14 ноябри соли равон дар факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ҷамъомад баргузор гардид.
Дар оғоз декани факулетети биология Акобир Каримов доир ба нақши Иҷлосияи XVI дар барқарории сулҳу ваҳдат ва ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ сухан ронд. Акрамшо Фелалиев суханони ӯро тақвият бахшида, афзуд: дар шароите, ки иҷлосия баргузор шуду Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари давлат интихоб гардид, на ҳар кас масъулиятро ба уҳда мегирифт. Маҳз ҳамон иҷлосия тақдири миллати тоҷикро ҳал карда, давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро аз хавфи порашавӣ эмин нигоҳ дошт. Аз ин рӯ, Иҷлосияи XVI-ро «иҷлосияи тақдирсоз» мегӯянд. Дар ободиву пешрафте, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба даст омад, нақши иҷлосия барҷаста аст. Зеро роҳи ояндаи давлат маҳз дар ҳамон иҷлосия муайян шуд.
Акрамшо Фелалиев, ҳамчунин аз иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ҳарф зада гуфт, ки бо сохта ба истифода додани роҳу пулҳо ва нақбҳо кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шуда, ба як давлати воҳид табдил ёфт.
- Дар замони шӯравӣ, гарчанде зиндагӣ бад набуд, фасли зимистон роҳ ба минтақаи Тоҷикистон баста мешуд. Бинобар ин, донишҷӯён имкони дар як сол як бор ба хона рафтанро (хусусан ба Бадахшон) доштанд. Ҳоло роҳ дар ҳама фасли сол кушода аст. Ҳар вақте хоҳиш пайдо шуд, бемамониат ба Бадахшон ва ё вилоятҳои Хатлону Суғд сафар карда метавонед, — гуфт Акрамшо Фелалиев ва афзуд, ки бо ба истифода додани НБО «Роғун» соли оянда ба ҳадафи дигари стратегии кишвар — истиқлолияти энергетикӣ низ мерасем.
Ӯ, ҳамчунин, дар бораи тадриҷан зиёд шудани Буҷети давлатӣ, паст гардидани сатҳи камбизоатӣ, таҷрибаи сулҳи тоҷикон, хизматҳои арзандаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти ҷомеа сухан ронда, таъкид намуд, ки вазифаи имрӯзиёну ояндагон, пеш аз ҳама, ҳифзи дастовардҳо, аз ҷумла Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ мебошад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»