Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов 75 — сола шуд
Дар сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари дигар соҳаҳо, ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фарҳангро ҳастии миллат гуфтанд.
Яке аз муассисаҳои таълимии давлатӣ, ки дар омода кардани кадрҳои соҳаи фарҳанг саҳми босазо дорад Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов мебошад. Бо мақсади шинос шудан бо вазъи феълии таълиму тарбия дар он бо директори таълимгоҳ Абдураҳимзода Идрис суҳбат оростем.
- Дар оғоз бамаврид мебуд, агар дар бораи таърихи муассиса маълумот медодед.
- Коллеҷи фарҳанг муассисаи таълимии давлатӣ буда, 2 апрели соли 1945 бо номи Техникуми китобдории Тоҷикистон таъсис ва баъдан, ба Омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоӣ табдил ёфт. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи 2001 он ба Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов табдили ном кард.
Дар он факултети «Таълими мусиқӣ ва менеҷменти соҳавӣ» фаъолият менамояд, ки дорои кафедраҳои «Рӯзноманигорӣ ва китобхонашиносӣ», «Фанҳои гуманитарӣ ва табиӣ — риёзӣ» ва «Таълими мусиқӣ, эҷодиёти халқ ва менеҷменти соҳавӣ» мебошад.
Донишҷӯён дар ихтисосҳои рӯзноманигорӣ, китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ, таълими мусиқӣ, менеҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ ва эҷодиёти халқ таҳсил менамоянд.
- Кадрҳое, ки омода мешаванд, ба талаботи замон ҷавобгӯянд?
- Коллеҷи фарҳанг мутахассисонеро омода менамояд, ки ба онҳо ниёз зиёд гардида истодааст. Боиси ифтихор аст, ки дар аксар таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ маҳз дастпарварони коллеҷи мо омӯзгори фанни мусиқӣ мебошанд. Дар раёсат ва шуъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои кишвар низ навозандагони созҳои гуногуни мусиқӣ ва овозхонон фаъолият менамоянд, ки дар байни онҳо хатмкунандагони Коллеҷи фарҳанг хеле зиёд ва фаъол мебошанд.
Қайд кардан зарур аст, ки аксарияти хатмкунандагони муассиса таҳсилро дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷ аз кишвар идома медиҳанд.
- Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат барои ба китобхонӣ ҷалб кардани ҷавонону наврасон таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Дар ин бобат чӣ тадбир андешида мешавад?
- Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид карданд: «Бояд фарҳангӣ будани миллати худро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем». Яке аз омилҳои соҳибфарҳангу соҳибмаърифат гардидани мардум хондани китоб аст. Ҳар сол дар ҷумҳурӣ баргузор гардидани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ», ки бо ташаббус ва дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст, аз тадбирҳои саривақтӣ маҳсуб мешавад.
Дар робита ба ин, як қатор корҳо ба анҷом расиданд. Аз ҷумла, 26 феврали соли ҷорӣ таҳти унвони «Беҳтарин ихтирооти башар китоб аст» чорабинии хотирмони маърифатию бадеӣ доир карда шуд. Муҳим он аст, ки шумораи аъзои китобхонаи таълимгоҳ аз ҳисоби донишҷӯён зиёд гардид.
Дар китобхонаи таълимгоҳ 9572 нусха китоб, аз ҷумла, 1100 нусха адабиёти таълимӣ, 500 нусха дастури методӣ, 3000 нусха адабиёти бадеӣ мавҷуд буда, устодон ва донишҷӯён пайваста истифода мебаранд.
- Дар давоми фаъолият Коллеҷи фарҳангро чанд нафар хатм кардаанд ва шахсонеро, ки аз миёни онҳо дар соҳаи фарҳанг маълуму машҳуранд, номбар карда метавонед?
- Дар тӯли 75 соли фаъолият муассисаи таълимӣ беш аз 12 ҳазор нафар мутахассисони соҳаи фарҳангро тарбия намудааст. Аз ҷумла, Ато Ҳамдам-собиқ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, нависанда, драматург, Абдураҳим Раҳимов — собиқ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳаким Солиев-собиқ вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сангин Ҳафизов — собиқ муовини вазири фарҳанг, Мусамир Гулахмедов — доктори илмҳои фалсафа, Ашур Ғаффор — олим, файласуф, Абдуқодир Раҳимов — нависанда ва рӯзноманигор, Мирзо Гадо — рӯзноманигор ва дигарон дастпарвари ҳамин даргоҳи фарҳангӣ мебошанд, ки бо онҳо ифтихор дорем.
- Барои тарбияи ахлоқии ҷавононе, ки дар муассиса таҳсил менамоянд, чӣ корҳо амалӣ шуд?
- Пеш аз ҳама, робитаи волидайнро бо муассисаи таълимӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тақвият бахшидем. Ҷиҳати татбиқи қонуни зикршуда Комиссияи дохилии доимоамалкунандаро таъсис додем, ки пурмаҳсул фаъолият дорад.
Дар ҳар як Шӯрои омӯзгорон барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии донишҷӯён аз тарафи маъмурияти таълимгоҳ масъалагузорӣ мешавад.
Илова бар ин, зимни гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ роҳбарони гурӯҳҳо ба тарбияи ахлоқии ҷавонон аҳамияти хоса зоҳир менамоянд.
- Оё кадрҳои омӯзгорӣ мерасанд?
- Ҳоло дар Коллеҷи фарҳанг 538 нафар донишҷӯ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 70 омӯзгор дарс мегӯянд. Муаллимони таълимгоҳ шахсони ботаҷриба буда, се нафари онҳо доктор ва профессор, устодони дигар дотсенту муаллими калон мебошанд.
Марҷонаи ЮСУФ,
таҷрибаомӯзи рӯзномаи «Садои мардум»