29 январи соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар заминаи меъёрҳои қонуни амалкунанда дар таҳрири нав қабул карда шуд, ки се шакли хизмати ҳарбиро муайян намудааст. Онҳое, ки пас аз хатми муассисаҳои миёна ва миёнаи касбӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд, муҳлати хизмати онҳо 24 моҳро дар бар мегирад. Шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамоянд, танҳо баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба онҳо рутбаи аввалини афсарӣ дода мешавад. Онҳое, ки муассисаҳои олиро бидуни омӯзиш дар кафедраҳои ҳарбӣ хатм кардаанд, ба муддати 12 моҳ ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мегарданд. Баъди анҷоми муҳлати хизмат ба онҳо рутбаи ҳарбии то сержант дода мешавад.
Хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ як шакли нави хизмати ҳарбист. Шаҳрвандони синни даъват, ки ҳуқуқи озод шудан ва ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, метавонанд ихтиёран ва бо пардохти маблағи муайян, ки андозаи он мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда шудааст, бо роҳи гузаштани ҷамъомади ҳарбии якмоҳа уҳдадории ҳарбиро адо намуда, бо гирифтани билети ҳарбӣ ва рутбаи сарбози қаторӣ ба ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ворид карда шаванд.
Аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо мо гуфтанд, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» барои хатмкунандагони макотиби олии кишвар дар ин навъи хизмат, яъне хизмат дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ имтиёз пешбинӣ нагардидааст. Яъне, ҳам хатмкунандагони макотиби олӣ ва ҳам дигар шаҳрвандон бо пардохти 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва як моҳ хизмат соҳиби билети ҳарбӣ мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки тайи ду соли охир теъдоди довталабон ва донишҷӯёни макотиби олии кишвар коҳиш ёфта, ҳамчунин, нақшаи қабули қисме аз донишгоҳу донишкадаҳо пурра иҷро намешавад. Албатта, омилҳо гуногунанд, вале метавон гуфт, ки яке аз онҳо имтиёз надоштани донишҷӯён ва хатмкунандагон мебошад.
Бинобар ин, хуб мешуд агар ба донишҷӯён дар таҳсил ва кор, инчунин пас аз хатмашон ҳангоми даъват ба хизмати ҳарбӣ имтиёз дода шавад. Барои мисол, агар дар шакли нави хизмат ба онҳо имтиёз ҷорӣ гардад, ҳам дилгарм мешаванд ва ҳам ба ҳайати захираҳои даъватӣ шомил мегарданд.
Пешниҳоде, ки қобили дастгириист
12 июли соли ҷорӣ бо мақсади пешгирӣ намудан аз паҳн кардани ҳар гуна маълумоти бардурӯғ ва носаҳеҳ тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба шарту шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба раванди баргузории маъракаҳои даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод гардид. Дар ҳолати қабул гаштани лоиҳаи қонун барои вайронкунандагони муқаррароти он ҷарима ё ҳабси маъмурӣ пешбинӣ карда мешавад.
Ҳамчунин, аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст, ки афзоиши шумораи хабарҳои бардурӯғи паҳншуда дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ашхоси дорои мақсаду нақшаҳои ғаразнок, ҷустуҷӯи роҳҳои нави мубориза бо чунин маълумоти бардурӯғ, аз ҷумла ворид кардани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо менамояд ва раванди торафт паҳн шудани ҳар гуна иттилои бардурӯғ дар миёни ҷомеа эътимоди мардумро нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон заиф намуда, ба қадру манзалат ва иқтидори мудофиавии кишвар таъсири манфӣ мерасонад.
Дар пасманзари ин пешниҳод баъзе аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ асли матлабро дуруст дарк накарда, вокуниши тунд намуданд. Яъне, мантиқан фикр кунем, ҳамонҳое, ки гуфтанд масъулин бо ин пешниҳод озодиро маҳдуд карданӣ ҳастанд ё аз моддаи 346 қисми 1, банди «А» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ» бехабаранд ё сиёҳбинанд. Аниқтараш, бархеҳо ба пешниҳоде зид баромаданд, ки мақсадаш хабари дурӯғро паҳн накардан аст.
Дар ин маврид масъалаи дигари нозукро ҳам набояд фаромӯш кард, ки он амнияти иттилоотӣ ном дорад. Мутаассифона, шоҳиди бисёр наворҳое шудем, ки «муаллифон» надониста, «облава» унвон карданд, вале баъдан маълум гардид, ки «қаҳрамонҳо» — и он наворҳо ҷинояткор ва нафаронеанд, ки ба талбандагӣ машғул ҳастанд. Албатта, паҳнкунандагони он наворҳо далел надоранд, ки он «облава» аст, вале амали носаҳеҳи онҳо, яъне нашру паҳн кардани навор барои бадном кардани Қувваҳои Мусаллаҳ ва раванди даъват ба хизмати ҳарбӣ аз ҷониби гурӯҳҳои бадбин фаровон истифода гардид. Чун амнияти иттилоотӣ як шохаи муҳими амнияти миллист, дар ин масъала набояд бетаваҷҷуҳӣ зоҳир намоем ва зимоми онҳое, ки дар бораи даъват хабарҳои бардурӯғ нашр мекунанд, бояд ба маҳкама кашида шавад.
Ҳ. ТОҲИРӢ,
«Садои мардум»