маълумоти илмӣ дорад. Мо танҳо дар панҷ соли фаъолият «Каталог-Атласи пиряхҳои Тоҷикистон»-ро дар ҳаҷми 12 ҷилд омода кардем ва инак, ҷилди аввали он ба нашр расид, ки ба системаи пиряхҳои Федченко бахшида шудааст. Ин кори хеле заҳматталабу масъулиятнок аст. «Каталог-Атласи пиряхҳои Тоҷикис­тон» дар ҷаҳон нодир ва ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ аст. Ҳама талаботи каталогсозиро ба инобат гирифта, барои таҳияи ин атлас аз технологияи нав, яъне картографияи муосир истифода кардем. Дар ин радиф таъкид мекунам, ки тадқиқотҳои илмӣ бояд як низом дошта бошад. Таи солҳои охир мо ба дастовардҳои муайян ноил шудем. Аз ҷумла, Шабакаи нодири мониторинги пиряхҳо дар баландиҳои 3500-4800 метр аз сатҳи баҳр насбшударо ташкил кардем, ки чунин шабакаҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ангуштшумор аст. «Феҳристи истилоҳоти пиряхшиносӣ» ва китоби «Пир­яхҳо, истилоҳот ва тавзеҳот»-ро нашр намуда, ҳамзамон, маҷмӯаи «Иқтибосҳо аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар раванди тағйирёбии иқлим»-ро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия карда ба чоп расондем. Дар давоми фаъолият марказ зиёда аз 60 экспедитсияи илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронд, ки дар тамоми давраи шӯравӣ чунин шумораи экспедитсияҳо ташкил нашуда буданд. Тадқиқотҳои моро дар сатҳи байналмилалӣ эътироф мекунанд. Мо пиряхро аз молекула то сатҳи системаи пиряхҳо ва оби аз он ҷоришаванда таҳлил мекунем. Айни ҳол «Барномаи давлатии омӯзиши пиряхҳо то соли 2030»-ро аз нав дида баромада, татбиқи ин барномаро дар ду марҳила, яъне солҳои 2023-2026 ва 2026-2030 муайян кардем.

Дастовардҳои марказ доир ба иҷрои «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» низ назаррас мебошанд. Дар ин бахш се ҳуҷҷат: консепсия, нақшаи чорабиниҳо ва барномаи гузарондани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва экспедитсионӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани соли 2025 — «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба чоп расондем Ин ҳуҷҷатҳо инчунин, дар сомонаи марказ гузошта шудааст, то ба ҳама дастрас бошад.

 - Соли 2023 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои назаррас дар самти рушди илми пиряхшиносӣ бо Ордени «Шараф» дараҷаи 2 сарфароз гардидед, ки ин ҳам аз фаъолияти назарраси Шумо дарак медиҳад.

 - Бале, ин ҳам натиҷаи дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

 - Маълум аст, ки гирифтани пеши роҳи тағйирёбии иқлим имкон надорад. Барои кам кардани таъсири он, аз ҷумла обшавии пиряхҳо, чӣ кор бояд кард?

- Бояд тадбирҳо андешид, то шиддати баъзе ҳолатҳои табиат паст ва таъсири онҳо камтар шавад. Илми креосфера зиёда аз сад сол аст, ки оид ба нигоҳ доштани пиряхҳо корҳоро анҷом медиҳад. Масалан, дар Сибир, Антарктида ва дигар минтақаҳои сайёра ба тариқи сунъӣ пиряхҳоро зиёд мекунанд. Дар Сибир роҳҳо ва биноҳоро, ки дар болои яхбандиҳои доимӣ сохта шудаанд, нигоҳ медоранд. Дар Антарктида бо ин усул барои сохтани таваққуфгоҳи киштиҳои калонҳаҷм бандарҳои сунъӣ месозанд. Бандарҳои сунъии яхин нисбат ба бандарҳои табиӣ устувортар ва бехавф мебошанд. Дар ин замина аз усулҳои физикӣ, химиявӣ ва биологӣ истифода бурда мешавад. Барои пиряхҳои бузурги мо ё ҷаҳонӣ усули биологӣ мувофиқ аст, яъне дарахтзор кардани мавзеъҳои наздик ба пиряхҳо. Ин таҷриба дар Тоҷикистони мо мавриди истифода қарор дорад. Дар ин раванд ду давлати ҷаҳон — Тоҷикистон ва Италия пешсаф ҳастанд. Дар Швейтсария бошад, болои пиряхҳоро, ки теъдоди онҳо кам аст, бо матоъ мепӯшонанд. Албатта, бидуни таҳлил ва пешниҳодоти илмӣ ин роҳандозӣ шуда наметавонад.

Мо омодаем дар ин самт бо ниҳолпарварон, боғдорон ва ҷангалпарварон ҳамкорӣ кунем. Ҳоло дар ағбаи «Шаҳристон» як нафар аз ноҳияи Айнӣ ҷангалзор бунёд карда истодааст. Вай ба мо муроҷиат кард, ки дар ин бобат ба ӯ кумак расонем, як татқиқот гузаронему таҳлили илмӣ кунем. Дар ноҳияи Ванҷ дарёи Абдуқаҳҳор сел пулро вайрон кардааст. Бинобар ин, одамон имкони камтар ба дигар тарафи соҳили дарё гузаш­тан доранд. Дар пойгаҳи пиряхи Кашолаях як дарахтзори бузург пайдо шудааст ва ин ба он оварда расонд, ки дарғотҳои пештар, ки дар ин пирях буданд, хурд ва ҳолати пирях дигар шуд. Ин ҳолат зери назорату татқиқоти мо қарор дорад. Яъне, ҳар як раванд бояд таҳлил ва хулосаҳои илмӣ дошта бошад.

- Барои пешбурди фаъолияти илмӣ-татқиқотӣ шароити корӣ чӣ гуна аст?

- Аз ҷиҳати таъминот бо мутахассисон, асбобу анҷом, яъне потенсиали техникӣ мо мушкилӣ надорем. Ҳатто баъзе кишварҳои Аврупо чунин технологияро надоранд ва дастовардҳои моро ба назар гирифта, МАГАТЭ пешниҳод кард, ки маркази пиряхшиносии мо бояд оид ба татқиқотҳои изотопӣ маркази минтақавӣ бошад. Зиёда аз 60 нафар коргар дорем, ки онҳо дар панҷ шуъба фаъолият мекунанд. Мо пиряхҳоро тавассути маҳвора зери назорат гирифтаем, яъне аз ҳолати онҳо тайи солҳои гуногун ва имрӯз огоҳ ҳастем. Ҳоло лабораторияи изотопӣ дорем ва дар он оби дарёро муайян мекунем, ки оби он аз ҳисоби барфи имсола аст ё порсола. Инчунин, хусусиятҳои хоси пирях ва обҳои аз ин пиряхҳо шорандаро муайян мекунем, ки захираҳои обиро аз нуқтаи назари бунёдӣ омӯзем ва пешгӯӣ намоем.

Дар Конференсияи 28-уми байналмилалӣ, ки дар Дубай гузашт, баромадкунандагон қайд карданд, ки солҳои охир пешгӯиҳои вобаста ба обнокии дарёҳо ба ҳақиқати ҳол ҷавобгӯ нестанд. Сабабаш дар он аст, ки ин пешгӯиҳо солҳои 30-40-уми асри гузашта коркард шуда буданд. Ҳозир, мо ба тариқи моделсозӣ, ҳам тариқи маҳворагӣ ва ба воситаи ҳавопаймоҳои бесарнишин мушоҳида карда пешгӯӣ (хулоса) мекунем, ки чӣ қадар об аст. Дар яке аз шумораҳои маҷаллаи «Криосфера» мо таҳлилу пешгӯиҳои худро ба чоп расондем, ки дар асоси технологияи муосир чӣ хел вазъи об, мавқеъ ва ҳолати онро муайян кардан мумкин аст ва вобастагии инкишофи гидроэнергетика ва ҳолати пиряхҳоро дар ду маҷаллаи дигар ба чоп расондем. Ҳамаи ин далели он аст, ки ба шарофати сиёсати созанда ва хирадмандонаи Сарвари давлат ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин дастовардҳо ноил шудем.

- Иттилоъ гирифтем, ки ба наз­дикӣ муассиса боз соҳиби дастгоҳҳои нави замонавӣ гардид?

- Дар доираи татбиқи лоиҳаи миллии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) TAD7004 — «Ташаккули иқтидори миллӣ барои арзёбии ҳолати пиряхҳо ва қабати барф дар шароити тағйирёбандаи иқлим» ба муассисаи мо хроматографи ионӣ дастрас гардид. Ҳадафи лоиҳаи TAD7004 омӯзиш, арзёбӣ ва муайян намудани равандҳои гидрологии таназзули пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Лоиҳаи мазкур ба афзалиятҳои миллӣ оид ба самти пешбурди устувории экологӣ ва идоракунии бомароми захираҳои обӣ, ки дар «Стратегияи миллии рушд то соли 2030» дарҷ шудаанд, ҳамаҷониба мувофиқат менамояд. Татбиқи чунин лоиҳаҳо ва истифодаи технологияҳои нави таҳлил ва мониторинги таназзули пиряхҳо барои чен намудани ҷараёни об дар дарёҳои пиряхҳои Тоҷикистон, инчунин, барои моделсозӣ, пешгӯйӣ ва андешидани тадбирҳо оид ба коҳиш додани таъсири иқлим зарур аст. Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) тасмим гирифтааст, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи зикршуда омодасозии кадрҳои Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро низ идома дода, ба ин васила, иқтидори миллии илмиро инкишоф диҳад. Дар ин робита, мехоҳам изҳор намоям, ки маҳз бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо» таъсис ёфта, дар доираи он таҳқиқотҳо ва таҳлилҳои гуногуни илмӣ дар соҳаи омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои мамлакат гузаронда мешаванд, ки дар ҷаҳон камназиранд. Ҷумҳурии Тоҷикис­тон вобаста ба ташаб­бусҳои ҷаҳониаш, хусусан бо иқдоми панҷуми Ҷаноби Олӣ — эълон шудани «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» шароити мусоидро барои пешбурди фаъолияти илмӣ дар соҳаи пиряхшиносӣ фароҳам овардааст.

Мусоҳиб Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»