Айнӣ – яке аз поягузорони ҳаракати шуубия

№121 (3758) 12.10.2017

С айниХудшиносии миллии мо дар замони нав бо пирӯзии Инқилоби Октябр (1917), Бухоро (1920), ташкилшавии Ҷумҳурии мухтор (1924) ва мустақили Тоҷикистон (1929) шурӯъ шудааст. Агар ин рӯйдоди муҳим намебуданд, миллати мо дар аморати Бухоро, ки аз замони аз байн рафтани давлати миллии Сомониён ва рӯи кор омадани давлатҳои Ғазнавиёну Салҷуқиёну Шайбониёну Аштархониёну Манғитиён ва ғайра дар Осиёи Миёна ҳукмронӣ мекарданд, ҳеҷ гоҳ табли  ифтихору худшиносӣ намезад:

Бандаи дирӯза акнун ҳокимият мекунад,

Ҳеҷро ҳар чиз кардӣ, зинда бош, эй инқилоб!

Дар ҳақиқат, ба андешаи устод Айнӣ, «тоҷикони бесавод ва поймоли зулми худӣ ва бегона шуда, аз соҳаи худшиносӣ дур афтода буданд ва аз адабиёти замонӣ чизе надоштанд, ҳатто номашон ҳам аз ёдашон баромада буд ва дар вақти пурсиш аз миллаташон «мусулмон» гуфта ҷавоб медоданд… Чунки тоҷикон ҳам аз шиканҷаи амир ва амалдорони ӯ, ҳам аз дасти мустамликачиёни ҷорӣ, ҳам аз панҷаи бойҳо, муллоҳо ва эшонҳои маҳаллӣ ва ҳам шароити табиат зулм медиданд, тороҷ меёфтанд, фиреб мехӯрданд ва азоб мекашиданд… Револютсияи Кабири Октябр ҳамаи он аҳволи фалокатиштимолро аз беху бун барканда, дар ҷойи вай як ҷаҳони нави пурбахту саодат бунёд кард». Ӯ ба ин маънӣ дар шеърҳояш низ  борҳо  изҳори назар менамояд. Масалан, дар шеъри «Тоҷикистон» чунин мегӯяд:

Понздаҳ сол пеш аз ин ба ҷаҳон

Тоҷикистон набуду номаш ҳам,

Буд, оре, ба ном кӯҳистон

Кӯҳсоре харобу пурмотам…

Дар чунин ҳол оташин селе

Аз лаби Нева зад забона бурун,

Канд бунёди аҳли истисмор

Аз лаби Нева то лаби Ҷайҳун…

Буд ин сел Инқилоби Кабир,

Инқилоби Кабири Октябр.

Ин мазмун дар шеъри дигари ӯ, ки он ҳам «Тоҷикис­тон» ном дорад, низ таъкид ва таъйид шудааст:

Кӯҳҳои баланди бепоён,

Дараҳои чуқуру бепоёб…

Тӯдаи сокинони он буданд

Умрҳо зери банди зулму азоб…

Ин, ки дидед, Тоҷикистон буд,

То сари Инқилоб ин сон буд.

Инқилоб омаду дигаргун кард,

Мурдагонро зи гӯр берун кард…

Мулки махруба, бин, гулистон шуд,

Номи ин мулк Тоҷикистон шуд.

Устод ин маъниро дар шеъри «Зафарномаи халқи Тоҷикистон» боз ҳам равшантару гӯётар ба қалам медиҳад. Барои ҳар чӣ бештар ва беҳтар ошно шудан бояд ба таърихи миллат ва тақдири фоҷиабори он ба осори устод Айнӣ муроҷиат кард. Ба ибораи дигар, агар мо бихоҳем бидонем, ки миллати тоҷик ва Тоҷикистон дар замони гузашта чӣ ҳол дошт, бояд ашъори ӯро мутолиа намоем. Мисли ин шеър:

Ба даври куҳан Тоҷикистон чӣ буд?

Ба аҳди амир ин гулистон чӣ буд?

Биёбони хушки пур аз хор буд,

Аҳолеш бечораву зор буд…

Гаҳе халқи мо шӯру исён намуд,

Ба зидди ситам ҷангу ҷавлон намуд..

Чу Усмону Восеъ кашиданд теғ,

Вале кушта гаштанд бо сад дареғ…

Фақат Октябри ҳаётофарин

Зи ҷанҷоли бедоду занҷири дин

Раҳо кард морову имдод дод,

Ки додем қасри ситамро ба бод.

Воқеан, устод ба номи Тоҷикистон чандин шеър навиштааст. Ҳадафи онҳо нишон додани нақши Инқилоби Октябр дар озод кардани миллати тоҷик аз асорати манғитиён ва ташкил шудани давлати миллии тоҷикон баъд аз ҳазор сол мебошад.

Тавре ки гуфтем, халқи тоҷик баъди Сомониён на танҳо ҳокимияти сиёсиву иҷтимоиву иқтисодиву низомӣ, балки ҳувияти миллии худро аз даст дода буд ва ҳамчун миллати бешамшер ва белашкар ба номи мусулмони зердасту мазлум ба сар мебурд ва дар муқобили забардастон наметавонист муқовимат ва истодагарӣ кунад ва шарафу нангу номуси миллии худро ба таври бояду шояд дифоъ намояд, зеро:

Дар кафи шери нари хунхорае

Ғайри таслиму ризо ку чорае?

Ва:

Ҳошаллилаҳ, турк бонге барзанад,

Саг чӣ бошад, шери нар хун қай кунад.

Дуруст аст, ки миллати мо дар ин давлатҳои аз ҷониби бегонагон истилошуда ҳузури маънавӣ доштанд ва хусусан қаламро аз даст надода буданд, аммо ин қалам, мутаассифона, дар хидмати аҳли зару зӯр (атроку муғул), яъне соҳибони давлат (Ғазнавиён, Салҷуқиён, Қарахониён, Темуриён, Шайбониён, Манғитиён…) қарор дошт. Танҳо ғалабаи Инқилоби Октябр ба ин ҳолати мазлумонаи миллати тоҷик нуқта гузошт ва орзуҳои чандинасраи фарзандони фарҳехтаи миллат, аз ҷумла Абӯмуслими Хуросонӣ, Сунбод, Бобаки Хуррамдин, Муқаннаъ, Маҳмуди Торобӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Соҳиби Шерозӣ, Толиби Омулӣ, Восеъ, Усмон ва дигаронро ҷомаи амал пӯшонид. Ҳақ ба ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфтааст: «Инқилоби Октябр ба мардуми мо умри дубора бахшид. Халқи тоҷик баъди ҳазор соли аз байн рафтани сулолаи Сомониён боз соҳибдавлат шуда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи вуҷуд кард. Инқилоб Тоҷикистонро соҳиби ҳудуд кард ва аз зери фишори бадхоҳонаш озод намуд».

Дар он айём Айнӣ  «Марши ҳуррият» («Суруди озодӣ»)-ро навишт ва миллатро на танҳо аз неъмати озодӣ хабар дод, балки даъват ба интиқом аз золимон намуд:

Эй ситамдидагон, эй асирон!

Вақти озодии мо расид.

Муждагонӣ диҳед, эй рафиқон,

Дар ҷаҳон субҳу шодӣ дамид.

 То ба кай ғусса хӯрдан ба ҳасрат,

Баъд аз ин шодмонӣ намо!

Бас ҷафо, бас ситам, эй адолат!

Дар ҷаҳон ҳукмронӣ намо!..

«Овози тоҷик» нахустин шеъри устод аст, ки баъди нашри рӯзномаи миллии тоҷикон-«Овози тоҷик» (1924) иншо шудааст. Дар он, аз як сӯ, хушҳолии адиб аз ин рӯйдоди муҳим ба намоиш гузошта шуда, аз сӯи дигар, бори аввал тоҷик ҳамчун миллати соҳибистеъдоду фарҳангиву соҳиби забону шеъри воло мавриди васф қарор гирифтааст. Муҳимтар аз ҳама, ин шеър роҳро барои тоҷикситоӣ дар адабиёт ва парвариши худогоҳию рӯҳи миллӣ ҳамвор сохтааст:

Ба парда то ба чандин рози тоҷик?

Биё, биншин, шунав овози тоҷик.

Чу қумрӣ месароям нағма, чунки

Гирифторам ба сарви нози тоҷик.

Ба зеҳни софу истеъдоди фитрӣ

Набошад дар ҷаҳон анбози тоҷик.

Суханро чун арӯсон зеб дода,

Забони маърифатпардози тоҷик.

Ҳунарҳо, пешаҳо эҷод карда,

Ба дунё қувваи ҷонбози тоҷик.

Яқин донӣ, ки анҷомаш ба хайр аст,

Ба ёд орӣ агар оғози тоҷик…

Пас аз ин иқдоми бузурги таърихии устод Айнӣ, яъне иншои шеъри «Овози тоҷик» шоирони зиёде ба ӯ пайравӣ намуда, даст ба миллатситоӣ ва ифтихор задаанд ва дар эҳёи рӯҳи миллӣ, ки баъди аз байн рафтани давлати миллии Сомониён ба заъф гароида буд, саҳм гирифтаанд.

Ин гуна шакл гирифтани адабиёти мо сабаб шуд, ки кишварҳои ҳамзабони мо, аз ҷумла Эрон, Афғонистон низ барои ба вуҷуд овардани адабиёти миллӣ ҳаракат намоянд ва таҷрибаи моро ҳамчун сармашқ бипазиранд. Саид Нафисӣ чунин мегӯяд: «Барои мо махсусан роҳи республикаҳои Осиёи Миёна, ки таърихан ба мо наздиканд ва дар як муддати кӯтоҳ ба шукуфоии маданияти худ ноил гардидаанд, ибратомӯз аст. Асарҳои нависандагони намоёни тоҷик Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Миршакар, Улуғзода, Икромӣ… барои ҷавонони мо дар роҳи ба вуҷуд овардани адабиёти миллӣ ва ҳақиқатан халқии худ намунаи сазоворест».

Устод Лоҳутӣ аз ҳамсафони бузурги устод Айнӣ буд, ки баробари ӯ дар тарғиб ва тарвиҷи худогоҳии миллӣ мекӯшид ва баъди ба Тоҷикистон омадан ҳаёти худро билкулл ба ин кишвар пайваст. Шеърҳои «Саройи тамаддун», «Гар ишқи ту, эй дилбари тоҷик, намешуд», «Тоҷикистон», «Духтари Тоҷикистон», «Ба Тоҷикистон», «Саломи халқи тоҷик ба халқи Эрон» ва ғайра дар ҳамин замина, яъне худшиносии миллӣ эҷод шудаанд.

Оҳ!..Ин бинои тамаддуни тоҷик будааст,

Он хонае, ки нур фишондӣ ба баҳру бар…

ХХХ

Тоҷикистон шуд мунаввар, то ту гаштӣ бениқоб,

Оламе равшан шавад чун маҳ барояд аз саҳоб.

ХХХ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Ҷаноби Олӣ  Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо зиёиёни кишвар (19 марти соли 2008) дар бораи устод Айнӣ чунин изҳори назар намуданд: «Маҳз дар ҳамин давра ҷунбиши миллие ба миён омад, ки бо номи Садриддин Айнӣ ва дигар фарзандони миллатдӯсти тоҷик алоқаманд аст, ки онро метавон ҳаракати шуубияи даврони  Шӯравӣ номид». Ба ин маънӣ Айнӣ дар «Ёддошт­ҳо»-яш равшану возеҳ  гуфтааст:

Ин хона зи хишти куҳна андохтаам,

Дар вай ҷашне зи рафтагон сохтаам.

То аҳли замони мо бидонанд, ки ман,

Як умри ҷавонӣ ба чӣ раҳ бохтаам.

ҶАМОЛИДДИН САИДЗОДА,

номзади илми филология