Ҳадаф баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аст

№55 (4475) 06.05.2022

ВАКОЛАТДОР 2Бо дарназардошти принсип ва мақсаду вазифаҳои «Барномаи умумиҷаҳонии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон», ки ҳар панҷ сол аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул карда мешавад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020» қабул ва амалӣ шуд. Ҳамчунин, соли гузашта бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026» таҳия ва бо қарори Ҳукумати мамлакат тасдиқ гардид.

Доир ба натиҷаҳои барномаи аввал ва ҳадафи барномаи дуюм бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ҳамсуҳбат шудем.

- Амалисозии барнома дар се марҳила ба роҳ монда шуда, дар марҳилаи якум (солҳои 2013-2014) аз ҳисоби роҳбарияти мақомоти дахлдор дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ оид ба татбиқи «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон» таъсис дода шуд, — зикр кард дар оғоз Умед Бобозода ва афзуд:  — Ҷиҳати ба низоми таълими соҳаҳои зикршуда ворид намудани «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020» аз ҷониби шаш гурӯҳи кории назди Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ 17 барномаи соҳавӣ таҳия ва бо қарори Шӯрои ҳамоҳангсоз тасдиқ карда шуда, дар вазорату идораҳои дахлдор татбиқ гардиданд. Бо мақсади мусоидат намудан ба мутахассисони соҳаи ҳуқуқи инсон китоби «Маҷмӯи санадҳои асосии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон» нашр гардид.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои марҳилаи дуюми барнома (солҳои 2015-2018), ҷиҳати омода намудани тренерон барои гузаронидани семинарҳои омӯзишии мақсаднок баҳри иҷрои барнома дар заминаи «Мактаби ҳуқуқи инсон» барои омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва такмили ихтисоси назди вазорату идораҳо, инчунин, барои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ тренингҳо бо даъвати коршиносони байналмилалӣ ташкил ва гузаронида шуданд.

Тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 32/10-2-10 аз 31 октябри соли 2017, бо мақсади мусоидат ба вазорату идораҳои дахлдор солҳои 2017-2018 дар заминаи «Мактаби ҳуқуқи инсон» 15 тренер омода ва соҳиби сертификати «Тренер дар соҳаи ҳуқуқи инсон» гаштанд. Дар ин давра ҷалби мунтазами тренероне, ки «Мактаби ҳуқуқи инсон» — ро хатм намудаанд, ба роҳ монда шуда, дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Хуҷанд барои гурӯҳҳои алоҳида семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд. Ҳамчунин, семинарҳо дар Маркази таълимии судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.

Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон омӯзиши фанни ҳуқуқи инсон роҳандозӣ шуда, дар ин давра зиёда аз 100 мақолаи илмӣ, восита ва дастурҳои таълимӣ омода ва нашр гардид. Илова бар ин, чор нафар корманди академия вобаста ба ҳуқуқи инсон рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд. Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлия омӯзиши фанни ҳуқуқи инсонро дар ҳаҷми 34 соати академӣ ба роҳ монд. Донишкадаи такмили ихтисоси Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардош­тани сатҳи донишҳои назариявию амалии кормандони мақомоти прокуратура 46 барномаи таълимиро роҳандозӣ намуд. Маркази таълимии судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар амалисозии «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020» ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Танҳо соли 2020 оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқу озодиҳои инсон зиёда аз 1303 судя ва корманди дастгоҳи судҳо ба семинарҳои омӯзишӣ ҷалб шуданд.

Тибқи маълумотномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нақшаҳои таълимии ихтисосҳои ҳарбии Донишкадаи ҳарбӣ мавзӯъҳо оид ба ҳуқуқи инсон ворид гашта, пас аз анҷоми нимсолаи чоруми таҳсил аз ҳайати шахсии курсантон вобаста ба мавзӯъҳои омӯхташуда доир ба ҳуқуқи инсон санҷиш қабул карда мешавад.

Ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбии кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии он 116 соат аз фанни ҳуқуқи инсон машғулият гузаронида шудааст.

- Дар раванди татбиқи барнома кадом камбудиҳои ҷиддӣ ба мушоҳида расиданд?

- Зимни санҷишу мониторинг ва вохӯриҳо бо омӯзгорон муайян гардид, ки китобҳои дарсӣ аз фанни «Ҳуқуқи инсон» душворфаҳм буда, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нестанд. Аз ин лиҳоз, бо фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи китобҳои дарсӣ аз фанни «Ҳуқуқи инсон» барои донишҷӯёни ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, барои хонандагони синфҳои 10 ва 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва луғатномаи истилоҳоти соҳаи ҳуқуқи инсон ба забонҳои тоҷикӣ-русӣ-англисӣ таъсис дода шуд.

Боиси қаноатмандист, ки ҳама банди барнома новобаста ба халал­ёбии иҷрои он, бинобар паҳншавии бемории сироятии COVID-19, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд пурра амалӣ гардид.

Бо анҷом ёфтани муҳлати амалисозии «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020», бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026» таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 30 декабри соли 2021 таҳти №565 тасдиқ гардид. Он дар асоси Конститутсияи ҷумҳурӣ ва мутобиқи талаботи қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шаклҳо ва воситаҳои ҳифзи он, таҳия шудааст.

- Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 ба кадом самтҳо нигаронида шудааст?

- Барнома барномаи низоми таълимро дар марҳилаи нави рушди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тақвият медиҳад. Дар доираи он боз ҳам баланд бардош­тани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, тақвият додани донишҳои касбии кормандони соҳаи маориф, судяҳо, хизматчиёни давлатию шаҳрвандӣ, ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, ҷавонон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар соҳаи ҳуқуқи инсон мутобиқи меъёрҳои қонунгузории миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ пешбинӣ гардидааст.

- Ҷиҳати таълими ҳуқуқии кормандони воситаҳои ахбори омма чӣ нақшаҳо дар назар дошта шудааст?

- Воқеан ҳам, дар барнома бо дарназардошти самтҳои мавҷуда ба ду самти нави дигар афзалият дода шудааст, ки ҷавонон ва воситаҳои ахбори омма мебошанд. Барнома таҳия ва қабули барномаҳои таълимӣ оид ба ҳуқуқи инсонро барои ҷавонон ва воситаҳои ахбори омма низ пешбинӣ кардааст. Аз ҷумла, барои намояндагони воситаҳои ахбори омма чорабиниҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

- таълими ҳамаҷонибаи кормандони воситаҳои ахбори омма бо мақсади воқиф гардонидани онҳо аз санадҳои асосии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, қонунгузории миллӣ ва стандартҳои соҳаи ҳуқуқи инсон;

- мусоидат ба огоҳонии кормандони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла рӯзноманигорон, оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тибқи конвенсияҳои Женева аз соли 1949 ва Протоколи иловагии I ба онҳо оид ба ҳимояи қурбониёни низоъҳои мусаллаҳонаи байналмилалӣ аз соли 1977, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо ҳамроҳ гардидааст;

- дар ҳамкорӣ бо намояндагиҳои воситаҳои ахбори омма ба роҳ мондани баромаду вохӯриҳо ва чорабиниҳои дигар бо рӯзноманигорон дар самти ҳуқуқи инсон ва воситаҳои ахбори омма.

Ҷиҳати амалисозии ин самти «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022 – 2026» бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи воситаҳои ахбори омма, факултетҳои рӯзноманигории муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳамкорӣ карда мешавад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ҷиҳати татбиқи самараноки «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022 – 2026» бо мақомоту идораҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимиву илмӣ, шарикони рушд, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма ба таври густурда ҳамкорӣ намояд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

Рӯзибойи УМАР,

«Садои мардум»