Рӯзҳои дуюм ва сеюми октябри соли равон бо ташаббуси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Бостоншиносӣ ва ҷуғрофиёи қадими Осиёи Марказӣ» доир гашт, ки он ба 100-солагии муҳаққиқи машҳур Вадим Александрович Ранов бахшида шуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зимни ифтитоҳи чорабинӣ Вадим Александрович Рановро муҳаққиқи машҳур, яке аз коршиносони варзидаи сатҳи ҷаҳонии асри санг муаррифӣ намуд. Бино ба иттилои ӯ, Вадим Александрович аз соли 1949 ба омӯзиши таърих оғоз ва то охири умр дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши назди АМИТ фаъолият кардааст.
- Таҳти роҳбарии ин муаррихи пуркор қариб дар ҳамаи мавзеъҳои давраҳои асри санги ҳудуди ҷумҳурӣ ҳафриёт гузаронида шудааст. Дар рушди омӯзиши ин давраи таърихӣ ва илмҳои ба он алоқаманд саҳми бузург дорад. Натиҷаҳои илмие, ки зери роҳбарии ӯ бостоншиносон зимни ҳафриёт аз мавзеъҳои палеолити поён дар Қаратоғ, Кӯлдара, Обимазар, Хонақоҳ ва ғайра ба даст овардаанд, назари моро дар бораи марҳилаҳои аввали сукунати одамони қадим дар Осиёи Марказӣ васеъ намуд.
В.А.Ранов ба истифода аз натиҷаҳои тадқиқоти чандинсолаи бостоншиносӣ ёдгориҳои асри санги Осиёи Миёнаро даврабандӣ намудааст. Дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни хориҷӣ дар ковишҳои археологии қариб 20 мамлакати гуногун иштирок кардаю дар калонтарин марказҳои илмии ҷаҳон суханронӣ намудааст, — изҳор дошт Қ.Хушвахтзода.
Дар чорабинии мазкур олимони ватаниву хориҷӣ иштирок ва маърӯза намуда, нақши Вадим Александрович Рановро дар рушди илми таърих мондагор арзёбӣ карданд.
Марҷона СОЛИҲЗОДА,
«Садои мардум»