Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дар конференсияи байналмилалӣ, ки дар мавзуи «Рушди имконоти Ваколатдорони ҳуқуқи инсон дар ҳалли мушкилоти муҳоҷират ва ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирон» дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия доир гардид, иштирок кард.
Конференсияи мазкур дар доираи Изҳороти якҷояи Ваколатдорони ҳуқуқи инсони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои Федератсияи Россия, ки соли гузашта зимни иштирок дар кори Конференсияи минтақавӣ дар шаҳри Душанбе қабул гардида буд, баргузор шуд. Тибқи ин Изҳорот иштирокчиён ба мувофиқа омада буданд, ки ҳар сол вохӯриҳои якҷояи Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсонро вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар яке аз ин кишварҳо ва минтақаҳои Федератсияи Россия баргузор намоянд.
Ҳангоми сафар Зариф Ализода бо Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони зиёда аз 30 минтақаи Федератсияи Россия, ки дар конференсия иштирок доштанд, мулоқот намуд. Ҳамчунин зимни сафари корӣ Зариф Ализода бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони вилояти Самара Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки мақсади асосии он мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин минтақаи Федератсияи Россия мебошад. Қаблан чунин созишномаҳо бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Федератсияи Россия В.П.Лукин, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони вилояти Свердовскийи Федератсияи Россия Т.Г.Мерзлякова ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони шаҳри Санкт-Петербург А.В.Шишлов ба имзо расида буданд.
Ба роҳ мондани чунин ҳамкориҳо барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатии ҷумҳурӣ аҳамияти калон дорад.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»