«Дар замоне ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад».
Эмомалӣ РАҲМОН
Муҳидулло Нуруллоев яке аз нахустин омӯзгорони забони англисӣ дар кишвар маҳсуб ёфта, то имрӯз, ки синнаш қариб ба 80 расидааст, баҳри забондонӣ ва васеъ намудани ҷаҳонбинии шогирдон ҳамарӯза талош меварзад.
Шогирдони устод дар аксар озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ бомуваффақият ширкат варзидаанд. Бархе аз онҳо имрӯз олимон, докторон ва номзадҳои илманд, ки боиси фахри устод мебошанд. Мақолаву дастурҳои М. Нуруллоев баҳри беҳтар намудани таълими забони хориҷӣ ва усулҳои таълим хонданбобу сармашқи кору фаъолияти омӯзгорони ҷавони ин забонанд. Барои меҳнати пуршараф ва хизматҳои шоёнаш устод бо нишони КМ ВЛКСМ «Ба комсомол – муаллими беҳтарин», ифтихорномаҳои Вазорати маорифи ИҶШС ва ҶШС Тоҷикистон қадр карда шудааст. 24 феврали соли 1985 аз округи интихоботии рақами 175 депутати Совети депутатҳои халқи вилояти Ленинобод даъвати 15-ум интихоб шуда, ҳамчун роҳбари сексияи комиссияи доимӣ оид ба маориф фаъолият кардааст.
Шавқу завқ ба донишандӯзӣ дар қалби Муҳидуллои наврас ҳанӯз аз айёми мактабхонӣ бедор гашта, азми аз худ намудани забони англисӣ ӯро ба донишгоҳи олӣ роҳнамун сохт. Дар факултети забонҳои хориҷии Институти педагогии шаҳри Хуҷанд (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) яке аз забонҳои асосии байналмилалӣ – англисиро омӯхта, соҳиби дипломи «аъло» гардид.
Ҷомеаи омӯзгорони мактаби рақами 16-и маркази ноҳия, ки ба қобилияти шогирди худ эътимод доштанд, ба кор омадани ӯро хуш пазируфтанд. Аз ибтидои фаъолият соҳибихтисоси ҷавон ҳам маҳорати дарсгузаронӣ, ҳам малакаи хуби ташкилотчигӣ зоҳир намуда, шоистаи боварии ҷомеаи меҳнатӣ гардид.
Банда низ шогирди ин устоди хирадманд ҳастам. Расо 45 сол қабл, пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16-и ноҳияи Ғончӣ (ҳоло ноҳияи Деваштич) ба шаҳри Душанбе омада, ҳуҷҷатҳоямро ба шуъбаи забони форсии факултети шарқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) супоридам. Ба шуъбаи забони форсӣ беш аз 800 довталаб хоҳиши дохилшавӣ доштанду танҳо 25 нафар бояд дохил мешуд. Ҳамон солҳо ҳамчун озмоиш қоидае ҷорӣ шуда буд, ки агар довталаб аз ду фанни аввали имтиҳони қабулшавӣ — забони хориҷӣ ва забон ва адабиёти тоҷик (иншо) баҳои «аъло» гирад, аз супоридани ду имтиҳони дигар озод мешуд. Боварӣ доштам, ки ду имтиҳони аввалро бо сарбаландӣ месупорам. Зеро фанҳои забон ва адабиёти тоҷикро аз падарам, шодравон Пӯлодхон Маҳмудов – Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон омӯхтаам. Устоди забони англисиам Муҳидулло Нуруллоев буд.
Натиҷаи меҳнати пурсамари устод Муҳидулло Нуруллоев аст, ки бо ҳамон дониши аз устод гирифтаам, пас аз гузаштани солиёни зиёд, бо ҳукми тақдир дар МТМУ №№13 ва 40 — и ноҳия аз фанни забони англисӣ ба шогирдон дарс гуфтаам.
Муҳидулло Нуруллоев баъди даҳ соли фаъолияти босамар ба вазифаи сарвари мактаб таъин шуд. Роҳбарии дабистонро замоне ба зимма гирифт, ки душвориҳои солҳои аввали истиқлолият дар қатори ҳамаи соҳаҳо маорифро низ домангир гашта буд.
Ҷиҳати рафъи ҳамаи ин норасоиҳо дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи маориф ба қобилияти устод эътимод доштанд ва роҳбари навтаъин бо суботкории ба худ хос дар ҳалли масъалаҳои пешомада муваффақ гашт. Пасон аз пайи ободонии биною майдонҳои мактаб кӯшиш намуд. Дар дабистон, ки номи яке аз бунёдгузорони мактаб, сарвари ҳизбии он давр Аҳмадҷон Шарофовро гирифтааст, барои аълохонҳо стипендияи ба номи А. Шарофов таъсис ёфт. Таи 20 соле, ки Муҳидулло Нуруллоев вазифаи директори МТМУ №16-и маркази ноҳияро бар уҳда дошт, он ба яке аз муассисаҳои беҳтарини таълимӣ дар вилоят табдил ёфт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари забони модарӣ донистани забонҳои дигарро шарти маърифатнокии насли созанда арзёбӣ намудаанд. Ин дастуру ҳидояти Роҳбари давлат боиси он гардидааст, ки имрӯз чандин шогирдон бо ҳарфи аввали забони англисӣ аз машғулиятҳои М. Нуруллоев шинос шуда, мисли Роҳат Абдуазизова, Гулбаҳор Аъзамова, Муборак Муҳиддинова, Мавлуда Бобокалонова, Шаҳодат Норбоева, Мустабшира Садриддинова, Моҳира Маҳмудова (марҳум) ҳамчун омӯзгорони беҳтарини забони хориҷӣ дар ноҳия ва берун аз он ном баровардаанд.
Баъд аз 9 соли дар нафақа будан Муҳидулло Нуруллоевро аз нав сарвари мактаб таъин карданд. Бо бозгашти устод нишондодҳои донишомӯзӣ ба сатҳи баландтар баромад. Аз ҷумла, хонандагон Сабрина Ахмедова, Нозанин Ҳоҷиева, Шоҳсанам Зокирова, Фархунда Ғайбуллоева, Райҳона Неъматова гирандаи стипендияи президентӣ мебошанд. Хонандагони мактаб дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат», «Атласу адрас» ва «Техникони ҷавон» иштироки фаъолона доранд. Якчанд хонандаи мактаб, ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» гашта, дар даври вилоятӣ шарафи фарҳангчиёни ноҳияро ба таври сазовор ҳимоя намуданд.
Устод мактабро хонаи якуми худ меҳисобад ва ин бесабаб нест.
- Дар мактаб бахти худро ёфтам, — дар ҷашни 75 — солагиаш ин сирро ошкор намуд устод, — оиладор шудаму хона надоштем. Соли чорум ё панҷуми кору оиладориам сохтмони хонаро сар кардем. Аз ин рӯ, мактаб хонаи якуми ман аст…
Ҳоло ҳам рӯзҳои истироҳату рухсатӣ низ устодро дар таълимгоҳ пайдо кардан мумкин аст.
Ривоятест, ки вақте муаллим ба дунё омад, сари гаҳворааш се фаришта ҳозир шуданд. Фариштаи аввал гуфт:
- Ту ҷовидон ҷавон хоҳӣ монд, зеро ҳамеша дар иҳотаи кӯдаконӣ.
Фариштаи дуюм таъкид намуд:
- Фикру андеша, тафаккур ва қалби ту мудом зебо хоҳад буд, зеро бахшидани қалби худ ба бачагон рисолати муқаддасест.
Фариштаи сеюм фармуд:
- Ту намирандаӣ, зеро ҳаёти ту дар шогирдонат идома хоҳад ёфт.
Муҳидулло Нуруллоев аз зумраи ҳамин гуна муаллимон - афрӯзандагони чароғи маърифат аст.
Акбар МАҲМУДОВ,
ноҳияи Деваштич