Ҳамоиши омӯзгорони ИДМ дар Душанбе

№135 (4397) 02.11.2021

28-29 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Анҷумани VI омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил зери унвони «Фазои таълимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — манбаи стратегии рушди устувор» ва нахустин Фестивали маҳорати педагогии омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид. Барои ширкат дар он аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон намояндагон ташриф оварданд.

Дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуд, ҳозиринро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад­юсуф Имомзода хайра мақдам гуфт. Ҳамчунин, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода, мушовири Раёсати ҳамкориҳои башардӯс­тона, мушкилоти умумии сиёсӣ ва иҷтимоии Кумитаи иҷроияи ИДМ Галина Казак, муовини вазири маориф, илм, фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Арманистон Жанна Андреасян, муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Александр Кадлубай, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон Шолпан Каринова, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон Надира Ҷусупбекова, муовини якуми вазири маорифи Федератсияи Россия Александр Бугаев, муовини директори Институти илмӣ — тадқиқотии ба номи А. Авлонии Вазорати маорифи халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Меҳринисо Пардаева суханронӣ карданд.

Сипас, анҷуман аз рӯйи 5 номинатсия: муайян кардани роҳҳои муассири таъмини таълими ­дастрас ва босифат дар ҳама сатҳ ва рақамикунонӣ дар соҳаи маориф, вазъ ва дурнамои рушди илми педагогика дар кишварҳои ИДМ, муносибатҳои инноватсионӣ дар татбиқи стандартҳои касбии омӯзгор ва ташкили таълим дар ташкилотҳои таълимии кишварҳои ИДМ, фаъолсозӣ ва рушди шарикӣ байни ташкилотҳои таълимии кишварҳои аъзои ИДМ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии башардӯстона дар фазои ИДМ ва ғайра идома ёфт.

Дар доираи ҳамоиш Фестивали нахустини байналмилалии маҳорати педагогии омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки зимни он беҳтарин омӯзгор, мураббӣ ва равоншинос муайян гардида, ба онҳо диплом супорида шуд. Инчунин, як қатор омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи кишварҳои аъзои ИДМ бо нишони «Аълочии маорифи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» қадрдонӣ шуданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки Анҷумани омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ду сол як маротиба доир мегардад ва он ба фароҳам овардани шароит барои рушди равандҳои ҳамгироӣ, ҷустуҷӯи шаклу механизмҳои нави ҳамкории кишварҳои аъзои ИДМ дар соҳаи маориф мусоидат менамояд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»