Вақте ки кас дар айёми пиронсолӣ айёми наврасиашро ба хотир меоварад ва ё ба ёдкарди қадамҳои нахустинаш дар пайраҳаи пурпечутоби зиндагӣ мепардозад, дафъатан панду насиҳати падару модар ва лазҳаҳои хотирнишини таълиму тарбияи омӯзгорон пеши назараш ҳувайдо мегарданд.
Дарвоқеъ, роҳхати зиндагиро дар ҷомеа аз дасти муаллими мактаб мегирем. Овони наврасӣ ва ҷавонӣ дар муддати таҳсили даҳсола аз сабақи омӯзгорон баҳраманд мешавем, вале гуфтору кирдори на ҳамаи онҳо дар лавҳаи хотир нақш мебандад.
Устод Рӯдакӣ фармудаанд:
Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
Аммо баъд, таноқузи зиндагии воқеист, ки маҳз дар марҳилаи баҳраандӯзӣ аз «таҷрибаи рӯзгор» дармеёбем, ки ҳикмати мардумӣ «сухани хона ба бозор намеояд рост» ҳам ҷон доштааст. Чаро рост намеомадаст?! Гап сари рост набудани гапи хона ё аз панду ҳикмат холӣ будани он нест, сабаб он аст, ки шароит дар хонаю бозор яксон нест; бозор дар ҷараёни тағйироту таҳаввулест, ки аз он аҳли хона на ҳамеша дарак дорад. Агар дарак ёбад ҳам, рангу равандашро, чунон ки бояд дарк намекунад.
Гузашта аз ин, «таҷрибаи рӯзгор» мафҳуми нисбист. Басе таҷрибаи зиндагии наслҳо гуногун меафтад. Як иллати панднопазир шудани фарзандон ҳамин аст. Аз ин маънӣ мақоли зерини русӣ хирадмандона талқин мекунад: «сад сол бизию сад сол пайваста биомӯз».
Ман аз радифи муаллимон, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама ду шахсияти камназирро ёд мекунам. Аз мактаби ибтидоӣ Аҳмадҷондомулло Абдураҳмонов ва аз мактаби миёна Муҳаммадхӯҷа Олимовро. Барои чунин интихобам, ки аҷаб нест, якҷониба ҳам бошад, аз арвоҳи дигар муаллимоне узрмандам, ки мавриди ҳурмату эҳтироми хонандагони ҳамонвақта, қарор гирифта буданд. Миёни онҳо, бахусус, муаллима Соҷидахон Сатторова сазовори эътибору эътироф ҳастанд, ки дар мактаби «Коммунист» дар камоли донишу ҳунари омӯзгорӣ аз фанни химия дарс мегуфтанд. Ва устодони пурдону пуртаҷриба Бобоҷон Ҳусейнов, ки ҷуғрофияро таълим медоданд ва Исмоилхон Тӯрахонов (Исмоилхондомулло) — муаллими фанни физика низ сазовори арҷгузорию ситоиш ҳастанд.
Ҳамон омӯзгорони бомаърифату адабпеша буданд, ки дар сириштам шавқу ҳаваси донишандӯзӣ, завқи кунҷковӣ ва азму иродаи навҷӯиро парвариш доданд, ки минбаъд ба унсурҳои сабки хоси илмӣ табдил ёфтанд.
Муаллимони арҷманд мисли домуллоҳои мактабҳои куҳна дар даст адабчӯб надоштанд, ки сиёсат кунанд, вале қурбу мартабаи маънавие доштанд, ки ақлу хиради фитрӣ ва одоби волои барои ҳама ибратбахшро таҷассум мекард. Чунончи, Аҳмадҷондомулло аз рӯзи аввал таълимро бо тарбия пайваста дарс мегуфтанд. Вақте ки касе ба дарс дер монда, ба синф ворид мешуд, устод ӯро дар пеши ҳама ҷанг накарда, бо овози нарм мегуфтанд: «Ҳамсинфонатро ҳурмат кун, ман то ҳама ҷамъ нашаванд, дарсро сар намекунам, ҳамсинфонат бошанд, ту баринҳоро мунтазир шуда, вақташонро исроф мекунанд…».
Дар омади гап мегӯям, дар ДМТ бо профессори маъруф Шарифҷон Ҳусейнзода шинос шудам, ки ба робитаи дӯстона табдил ёфта, ба рушду камоли маънавиам мусоидат кард. Ӯ шогирди нахустустодам Абдураҳмонов ва бародари муаллимам Ҳусейнов буданду ман намедонистам. Вале рамзу рози ҳампайвандии рӯҳонию равонӣ буд, ки маҳз Шарифҷон Ҳусейнзода ба ман мураббии маънавӣ шуданд. Инро бо ифтихори тамом мегӯяму аз иқболам меболам.
Ҳар боре ки дар дуроҳаи маънавӣ қарор мегирифтам, аз мураббиам Ҳусейнзода маслиҳат мепурсидам. Як дафъа, вақте ки маро мебоист тасмим гирифтан, ки ба ҳамлаи бадхоҳе аз ҷумлаи нимчамуллоҳо ва ҳасудони ҳангоматалаб хаттӣ ҷавоб гардонам ё не, ба хонаи домулло рафта, ниятамро арз кардам. Ӯ аввал «баробар нашавед!» гуфта хитоб карданд ва сонӣ насиҳатомез гуфтаашонро шарҳ доданд: «Акбарҷон, шумо барои корҳои муҳимтар халқ шудагӣ. Асолату рисолати шумо ҳамчун олим ҳамин аст, ки ба корҳое даст занед, ки сойири муҳаққиқону мудаққиқон ба ҳадди шумо анҷом дода наметавонанд. Зинҳор вақтатонро ба корҳои майда-чуйда ҳайф накунед!».
Минбаъд маҳз ҳамин панди хайрхоҳонаи устодро ба унвони роҳнамои кори эҷодӣ пазируфтам.
Аҳмадҷондомулло низ ба забони манзуми Ҷалолиддини Балхӣ пайваста таъкид мекарданд:
Ҳар киро аз баҳри коре сохтанд,
Меҳри ӯро дар дилаш андохтанд.
Зимнан, меафзуданд: «Вазифаи аввалиндараҷаи мураббиён, лаёқат ё майли табиии ҳар яке аз шуморо ба касбу кори барои худатон шавқовару барои ҷамъият боровар сари вақт пай бурдан аст».
Акнун фармудаи устод Абдураҳмоновро бо таълимоти педагогии Аҳмади Дониш қувват дода мегӯям: дар таълиму тарбияи насли наврас муҳити иҷтимоиро (оила, мактаб ва ҳатто боғчаи кӯдакон) боястӣ даставвал муайян намуд, ки дар зеҳни бачаи наврас «қуввати кадом илмро бештар ниҳодаанд». Зимнан, нахустустодам Аҳмадҷондомулло бештар ба илмҳои риёзӣ ва табиатшиносӣ майл доштанд. Агар тасаввуроти ҳозира дар бораи вуҷуд доштани, ба истилоҳ, биомайдон дуруст бошад, аҷаб нест, ки аз нуфузи ноаёни микромуҳити табиии ӯ дар зеҳни ман ҳам ба ин илмҳо шавқу ҳавас пайдо шуд.
Ба ҳар ҳол баъди ба мактаби миёнаи «Коммунист» ба кор омадани устоди таълими математика Муҳаммадхӯҷа Олимов меҳрам ба илмҳои риёзӣ ва табиатшиносӣ боз ҳам қавитар шуд. Бахусус, шавқи муштарак ба бозии шоҳмот моро ба ҳам наздик кард (ҳар ду дар мусобиқаи шоҳмотбозони шаҳрамон барои соҳиб шудан ба унвони «Чемпиони Конибодом» мубориза мебурдем). Ана ҳамон вақт ман ба қарори қатъӣ омадам, ки минбаъд таҳсилро дар факултети физикаю математика давом диҳам…
Хушбахт касест, ки худро ба некӣ бишнохтааст ва ба зудӣ ҳамон бахши фаъолияти иҷтимоиро дарёфта, ки дар он истеъдоди хос дорад. Биноан, ҷомеаи одил ҳамон аст, ки барои ба ҷилва омадани қудрати маънавии ҳар узваш шароити мувофиқу мусоид фароҳам меоварад. Афзун бар ин, тарбияи масъулияти шаҳрвандӣ низ унсури умдаи иҷтимоӣ кардани наврасон бувад. Дар татбиқи ин вазифаи ҳамеша муҳиму ҳамеша мубрами ҷамъиятӣ, бахусус, нақши муаллими равшанфикр бузург аст. Бинобар ин, ҷомеаи мутараққӣ ҳамон аст, ки ба қадри муаллим расида, ба афзудани обрӯю эътибори иҷтимоии ӯ ҳамаҷиҳата мусоидат ва муованат мекунад.
Омади корро бинед, ки солҳои донишҷӯӣ дар Душанбе (охири солҳои панҷоҳуми қарни пешин) яке аз омӯзгоронам писари калонии нахустустодам Ҳомидҷон (Аҳмадов) буданд, ки дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аз фанни «Таърихи КПСС» дарс медоданд. Ҳомидҷон аз рӯйи қадубаст ва феълу атвор ва ҳатто лаҳни сухану овои нарм ба падарашон монанд буданд. Мардум рост мегуфтааст, ки одами нағзро бачааш ҳам нағз. Аз ин рӯ, дар аввалин соати дарсашон пай бурдам, ки он кас писари устод Абдураҳмонов мебошанд.
Ҳамчунин, боз тасодуфи ҷолиберо ҳикоя мекунам. Соли 2008, вақте ки аз Амрико ба Ватан омадам, набераи устод Абдураҳмонов, соҳибкор ва ободкори хайрандеш Ҳилолиддин Содиқов ба ҳамин муносибат барои ҳамшаҳриҳои душанбегиамон зиёфати дӯстона оростанд. Дар он маъракаи саршор аз лутфу эҳсон муаллимам Ҳомидҷон ҳам ширкат варзиданд. Ману омӯзгори пешинаам бо истифода аз мавриди қулай мулоқоти тӯлонӣ доштем, ки бо ёдкарди солҳои донишҷӯии ман ва айёми муаллимии он кас натиҷаманд шуд.
Дар рафти гуфтугӯ Ҳомидҷон яке аз семинарҳояшонро ба ёд оварда пурсиданд: «Хуш, муҳити иҷтимоии Амрико ба Шумо шахсан таъсири мусбат расонд ё манфӣ»? Хандида гуфтам: агар таъсири манфӣ мерасонд, ман ба ин вохӯрӣ умуман намеомадам, чаро ки он ҷо ҳиссиёти ҳамшаҳрчигӣ кайҳо кӯр шудагӣ.
Манзури Ҳомидҷон зоҳиран дигар буд. Боре дотсент Аҳмадов яке аз семинарҳояшонро ба барномаи коммунистии тарбияи одами нав (шахсияти сириштан сотсиалистӣ) ихтисос дода, машғулиятро аз шарҳу баёни нақши муҳити иҷтимоӣ дар тарбияи шахсият оғоз намуданд: «Дар мамлакати сотсиалистии мо аз соли 1918 барномаи бузурги дигаргунсозии маънавӣ оид ба воя расонидани зоти нави одамон вуҷуд дорад, ки онро Николай Бухарин ном коммунисти баландмартабаю назарияпардози онвақта пеш гузошта буд. Он барнома аслан мақсаду мароми созанда дошт, вале амалан беҳад оптимистона буд».
Мо, донишҷӯёни курси чоруми факултети физика, ки ба фанҳои ҷамъиятӣ шавқу ҳавасе надоштем ва таълими онҳоро бароямон нодаркор ва аз ин ҷиҳат маҷбурӣ мепиндоштем, аз муаллими ҷавон Аҳмадов пурсида нагирифтем, ки муродашон аз ин хулоса чӣ буд: чаро он барномаи дабдабанок «беҳад оптимистона» будааст? Хусусан, ки пас аз ду сол (1961) анҷумани Ҳизби коммунист «тарбияи одами нав»-ро ба унвони ҳадафи асосӣ ва қисми таркибии барномаи сохтмони коммунизм расман пазируфт.
Ҳоло, вақте ки ба ёдкарди гуфтору пиндор ва кирдори шоистаю боистаи падари арҷманди Ҳомидҷон мепардозам, мушоҳидаи ҷолиби нахустустодамро ба хотир оварда, пай мебарам, ки паси он хулосаи илмии писарашон ҳикмати ногуфтае нуҳуфта будааст. Муаллими рӯзгордидаю корозмуда Аҳмадҷондомулло боре байни гап гуфта буданд: «Одамизодаро одам кардан кори осон нест!».
Як ҷиҳати хоси сабки муаллимии устоди гиромӣ Абдураҳмонов он буд, ки ҳангоми таълиму тарбияи насиҳатомез зарбулмасалу мақолҳои халқиро фаровон истифода мебурданд. Чанде аз онҳо ҳанӯз ҳам дар ёдам ҳаст: гӯлӣ бадтар аз дуздист, ҷавонмард ростӣ пеша кунад, ҷони нодон дар азоб, ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта маконе дорад, ҳар рӯз ид нест, ки ҳалво хӯрӣ, мӯрчагон гар бикунанд иттифоқ, шери жаёнро бидаронанд пӯст…
Аз мазмуну мароми ин ҳикматҳои мардумӣ ҳувайдост, ки асли мақсади педагогии хоси Аҳмадҷондомулло чӣ буд: ӯ дар зеҳн майлу рағбатро ба андеша ва фаъолияти мустақилонаю мутаадибона ва муносибати огоҳонаю бошуурона ба давлату ҷомеа парварида, ба ин тариқ, дар замини маънавии шахсияти камолёбанда тухми худшиносии интиқодӣ кишт мекарданд.
Ин ҳам бесабаб набуд: омӯзгорамон худашон шахсияти хештаншинос ва адлоин буданд, ки дар шоҳроҳи адолату ҳақиқатҷӯйӣ сарбаландона қадам мезаданд. Вақте ки соли шуми 1937 як туҳматномаи беимзо яке аз саромадони маорифи шӯравии тоҷик Абдураҳмоновро аз сафи ВКП(б) бароварда, барои таъқиби сахттар (эъдом ё бадарға) замина фароҳам овард, устоди қавииродаамон мисли дигарон ба тақдири сиёсӣ тан надода, ба ҳимоя бархостанд: ба органҳои болоии партия радномаҳои мустанад фиристода, тақозо карданд, ки ба доди вай бирасанд.
Хушбахтона, Аҳмадҷондомулло толеи Савр доштаанд. Саргузашти пурхатару некфарҷоми устод Абдураҳмоновро профессор Мансурхон Бобохонов дар заминаи гуфтугӯи рӯбарӯяшон бо он кас, ки дар арафаи 90-солагиашон (1970) сурат гирифта будааст, қисса кардаанд. Бино ба нақли муаррихи нуктасанҷ, дар он замони беадолатиҳои иҷтимоию сиёсӣ, ки бар асари он ҳазорон одами бегуноҳ ҳалок гардидаанд, ба зудии боварнакарданӣ (ҳамагӣ баъди 12 рӯз) аз Москва комиссияи махсуси партиявӣ омада, ҳақро ба ҳақдор расонида будааст. (Бо дахолату далолати Москва Абдураҳмоновро дар сафи партия барқарор намуда, пеши роҳи таъқиби ӯро дар оянда гирифтаанд, ки факти ҷолиби таърихист).
Қадру қиматро донистану пеши ҳар касу нокас сар хам накардан ҳиссаи муҳими хештаншиносии интиқодист. «Рӯҳнома»-и яке аз пешвоёни даврони пасошӯравӣ Туркманбоширо нахонда бошам ҳам, нағз медонам, ки хоксор будан даркор аст. Лекин хоксорӣ худро бо хок яксон донистан нест! Ин панди ахлоқиро муаллимони арҷмандам Аҳмадҷондомулло Абдураҳмонов ва Муҳаммадхоҷа Олимов борҳо талқин карда буданд.
Мутаассифона, суннати маънавии мо рукнҳои ахлоқие низ дорад, ки бо рӯҳи ҳумонистии худшиносии интиқодӣ созгор нестанд. Гузаштагони дуру наздик синаро ба санги кам зада, ба ҷойи «ман» гуфтан «бандаи ночиз», «каминаи камтарин» ва ҳатто «гадо» мегуфтанду менавиштанд. Дар китоби «Зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ» омада: «Ҳар кӣ худро кам занад – мард он бувад» (Ин ҳарфи тасодуфии роҳгузари пушаймонзада нест. Зарбулмасал ва мақолҳо муҷассамаи ахлоқу одоби суннатии мардум ҳастанд, ки аз насл ба насл расидаанд).
Аз ин рӯст, ки дар адабиёти гузашта ва ҳозира аз қасидаи фахрия дида, қасидаи мадҳия бештар нуфузу эътибор дошту ҳанӯз ҳам дорад. Шоирону носироне кам набуданду кам нестанд, ки муболиғаи ғулувро ягона воситаи тасвири бадеӣ дониста, аз қавли Низомии Арӯзии Самарқандӣ гӯям, «накӯро дар хилъати зишт ва зиштро дар сурати некӯ ҷилва медоданд».
Хушбахтона, ҳамдиёрони ман ба ин қолаби танги идеоли этикии аз дақёнус мондаи шақзадагӣ (хештанношиносии ғуломона) намеғунҷанд.
Бар хилофи шаҳодати таърих нахоҳад буд ва низ умед дорам боиси малоли хотири шарифи сокинони дигар шаҳру деҳот нахоҳад гашт, агар гуфта шавад, ки конибодомиҳо аз рӯйи дараҷаи рушди иҷтимоию маданӣ мутараққитарин мардуми Осиёи Марказӣ буданду ҳастанд. Дар қарни бистуми асри гузашта ин ҳақиқати таърихӣ дар ду ҷунбиши барҷастаи иҷтимоӣ бармало афтод: яке сириштан маданӣ буду дигараш сиёсӣ.
Ҷунбиши аввалро давоми мустақими ҳаракати маорифпарварӣ ба гунаи амалӣ хондан бояд, ки охирин намояндаи барҷастааш устод Садриддини Айнӣ буданд. Ман дигар ягон шаҳрро намедонам, ки мисли Конибодом муаллими бисёр тайёр карда ва аз ҳама муҳим, онҳоро барои кор ба дигар шаҳру ноҳияҳо, махсусан, навоҳии кӯҳистон, фиристода бошад.
Чунончи, Каримҷон Ҳусейнзода – бародари калонии мураббии маънавиам Шарифҷон Ҳусейнзода аввали солҳои пурхатари сиюми асри пешин, вақти авҷгирии, ба истилоҳ, муборизаҳои синфӣ барои муаллимӣ ба Ғарм рафта, он ҷо қурбони ҷаҳлу ситези босмачиҳо шуданд (акнун дар минтақа ҷо-ҷо аз ҳамон ғосибони мутаассиб «қаҳрамонҳои миллӣ» сохта истодаанд). Соле дар миён устоди зиндаёд Шарифҷон Ҳусейнзода ба зиёрати мазори акояшон Каримҷон мерафтанд ва ҳар дафъа дар бораи муносибати эҳтиромона ва самимонаи мардуми маҳаллӣ бо ҳамон эҳтирому самимият ҳикоя мекарданд.
Дар зимн бояд афзуд, ки Аҳмадҷондомулло ҳам солҳои ҷанг дар Шаҳринав ва Орҷоникидзеобод (ҳозира Ваҳдат) муаллимӣ карда будаанд.
Ҳоло «Энсиклопедияи Конибодом»-ро, ки бо ибтикори маорифпарвар Шамсиддин Зоҳидов таҳия шуда буду бо ташаббусу тақвияти фарзанди барӯманди ӯ Низомиддин Зоҳидӣ таҷдид шудааст, бо шавқу ҳавас варақ мезанаму боифтихор боз ҳам мепурсам: ку шаҳре, ки мисли Конибодом ин қадр муаллиму олим, устодони шуҳратёри ҳунару арбоби барҷастаи сиёсатро тарбия карда бошад?
Акбари ТУРСОН, академик