ҲАМДИГАРФАҲМӢ АСОСИ ЗИНДАГИИ ХУШБАХТОНА АСТ

№16 майи соли 2016 16.05.2016

Сенздаҳуми майи соли равон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  ба номи академик Муҳаммад Осимӣ чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ дар мавзуи «Ҷомеаи солим аз оилаи солим, маърифати оиладорӣ» баргузор гардид. Дар ин маҳфил ду оилаи намунавӣ-оилаи  Абдукарим Абдураҳмонов ва Рустам Икромов даъват шуда буданд. Ноиби ректори донишгоҳ Ашӯр Ашӯров изҳор дошт, ки оилаи Абдураҳмонов ва Икромовҳо намунаи хуби оиладории тоҷикӣ буда, дигарон бояд аз онҳо  ибрат гиранд. Абдукарим Абдураҳмонов ва Рустам Икромов доир ба роҳи тайкардаи ҳаёташон маълумот дода, зкир карданд, ки ҳамдигарфаҳмӣ дар оила асоси зиндагии хушбахтона аст.

Чорабинии мазкур бахшида ба Рӯзи оила ташкил шуд ва дар он сарояндагони шинохта Бахтиёр Иброҳимов, Алишер Қаноатзода, Гулпарӣ Орипова ва дигарон бо сурудҳои дилнишин табъи ҳозиринро шод карданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»