Ҳадафи асосӣ — тарбияи мутахассисони болаёқат

№136 (3282) 18.11.2014

Мусоҳиба бо ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ашурбой Солиев

Муаррифинома

Солиев Ашурбой Абдувоҳидович соли 1996 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиаш аз ҳамин донишгоҳ оғоз ёфта, ба ҳайси ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи муносибатҳои иқтисоди байналмилалии  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) кор кардааст. Соли 1999 муовини декани факултети баҳисобгирию иқтисодӣ таъин мегардад. Сипас, як муддат мудири кафедра ва аз соли 2010 то соли 2013 декани факултети иқтисод ва идораи ДМТ буд. Соли 2013 муовини ректори ДМТ оид ба илм ва аз моҳи декабри соли 2013 ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин мешавад. Муаллифи беш аз 50 асари илмию методӣ ва таълимӣ мебошад.

Тадқиқоти илмии Ашурбой Солиев ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ, иқтисодиёти байналмилалӣ, фаъолияти берунии иқтисодӣ, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, сиёсат ва мувозинати  макроиқтисодӣ бахшида шудааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент мебошад.

- Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз ҷумлаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбиест, ки мутахассисони барои ҷомеаи имрӯза заруриро омода мекунад. Ин вазифаи муҳиму масъулиятнок дар донишкада чӣ тавр иҷро мешавад?

- Сиёсати Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва иқтисодиёт бо дарназардошти омилҳои гуногуни ватанию хориҷӣ  ва имкониятҳои воқеии кишвар муайян шудааст. Ҳайати профессорону устодон ва кормандони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар раванди татбиқи ин сиёсати созанда барои тақвияти ҷараёни таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони ба талабот ва стандартҳои байналмилалӣ  ҷавобгӯй фаъолияти хешро ба роҳ мондаанд.  Ҳадафи асосии мо тарбияи мутахассиси фаъол ва созанда,  боло бурдани эҳсоси худогоҳии миллӣ, худшиносии таърихӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангиву ахлоқӣ ва демократӣ мебошад. Дар самти танзими раванди таълим ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии донишкадавӣ, аз ҷумла 42 нақшаи таълимӣ аз рӯи дараҷаи бакалавр, 16 адад аз зинаи магистратура, 8 — то барои таҳсилоти олии дуюми барои ихтисосҳои роиҷи донишкадавӣ, ки донишҷӯён аз рӯи низоми кредитӣ таҳсил мекунанд,  мавриди  истифода қарор дода шуданд. Ҷараёни таълим аз рӯи ихтисосҳои амалкунанда тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ва нақшаҳои амалкунандаи таълимӣ ба роҳ монда шудааст.

Айни ҳол дар 26 кафедраи донишкада 366 нафар омӯзгорон барои пешбурди фаъолияти  таълимию  методӣ ҷалб шудаанд. Шумораи донишҷӯён 6129  нафарро ташкил мекунад. Донишкада дорои шаш факултет буда, дар биноҳои таълимӣ барои як басти таълимӣ ба донишҷӯён 5200 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Имсол донишҷӯён донишкадаро аз рӯи ду дараҷа ва зинаи таҳсил-мутахассис ва  бакалавр хатм намуданд. Теъдоди умумии хатмкунандагон аз рӯи ҳамаи ихтисосҳо ва шаклҳои таҳсил, ки тибқи фармоиши ректор барои иштирок дар КАД рухсат гирифтанд ва аттестатсияи ниҳоиро ҷамъбаст намуданд, 1206 нафарро ташкил дод. Аз ин шумора  815 нафар шуъбаи рӯзона, 391 нафар шуъбаи ғоибонаи донишкадаро хатм намуданд.

-Табиист, ки истифодаи техника ва технологияҳои наву замонавӣ дар ҷараёни таълим тақозои давр аст. Дар ин ҷода чӣ корҳо анҷом дода шудааст?

-Бо мақсади тадриҷан вусъат бахшидани истифодаи самараноки технологияи иттилоотӣ-иртиботӣ дар раванди таълим, дастрасии омӯзгорону кормандон ба маводи электронии иттилоотию таълимӣ, илмию методӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии раванди таълим моҳи январи соли ҷорӣ курси омӯзишии «Технологияи  иттилоотӣ — иртиботӣ дар раванди таълим» ташкил карда шуд. Дар машғулиятҳо зиёда аз 160 нафар устодон иштирок намуда, нозукиҳои истифодаи технологияи муосирро аз худ намуданд.

Соли ҷорӣ бо мақсади таъмини моддию техникии раванди таълим шаш адад тахтаҳои электронӣ, ҳашт адад видеопроекторҳо ва ду экрани банерӣ харидорӣ ва мавриди истифода қарор дода шудаанд. Айни ҳол дар донишкада 14 адад тахтаи электронӣ ва 20 адад видеопроектор барои гузаронидани дарсҳои лексионӣ, амалӣ, семинару конфронсҳо ва дигар чорабинию ҷамъомадҳо самаранок истифода мешаванд. Дар донишкада нуҳ синфхонаи компютерӣ, аз ҷумла як маркази интернетӣ бо ду китобхонаи электронӣ мавриди истифода қарор доранд. Аксарияти ин синфхонаҳо ба шабакаи умумиҷаҳонии Интернет пайваст мебошанд.

Китобхонаи донишкада дорои 150000 адад китоб мебошад.

- Баробари таълим тарбия ҳам ба рушди минбаъдаи ҷавонон  таъсир мерасонад. Ин аст, ки дар ҳама зинаҳои маориф таълим ва тарбия  тавъам пеш бурда мешаванд…

- Дуруст зикр кардед. Таълим, тарбия ва рушди донишҷӯ дар ягонагӣ мегузарад ва устод ба натиҷаҳои назарраси таълим он вақт ноил мешавад, ки захираҳои мавҷударо оқилона истифода намояд. Шуъбаи тарбияи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Низомномаи тасдиқгардида ба роҳ монда, дар самти татбиқи  Консепсияи  миллии  тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳоро ба сомон расонид. Тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи  Президенти  мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  роҳи  бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, шарҳу тафсири нутқу маърӯзаҳои Президенти кишвар, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру фармонҳои раёсати донишкада, гузаронидани вохӯриву суҳбатҳо ва соатҳои тарбиявӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии корҳои тарбиявии донишкада ба ҳисоб меравад.

Натиҷаи корҳои тарбиявӣ  буд,  ки  сатҳи одобу рафтори донишҷӯён низ таҳти назорати қатъӣ гирифта шуда, қоидаву тартиботи дохилии донишкада риоя мегардад.

-Дар таълимгоҳҳои олӣ,  аз ҷумла дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ пешбурди фаъолияти илмӣ –тадқиқотӣ яке аз самтҳои асосӣ мебошад. Хоҳишмандам дар ин бора низ каме маълумот диҳед… 

- Ҳоло дар ҳайати устодони донишкада 12 нафар доктори илм ва 101 нафар номзади илм фаъолият доранд.  Мувофиқи нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои солҳои 2013-2018 дар самти «Хусусиятҳо, қонуниятҳо, шаклҳо ва усулҳои танзими давлатии иқтисоди Тоҷикистон дар шароити ҳамгироӣ ва минтақашавӣ» фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ бурда мешавад. Кормандони илмӣ-педагогии кафедраҳои донишкада ҳамзамон роҷеъ ба мавзӯи «Таъсисёбӣ ва амалигардонии сиёсати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи он дар шароити ҷаҳонишавии иқтисод» аз пайи иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотианд.

Кор дар самти ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ соли ҷорӣ на он қадар хуб мебошад ва сабаби ин муваққатан фаъолият накардани Шӯрои диссертатсионӣ аст. Аз моҳи апрели соли ҷорӣ  ҳар моҳ як маротиба маҳфили илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Коршиноси иқтисодӣ» баргузор мегардад. Дар ин маҳфил маърӯзачиён аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дигар низ даъват шуда, оид ба масъалаҳои рузмарраи ҷомеа мубодилаи афкор менамоянд.

-Бо муассисаҳои таълимии кишварҳои дигар низ ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст?

-Бале. Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамчун муассисаи давлатии таълимӣ ҳоло бо як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар ва ташкилотҳои байналмилалӣ  шартномаҳои ҳамкории якҷояро ба имзо расонидааст. Дар нуҳ моҳи соли 2014 донишкада бо 13 муассисаҳои ташкилоти олии касбӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст. Соли ҷорӣ бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва дастгирии бевоситаи раёсат дар донишкада курсҳои омӯзишии забони англисӣ оғоз гардид ва дар ин курсҳо муаллимони донишкада иштирок намуданд.

Бо мақсади иштироки донишҷӯён дар лоиҳаҳои грантӣ, ярмаркаҳои таълимӣ ва барномаҳои стипендиявӣ  шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишкада ҳамкории зичро бо Маркази барномаҳои байналмилалии  «Дурахшандагон», Ҷамъияти «Таҳсил дар Амрико», Бунёди «Сорос», барномаҳои «Темпус», «Даад», «Ҷайка», «Сайф» ва ғайра ба роҳ монда аст. То имрӯз ҳашт нафар донишҷӯи донишкада, аз рӯи ихтисосҳои гуногун дар доираи шартномаҳои ҳамкории байни донишкада ва донишгоҳҳои хориҷӣ, созишномаи байни донишкада ва Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ин донишгоҳҳо дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд.

Барои ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ донишкада соли ҷорӣ ҳамкориро бо муассисаҳои олии хориҷӣ ва муассисаҳои давлатии дохили кишвар ба роҳ мондааст. Айни замон дар донишкада нуҳ нафар донишҷӯ аз Ҷумҳурии Қазоқистон бо квотаи байнидавлатӣ дар шуъбаи рӯзона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Инчунин дар донишкада як нафар донишҷӯ аз Канада, чор нафар донишҷӯ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, се  нафар донишҷӯ аз Ҷумҳурии Туркманистон таҳсил карда истодаанд.

-Ба фикри Шумо, ҳамчун роҳбари донишкада ва устод, барои  рушди қобилияти эҷодии донишҷӯён боз чӣ корҳоро бояд анҷом дод?

-Пеш аз ҳама, ба кори мустақилонаи донишҷӯ аҳамияти бештар бояд дод. Ин ба донишҷӯ имконият медиҳад, ки бештар адабиёт, маҷаллаҳои илмӣ, сомонаҳои интернетӣ, нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявии корхонаю ташкилотҳоро истифода бурда, ба саволҳои гузошташуда ҷавоб ёбад.

Сониян, устод бояд мунтазам усули дарсдиҳиашро такмил диҳад. Дар донишкада ғайр аз истифодаи усулҳои анъанавӣ ва фаъоли таълим дар машғулиятҳо проблемаҳои муосири корхонаҳо ва соҳаро, ки асоси илмӣ ва амалӣ доранд, ба муҳокима гузошта, мубодилаи афкорро ташкил кунад ва  ҳал намояд. Дар ин сурат донишҷӯ малакаю маҳорати масъалагузорӣ, хулосабарорӣ ва ҷамъбасткуниро меомӯзад, ки ин ҳадафи ниҳоии роҳбарияти донишкада мебошад.

Чизи дигари муҳим ба фикри мо он аст, ки устодони фанҳои тахассусӣ на танҳо аз ҷиҳати назариявӣ, балки аз ҷиҳати амалӣ низ малакаю маҳорати касбиро бояд доро бошанд. Дар машғулиятҳо ба паҳлуҳои тарбиявии фанҳои таълимӣ диққати ҷиддӣ додан зарур аст.

Ин ва дигар усулҳои нави таълимро истифода бурда, мо бояд кӯшиш намоем, ки самараи хуб диҳанд ва барои тайёр намудани шахсони соҳибмаълумот замина гузоранд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»