Ҳанӯз аз ибтидои соҳибистиқлолии Тоҷикистон мавзӯе, ки доимо рӯи он баҳс оғоз мегардад ва доираҳои гуногуну шахсиятҳоро ба худ ҷалб мекунонад, ин шакли идоракунии ҷомеа аст, ки кадоме аз сохторҳои шакли сиёсӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ба манфиати миллат метавонад бештар хизмат намояд. Вобаста ба масъалаи мазкур хостем дар ин мақола як таҳқиқотеро аз назари таърихию сиёсӣ анҷом диҳем.
Ҷаҳони муосирро бидуни пешрафти донишҳои техникӣ ва технологӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Ҳар давлати пешрафта, пеш аз ҳама, рушду нумӯи он ба донишҳои техникӣ ва технологӣ марбут аст. Агар ба таърихи на чандон дури давлатҳои аврупоӣ назар афканем, хоҳем дарёфт, ки тамоми пешрафт ва рушду нумуи Аврупо дар 500 соли охир, яъне аз замони эҳё ё таҷаддуд, ки бо номи даврони Ренессанс (асрҳои 14-16) машҳур аст, сурат гирифтааст. Пас суоле ба миён меояд, ки вижагии асоси даврони эҳё чӣ буд ва он то чӣ андоза тавонист ба афкори умумии мардуми Аврупо таъсиргузор бошад. Қобили зикр аст, ки қабл аз ба вуҷуд омадани даврони эҳё тӯли 1000 сол дар ҷомеаи урупоӣ афкори динӣ ҳоким буд ва ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ аз ҷониби руҳониён идора мешуд. Дар робита ба ин, суоли дигаре, ки пеш меояд ин аст, ки агар сохтори идоракунии ҷомеа аз тарафи руҳониён хеле манфиатовар ва бар суди ҷомеаи урупоӣ буд, чаро урупоиён аз чунин тарзи идоракунӣ даст кашиданд ва роҳи дунявиятро пеш гирифтанд. Зеро тӯли 1000-солаи ҳокимияти теократӣ инсон дар ҷомеаи урупоӣ табдил ба барда ёфт ва дар он ҳолати навмедиву тарс қарор дошт. Ҳамин ҳолат боис гардид, ки дар ибтидои қарни 14-и милодӣ Урупоиён ба аз нав зинда гардонидани руҳия ва афкори қабл аз масеҳӣ пардохтанд, ки асли онро фарҳанги ноби юнонӣ ташкил медиҳаду дар заминаи шинохти дуруст ва воқеӣ аз табиат устувор аст. Яъне, ба тарзи дигар таърих собит намудааст, ки ҳокимияти теократӣ ҳеҷ гоҳ ба манфиати миллате ё давлате ва дар маҷмӯъ барои пешрафти башарият созгор нест. Ҳарчанд Аврупоиён ҳанӯз панҷсад сол қабл аз ҳокимияти теократӣ даст кашида бошанд ҳам, вале дар Шарқ ва махсусан Шарқи мусалмонӣ ҳанӯз идеяи давлати теократӣ побарҷо ва устувор аст. Ин идея аз куҷо маншаъ мегирад ва бар нафъи кист? Зикр кардан ҷоиз аст, ки идеяи мазкур, аз як ҷониб, барои зери назорат нигоҳ доштани давлатҳои дасти саввум аз сӯйи давлатҳои дасти аввал хеле осон ва манфиатовар аст. Чунки дар давлати теократӣ озодиҳои инсон комилан маҳдуд буда, инсон ба афзори барномакунонидашуда ё ба истилоҳи дигар ба биоробот табдил меёбад. Чунин навъи ҷомеаро дар зери султа нигоҳ доштан ниҳоят осон ва камхарҷ аст. Ин гуна ҷомеа ҳеҷ гоҳ ба пешрафти воқеӣ ноил намегардад, зеро дар он фақат донишҳои ғайривоқеӣ, динӣ, хурофотӣ дар ҷойи аввал меистанд. Ҳарчанд, шояд аз назари иқтисодӣ вобаста ба фурӯши ашёи хом сармояҳои муайяне вориди чунин навъи кишварҳо гарданд ва дар ин замина пешрафтҳои муайяне дар онҳо ба вуҷуд ояд, аммо ба тарзи куллӣ дар ин гуна давлатҳо тафаккури ихтироъкорие, ки тавонад дар сатҳи ҷаҳонӣ таъсиргузор бошад, ба вуҷуд намеояд. Барои давлатҳои дасти аввал ин давлатҳо ҳамчун манбаи ашёи хом хизмат намуда, дар навбати худ давлатҳои дасти аввал манфиатдор нестанд, то дар ин кишварҳо тафаккури ҳокимияти дунявӣ рушд намояд, фақат гоҳо ба хотири ин ё он бозии сиёсӣ ва нигоҳ доштани манофеашон аз шиорҳое мисли «нақзи ҳуқуқи башар», «нақзи ҳуқуқи занон» ва амсоли ин ҷор мезананд ва ҳокимони чунин давлатҳоро ҳушдор медиҳанд, то ин ки минбаъд низ бардавор барои манфиатҳои онҳо хизмат намояд. Аз тарафи дигар, идеяи мазкурро руҳониёни кишварҳои исломӣ барои расидан ба қудрат ҳамчун василаи осон ва бидуни ранҷ бо таблиғ намудани ҳукумати теократӣ, ки ҳукумат дар дасти руҳониён аст ва асосан манфиати ин табақа ҳимоят мегардад, ба тарзи густурда ва бо роҳҳои гуногун ҳимоят мекунанд. Тарафи саввуми ин навъи давлат ба хотири манофеи молиявиаш барои давлатҳои дасти аввал аст. Чун дар ин давлатҳо аксаран «иқтисоди исломӣ» ҳоким аст ва дар он ба даст овардани суд ҳаром эълон шудааст, ҳамин аст ки аксари дороиҳои молиявии ин кишварҳо дар хориҷ аз он (мушаххастар дар давлатҳои дасти аввал) гардиш мекунанд ва ба онҳо манфиати бештари молиявӣ меоранд. Ба тарзи умум метавон хулоса намуд, ки давлатҳои теократӣ дар ҷаҳони муосир давлатҳои сохтаи дасти давлатҳои аввал буда, онҳо ҳеҷ гоҳ ба манфиати миллатҳояшон ва мардумонашон наметавонанд хизмат намоянд, илло барои гурӯҳи руҳониёне, ки дастнишонда ва гумоштаи ин кишварҳоянд. Гоҳо чунин ба назар мерасад, ки ин рақобати асосӣ дар бозиҳои ҷаҳонӣ байни давлатҳои теократӣ ва давлатҳои пешрафта мебошад, аммо ин танҳо зоҳири масъала аст. Дар асл бошад, қудратҳои ҷаҳонӣ худ созандаи чунин давлатҳои беҳувият ва бардасифат ба хотири манфиатҳои иқтисодию сиёсиашон мебошанд ва доимо аз пешвоёни руҳонии ин гуна кишварҳо гоҳо ошкор ва гоҳо ниҳон ҳимоят мекунанд.
Шояд муддаи моро бо он айбдор кунанд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ин гуна навъи таҳлил ва аз ин гуна навъи мантиқ берун аст. Зоҳиран чунин ба назар мерасад, вале дар асл бошад, он низ давлатест, ки ба хотири ҳадафҳои абарқудратҳо сохта шудааст, ки ин ҳадафҳо иборатанд аз:
1. Дар солҳои 70-уми асри XX давлати дунявии Эрон аз назари рушд ба марҳилаи авҷи худ расида, дар охири солҳои 70-ум барои абарқудратӣ ва соҳиби дастёбӣ ба энержии атомӣ шудан талош варзид, ки барои манфиатҳои абарқудратҳои минтақа хатарафзо буд;
2. Ин давлат бештар ба зинда кардани руҳияи эронӣ ва бедории миллати Эрон талош меварзид, ки барои давлатҳои дасти аввал қобили қабул набуд;
3. Ҷиҳати пешгирӣ намудан аз тавсеаи ҳаракатҳои коммунистӣ зарур буд, ки алайҳи он сохтори теократӣ рӯйи кор оварда шавад;
4. Бо шикастани давлати дунявӣ ва рӯйи кор овардани исломиён аксари дороии молиявии ин кишвар, ки баъзеҳо онро зиёда аз 500 милёрд доллар ҳадс мезананд, ба бонкҳои амрикоӣ ва аврупоӣ кӯч баст, инчунин бештар аз 5 милён донишманду зиёӣ тарки Эрон намуда, аксаран дар Амрико ва Аврупо паноҳ бурданд;
5. Барои зери султа нигоҳ доштани давлатҳои арабии суннӣ бояд як давлати исломии шиа бунёд карда мешуд, то, ки онҳоро муқобили ҳам гузошта, ба ин восита манфиатҳоро дар Шарқи Наздику Халиҷи Форс ҳимоят намоянд. Ҳамин буд, ки ҳарчанд дар ибтидои инқилоби исломӣ ҳангоми ба асорат гирифтани шаҳрвандонаш Амрико тавони ҳуҷуми ҷавобӣ додан ба исломиёни Эронро дошт, аммо аз он иҷтиноб варзид;
6. Агар дар ҳоли ҳозир Амрико пайи аз байн бурдани Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ин маънои онро дорад, ки стратегияашро дар минтақа иваз мекунад ва ҳатман гурӯҳи дигари исломиёнро ба қудрат меоварад.
Агар ба таърихи навини Тоҷикистон назар афканем, хоҳем дарёфт, ки чӣ гуна дар охирин мароҳили мавҷудияти шӯравӣ, қудратҳои ҷаҳонӣ шахсиятҳои руҳонии кишварро ҳимояти молиявию сиёсӣ намуда, онҳоро рӯйи майдони сиёсат кашиданд. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани мустақилият боз ҳам ин неруҳоро тақвият дода, ба хотири манфиатҳои сиёсиашон ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон ба роҳ андохтанд, ки боиси зарари садҳо миллион доллар ба иқтисоди кишвар ва даҳҳо сол ба ақиб афтодани барномаҳои иқтисодии кишвар гардид, ҳамчунин садҳо хонадон вайрон ва зиёда аз 150 ҳазор нафар кушта, марказҳои маънавии кишвар харобу донишмандон фирорӣ гардиданд.
Яке аз масоили баҳсбарангез дар олами ислом тӯли 1400 сол ин масоили мазҳабӣ ба ҳисоб меравад, ки дар ин таърихи дурудароз борҳо боиси кашмакашу ҷангу ҷидол ва куштору хунрезӣ байни пайравони мазоҳиби гуногун гардидааст. Ҳарчанд ихтилофи мазоҳиб дар ислом омилҳои гуногуни пайдоиши худро дорад, вале ба назари инҷониб, зикр кардан ҷоиз аст, ки стратегҳои Араб барои нигоҳ доштани хилофат ва дар зери султаву қудрат нигоҳ доштани кишварҳои дар тобеияти худбуда сиёсати озмудашудаи «тақсим намову ҳукумат кун»- ро ба миён гузошта буданд, ки натиҷаи он ҳамин ихтилофи мазҳабист, ки тавассути он, пеш аз ҳама, дигарандешонро ё ба истилоҳ донишмандонро бо гунаи ғайримазҳабӣ ҷазо медоданд. Пас аз байн рафтани хилофат низ гумоштагони он дар кишварҳои гуногун ин сиёсатро идома дода, бо ин роҳ ҳар нафареро, ки бо онҳо созиш надошт, бо иттиҳоми ғайримазҳабӣ будан аз байн бурданд. Дар тӯли ин таърих аксаран донишмандону дигарандешон маҳз бо иттиҳоми мазҳаби бегонаро пазируфтан мавриди озору ранҷ ва ҳатто то нобуд сохтану эъдом маҳкум шудаанд, ки ба ин ҷумла метавон саромади адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро, ки бо иттиҳоми қарматӣ ба чашмонаш мил кашиданд ва Фирдавсиро ба иттиҳоми зардуштӣ, Синоро бо иттиҳоми ҳикматӣ ва даҳҳои дигарро метавон баршумурд. Ҳамин аст, ки Фирдавсӣ мефармояд:
Зиёни касон аз пайи суди хеш,
Биёранду дин андароранд пеш.
Чу бар тахт минбар баробар шавад,
Ҳама ном Бубакру Умар шавад.
Зи Деҳқону аз Турку аз Тозиён,
Нажоде падид ояд андар миён,
На Деҳқон, на Турку на Тозӣ бувад,
Суханҳо ба оҳанги бозӣ бувад.
Дар асри миёна миқдори мазоҳиби исломиро гоҳо ҳафтоду ду ва дар баъзе аз сарчашмаҳо бештар аз сад баршуморидаанд. Яке аз омилҳои асосии ихтилофи ин мазоҳиб он аст, ки ҳар кадоме аз онҳо даъвои мазҳаби ростин мекунад ва мазҳаби дигарро ботил ва пайравони онро ғайридин ва манфур нишон медиҳад. Ҳарчанд ҳанӯз дар қуруни вусто донишмандон масоили ихтилофи мазҳабиро дарк намуда, ба манфиати ҷомеа набудани онро матраҳ намуда бошанд ҳам, вале печидагии ин масъала то имрӯз назаррас аст. Ин мавзӯъро Ҳофизи Шерозӣ ниҳоят дақиқ тасвир намудааст:
Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ,
Чун надиданд ҳақиқат раҳи афсона заданд.
Донишҳои динӣ хусусияти ҳиссӣ дошта, бештар аз мантиқӣ ва ақлӣ буданашон хусусияти имонӣ ва эътиқодӣ доранд. Аз ин рӯ, бархӯрд намудан бо масоили динӣ ниҳоят ҳассос ва моҷароангез аст. Равоншиносии динӣ собит намудааст, ки ҳар қадар сатҳи зиндагӣ поин, донишҳои илмӣ дар сатҳи паст ва фақру нодорию тарсу ноамнӣ ва бекорӣ зиёдтар бошад, ҳамон қадар сатҳи имону эътиқод болотар ва арзишҳои динӣ муҳимтар мегарданд. Ҳамин аст, ки аксаран дар кишварҳои дасти саввум масоили динӣ бисёр мубҳаму печида ва дар аксар маврид ба масоили сиёсӣ табдил меёбанд. Давлатҳои дасти аввал, бо назардошти ҳамин нукта ва манофеи иқтисодии худ, бештар кӯшиш менамоянд дар ин гуна кишварҳо бавуҷудории ихтилофи мазҳабӣ ва сармоягузорию дастгирии мазоҳиби навро пайваста идома диҳанд. Яъне, ба тарзи дигар, агар ихтилофи мазҳабӣ дар қуруни вусто танҳо ба манофеи сиёсатҳои бумии вақт хизмат мекард, пас дар замони муосир он яке аз шеваҳои мустамликакунонии давлатҳои Шарқи исломӣ буда, онҳоро барои дар доираи муайяни манфиатҳо нигоҳ доштан хизмат мекунад. Бо ҳамин шева, дар давлатҳое, ки мазҳабҳои онҳо ба кишварҳои дасти аввал хизмат намекунанд, мазҳабҳои дигару ҷадидтарро барномарезӣ ва онҳоро сармоягузорӣ мекунанд. Мақсади эшон, аз як тараф, бо ин роҳ мазҳаби рӯйи кор бударо тарсонидану онро барои манфиати хеш ҷалб намудан бошад, аз ҷониби дигар, ихтилофи мазҳабӣ ба миён оварда, манофеи худро ҳифз кардан аст. Инчунин, то ҳадди имкон дар чунин кишварҳо аз ҷониби давлатҳои манфиатдор кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки онҳо дар доираи тафаккуроти динию мазҳабӣ боқӣ монанд. Зеро, агар донишҳои илмӣ рушд кунанд, тафаккури миллӣ боло мегирад, ки дар пайи он манофеи миллӣ ба вуҷуд меояд ва он ҳатман ба манофеи истеъморгарон бархӯрд менамояд.
Пас аз пош хӯрдани империяи шӯравӣ ва соҳибистиқлол шудани кишварҳои тобеи он фазои озоди динӣ дар ин кишварҳо ба вуҷуд омад. Тӯдаҳои мардум, ки дар бунбасти фазои динӣ қарор доштанд, бо дарёфти озодӣ худро ба сӯйи арзишҳои динӣ заданд. Ва нафароне ҳам аз намояндаҳои дину мазҳаб ба шахсиятҳои муҳими сиёсӣ табдил ёфтанд. Ҳамин замон буд, ки аз сӯйи қудратҳои ҷаҳонӣ қартаи динӣ ба бозӣ дароварда шуд (Ҳарчанд, ки ҳанӯз аз солҳои 70-уми қарни XX дар собиқ шӯравӣ аз ҷониби қудратҳои Ғарб ба тарзи пинҳонӣ таблиғоти густурдаи динӣ ба роҳ монда шуда буд). Ҳамин буд, ки дар ибтидои солҳои 90-уми қарни XX ҳарчанд дар Тоҷикистон аҳзоби гуногун ва то андозае аз назари идеологӣ ба ҳам мухолиф ба вуҷуд омаданд, вале нуфузи ҳизби динӣ зиёдтар буда, ҷараёнҳои дигарро зери таъсири худ гузошта буд, зеро аз доираҳои муайяни хориҷӣ ба таври густурда кумаки молиявӣ мегирифт. Баъдан доираҳои сиёсии абарқудратҳои минтақа мазоҳибу ҷараёнҳои нави диниро барои кишварҳои тозаистиқлол (махсусан, барои кишварҳои мусалмоннишини собиқ шӯравӣ) яке паси дигаре мисли занбурӯғҳои пас аз борон ба вуҷуд оварда, тавсеа доданд. Метавон ба ин ҷумла ҷараёнҳоеро аз қабили Ваҳобия, Салафия, Ҳизб-ут-таҳрир ва даҳҳои дигарро ворид намуд, ки ҳадафҳои онҳо ошкор ва фаъолияти аксари онҳо манъ карда шуд.
Бо манъ шудани фаъолияти баъзе аз ҳаракатҳои тундрави исломӣ бозии нав дар ҷомеа шурӯъ гашт, ки он ҳам ниҳоят ба сатҳи баланд тарғиб намудани арзишҳои динӣ буд. Кор то ба ҷое расид, ки як олими улуми табиӣ ё башарӣ, ки солиёни дароз дар рушду нумӯи илм саҳмгузор аст, дар баробари як мазҳабие, ки чандон дониши кофӣ надорад, қадру манзалат надошт. Яъне, кӯшиши табдил додани шуури динӣ ба шуури пешбар ё асоси ҷомеа ба роҳ монда шуд. Фурӯши густурдаи фитаҳои амри маъруф, гузаронидани тӯйҳо ва маъракаҳо ба тарзи мазҳабӣ, нишон додани афзалияти дар таълими динӣ гирифтан дар хориҷи кишвар ва ғайраҳо ба ҳамин мақсад буд.
Масъалаи дигаре, ки дар ин замина роҳандозӣ шуд, таблиғ ва густариши мазҳаби шиа дар ҷомеа аст, ки он низ метавонад ихтилофоти мазҳабиро дар ҷомеа ба бор оварад. Гоҳ- гоҳе дар ин ё он масҷиде аз ҷониби ин ё он гурӯҳе баргузор намудани ҷашни шиаҳо, ки рӯзи Ошуро (рӯзи шаҳодати имом Ҳасан ва имом Ҳусейн) ном дорад, ба назар мерасад. Ин маросим ниҳоят примитивӣ ва ғайримантиқӣ буда, дар он мӯйканиву занҷирбандкунонӣ ва худро ба хоку хун кашидан ва дигар амалҳои ғайри қобили таҳаммул анҷом дода мешавад, ки барои инсони қарни муосир шармовар аст.
Ҳадафи мо аз ин навишта танқиди арзишҳои динӣ нест, зеро имрӯз дар ҷомеа озодии динӣ вуҷуд дорад ва ҳар кас дар эътиқоду боварӣ озод аст. Инчунин давлат дар рушди тафаккури динӣ ва суннатҳои динӣ дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳои ҷорӣ имкониятҳои муайянеро фароҳам овардааст ва дин дар ҷомеа имрӯз ҷойгоҳи худро дорад. Вале, гоҳе, ки имону эътиқод ба сиёсат кашида мешавад, қудсияти худро аз даст медиҳад ва василаи расидан ба қудрат мешаваду ба бозичаи дасти мазҳабиёни сиёсӣ табдил меёбад.
Дар фароварди сухан бояд гуфт, ки мазҳабсозӣ ва ихтилофи мазоҳиб бар суди миллат ва ҷомеа нест, он танҳо як василаи ба чолиш кашидани ҷомеа, бо истифода аз содабовариҳои мо, афсонаҳои гузаштаро танзим карда, моро гул задан ва зиндагии бе ин ҳам мушкилро мушкилтар сохтан аст. Шояд ҳамин маъниро Бедил дар назар дошта, зикр карда бошад:
Мушкили одам фузӯд аз саргузашти рафтагон,
Ҳар куҷо афсона бошад, ҳеҷ кас бедор нест.
Оре, мазҳабсозӣ афсонапардозист ва миллатро ба бехудӣ кашидану тафриқаандозӣ кардан ва ҳимояти манофеи бегонагон дар минтақа ва зери суол бурдани истиқлолияти кишвар аст.
Вобаста ба таҳлилҳои зикршуда, таъкид мекунем, ки дар Тоҷикистон танҳо сохтори демокративу дунявӣ метавонад ба манфиати халқу миллати тоҷик хизмат намояд, дигар навъи сохтор ва махсусан давлати теократӣ ҳувияти миллиро аз байн бурда, миллатро дубора ба барда ва хизматгори давлатҳои абарқудрат табдил медиҳад ва нодониву хурофотро бар дониш ва чаҳолату дурӯғро бар ростӣ тарҷеҳ медиҳад. Бо идеологикунонии «риш» ва «ҳиҷоб» ҷомеаро наметавон ба сатҳи ҷаҳонӣ пеш бурд ва миллатро тарбия намуд, миллатро танҳо донишҳои воқеӣ ва дарки дурусти озодиву демократия, тафаккури созанда метавонад ба сӯйи тамаддуни башарӣ наздик созад.
Исомиддин ШАРИФЗОДА, Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон