Дар Қасри фарҳанги ба номи Ҳоҷӣ Абдулазизи ноҳияи Рашт садумин солгарди зодрӯзи яке аз машъалафрӯзони маорифи ноҳияи Рашт Ҳотам Идиев таҷлил гардид. Дар ин ҷашнвора аз шаҳри Душанбе, деҳоту ноҳия ва навоҳии ҳамсоя меҳмонони зиёд ширкат доштанд.
Ҳотам Идиев соли 1915 дар деҳаи Аскалони ноҳияи Ғарм (Рашт) дар оилаи деҳқони миёнаҳол ба дунё омадааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз синни 16 — солагӣ оғоз намуда, зиёда аз 50 сол дар деҳаҳои гуногуни ноҳияи Рашт муаллимӣ кардааст. Аввалин муаллими деҳаи Аскалон буд ва бо ёрии сокинони деҳаи Аскалон бинои мактаби нахустинро бунёд кардааст.
Соли 1936 дар Дорулмуаллимини шаҳри Тошканд таҳсил намуда, соли 1937 ба вазифаи мудири маорифи ноҳияи Рашт таъин мегардад. Баъдтар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанберо хатм менамояд.
Номбурда баробари пешаи омӯзгорӣ ба эҷоди шеъру ҳикоя, қиссаву афсона машғул буд. Аз осори бузургони адабиёти классикии тоҷику форс шеъру пораҳои назмиву насрии хеле зиёд медонист.
Нахустин шеърҳои ӯ солҳои 40-уми асри гузашта эҷод гардида, дар чанд шумораи рӯзномаи онвақтаи «Болшевики Ғарм» ба нашр расиданд. Шеърҳои дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ эҷоднамудаи ӯ ба мавзӯи ғалаба, диловарии аскарони сурх, меҳнати софдилона дар ақибгоҳ ва ғайра бахшида шудаанд.
Ҳотам Идиев ба гирдоварии адабиёти шифоҳии маҳал низ машғул ва дар баробари ин табиби ҳозиқ низ буд. Вай ин пешаро дар назди табибони дар замони худашон машҳур Эшони Малеҳи Аскалонӣ ва мулло Исо аз деҳаи Яхакпаст омӯхтааст.
бо вуҷуди серкорӣ як лаҳза аз тарбияи фарзандон ғофил намонда, барои соҳибтаҳсилот намудани онҳо талош кардааст. Фарзанди ӯ Муҳтарам Ҳотам яке аз шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Ду фарзанди дигараш имрӯз ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошанд.
Маҳфили ёдбудро Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон чандин чорабиниҳои фарҳангӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, аз қабили 700 — солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 3000 — солагии Ҳисор, 70-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 150-солагии шоири тавоно Нақибхон Туғрал ва ғайра баргузор гардиданд ва маҳфили имрӯза идомаи мантиқии он чорабиниҳост. Қадрдонии заҳматҳои як нафар омӯзгор, ки панҷоҳ соли умрашро ба таълиму тарбия сарф намуда, дар баробари ин ба корҳои ҷамъиятию эҷодӣ машғул будааст, нишони қадрдонии омӯзгор аст, ки дар замони мо мақому манзалаташ хеле боло рафтааст. Барои чунин иқдом ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, хоса ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳия Лоиқзода Қаноатшо Холиқ арзи сипос менамоем.
Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дар суханронии хеш тамоми паҳлуҳои ҳаёту фаъолияти омӯзгор Ҳотам Идиевро таҳлил намуд. Мавсуф аз ҷумла чунин иброз дошт: «Дар даврони барқарории ҳукумати шӯравӣ аз тарафи адабиётшиносон оид ба шоирони халқии навоҳии Рашт таҳқиқот анҷом наёфтааст, ҳол он ки эҷодкороне ба мисли Шарифхӯҷаи Кӯҳистонӣ, Ҳотам Идиев, Давлатшоҳи Ҳоитӣ, Домулло Искандар ва ғайра анъанаи қадимаи ниёгонро идома медоданд. Се нафари аввал баробари машғул будан ба корҳои эҷодӣ дар ҷамъоварии мероси шифоҳии сокинони ин навоҳӣ саҳми босазо гузоштаанд.
Зиндагиномаи устоди зиндаёд Ҳотам Идиев барои наслҳои имрӯз пандомӯз ва ибратбахш аст. Ӯ дар шумори он шахсиятҳоест, ки тамоми умри худро сарфи пешаи омӯзгорӣ кардааст. Дар вазифаи муаллим ва директори чандин мактабҳо, мудири шуъбаи маорифи ноҳия ва нозири шуъбаи маориф кор кард. Дар деҳаҳо бо ташаббуси худ тариқи ҳашар мактаб сохт, шоир ва нависанда низ буд. Шогирдону ҳампешаҳо ва ҳамдеҳаҳо ӯро ҳамчун инсони хоксору меҳрубон, шахси хушбахту бомаърифат дар ёд доранд».
Муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев ба раиси ноҳия ва сокинони ин маҳал барои қадршиносии омӯзгор изҳори миннатдорӣ кард ва табрикоти вазири маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидро ба онҳо расонд.
Раиси Ҷамоати деҳоти «Аскалон» Ихтиёр Орзуев аз он изҳори хурсандӣ кард, ки нафари воқеан ҳам арзандаро қадрдонӣ намуданд ва дар сифати вай беҳтарин суханҳо гуфта шуданд.
Ҳунарпешаҳои шоистаи ҷумҳурӣ Дона Баҳром, Баҳодур Неъматов, овозхонҳои маъруф Давлат Ҷӯрабеков ва Гулназар Кенҷаев аз ашъори Ҳотам Идиев барои ширкаткунандагони маҳфил сурудҳои эҷоднамудаи хешро сароиданд. Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-юми деҳаи Аскалон, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ба номи Ҳотам Идиев номгузорӣ шудааст, пораҳои ашъорашро қироат карданд.
Дар хатми маҳфил фарзанди Ҳотам Идиев — шоир ва олими шинохта Муҳтарам Ҳотам ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва кулли сокинони ноҳия барои ташкили маҳфил миннатдорӣ намуд. Вай таъкид кард, ки ин қадршиносӣ масъулияти фарзандони мавсуфро боз ҳам зиёд мегардонад ва онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки мисли падари бузургвори хеш то нафаси охир дар хизмати халқу Ватан бошанд.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»