Дар Маркази тадқиқоти геополитикии Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон якҷоя бо Ҳаракати ҷамъиятии байналмилалии рушд дар мавзуи «Нақши Тоҷикистон дар рушди АвруОсиёӣ» мизи мудаввар баргузор шуд.
Мақсад аз гузаронидани мизи мудаввари байналмилалӣ нишон додани нақш ва аҳамияти Тоҷикистон дар рушди АвруОсиё, дар ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия роҳандозии технологияи нав ва системаи лоиҳаҳои стратегии инвеститсионӣ ба ҳисоб мерафт. Дар ин чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносони ватанию хориҷӣ ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд. Ба суҳбати мизи мудаввар муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров, раиси Ҳаракати рушд, раиси Шӯрои назоратии «Пажӯҳишгоҳи демография, муҳоҷират ва рушди минтақавӣ» Юрий Крупнов роҳбарӣ карданд.
Дар мизи мудаввари байналмилалӣ иштирокчиён бо маърузаҳои зиёд баромад намуданд. Аз ҷумла Сайфулло Сафаров зимни суханронии худ зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз лиҳози захираҳои табииву обӣ ва маҳали ҷойгиршавӣ кишвари калидии минтақа ба ҳисоб меравад. Ҳамчунон мавсуф таъкид намуд, ки масъалаҳои мизи мудаввари имрӯза бештар моҳияти ҷамъиятӣ, таҳлилӣ доранд. Ҳадафи асосии лоиҳаҳое, ки дар кишвар татбиқ мегарданд, дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ мебошад. Тавре мушовири Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, номзади илми таърих Д. Кабаев дар мавзуи: «Тоҷикистону Россия: ояндабинии ҳамкориҳои дуҷониба» баромад намуд, 8- уми апрели соли равон аз барқарор гаштани муносибатҳои дипломатии байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 сол сипарӣ шуд. 25 май бошад, аз рӯзи имзо шудани шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кӯмаки ҳамдигарӣ миёни кишварҳои мо 20 сол пур мешавад. Давлатҳои мо шарикони стратегӣ ба ҳисоб мераванд, ки фаъолияташон тибқи принсипҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ба ҳамдигар ва манфиатҳои тарафайн маншаъ мегирад.
-Айни замон муносибатҳои байнидавлатӣ тадриҷан самарабахш рушд ёфта истодаанд. Дар давоми солҳои охир Федератсияи Россия аз ҷиҳати ҳаҷми тиҷорат ва сармоягузории муштарак бо Тоҷикистон дар зинаи аввал меистад. Соли гузашта муомилоти моли дуҷониба аз 1 млрд. доллар бештар буд.
Лоиҳаҳои муштарак ба таври назаррас дар соҳаи сохтмон татбиқ гашта истодаанд. Мавриди истифода қарор гирифтани Маркази савдои «Пойтахт», бинои истиқоматии бисёрошёнаи «Пойтахт- 80», Маркази савдои «Созидание», «Меҳмонхонаи Хайят — реҷенси» ва монанди инҳо аз он шаҳодат медиҳанд,- зикр намуд Д. Кабаев.
Ҳамзамон аз моҳи августи соли 2011 лоиҳаи сохтмони корхонаи муштарак барои васл намудани троллейбусҳо роҳандозӣ шуд. Ҳамкориҳои мо дар самти иқтисод низ такмил ёфта истодаанд. Асоси ҳукуқии ҳамкориҳои дуҷонибаи байниминтақавиро зиёда аз 70 шартномаву меморандумҳо ташкил медиҳанд, ки мутобиқи онҳо дар Тоҷикистон дар бахшҳои гуногуни иқтисод зиёда аз 100 ширкати русӣ ва муштарак ба қайд гирифта шудаанд, ки онҳо ҳоло фаъолият мекунанд.
Миёни як қатор ҳуҷҷатҳои асосӣ шартномаҳо дар бораи будубоши Пойгоҳи низомии Россия дар ҳудуди Тоҷикистон, ҳамкориҳо бобати интиқоли маҳсулоти нафтӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳои оянда дар самти муҳоҷират, дар бахши мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва барномаи ҳамкориҳои иқтисодии ҳар ду кишварро барои солҳои 2011-2014 метавон номбар кард.
- Роҳандозии муваффақонаи ин шартномаҳо аз самтҳои афзалиятноки робитаҳои дипломатии Федератсияи Россия бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Чунин асоси ҳуқуқӣ ҳамкориҳоямонро дар барномаҳои давлатӣ танзим менамояд,- гуфт дар хотимаи маърӯзаи худ Д. Кабаев.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»