Ҳамкории олимон – тавсеабахши равобит

№29 (3823) 06.03.2018

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дӯстию ҳамкории олимони тоҷику ӯзбек дар бахшҳои гуногун  рӯз то рӯз тақвият ёфта истодааст.

То соли 1992 олимони тоҷик бо олимони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамкории зич доштанд. Ҳамон солҳо Шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктории илми биология оид ба ихтисоси «физиология ва биохимияи растанӣ» дар Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, дар назди Институти физиология ва биофизикаи растании АИ ҶТ (ҳоло Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ) фаъолият дошт. Олимони намоёни ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон аъзои он буданд. Муҳимтар аз ҳама, дар шӯро нафарони зиёд аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон рисолаҳои илмӣ барои дарёфти унвони номзад ва доктори илми биология дифоъ намуданд. Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз баъзе омилҳо, кормандони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ Қ. Алиев, Х. Абдуллоев, А. Абдуллоев, О. Оғоназаров, Ҳ. Ҳисориев, А. Мадаминов, М. Ниёзмуҳамедова, А. Мирзораҳимов, Б. Ҷумъаев, Қ. Партоев, Ф. Носирова, З. Давлатназарова, М. Гулов, И. Каспарова, Т. Ниятбеков, Н.Маниёзова, Б. Солиева, Б. Ғиёсиддинов ва дигарон рисолаҳои номзадӣ ва доктории олимони Ҷумҳурии Ӯзбекис­тонро таҳлил ва дастгирӣ карда, дар вақти омода намудани мақолаҳо, рисолаҳои номзадию докторӣ аз дастовардҳои онҳо истифода намуданд.

Илова бар ин, олимони тоҷик дар бахшҳои физиология, биохимия, генетика, биотехнология, селексияи растаниҳо, махсусан пахта, картошка ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, бо олимони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба воситаи сомонаҳои интернетӣ, иштирок дар конфронс­ҳои байналмилалӣ, мукотибаҳои илмиро давом доданд. Ин раванд­ро дар оянда низ тақвият бахшидан ба манфиати тарафҳо хоҳад буд. Хуб мебуд агар барои тарбия намудани олимони ҷавон шӯроҳои муштараки диссертатсионии сайёр барои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ таъсис дода мешуд. Инчунин, барпо намудани конфронсҳои илмии байналмилалӣ зарур аст. Дар амалӣ гаштани чорабиниҳои мазкур месазад, ки Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус шуъбаи илмҳои биология ва тибби он ташаббускор бошад. Боварии комил дорем, ки тавассути сиёсати хирадмандона, сулҳпарварона ва бунёдкоронаи президентҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекис­тон равобити кишварҳо ба марҳилаи сифатан нав ворид ва орзуҳои деринаи мардуми бо ҳам дӯсту рафиқ, ки таърихи ҳазорсоларо дорост, амалӣ мегарданд.

Б. ҶУМЪАЕВ,

узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон,

доктори илмҳои биология, профессор,

Қ. Партоев, доктори илмҳои кишоварзӣ