Ҳамоиши якҷоя оид ба татбиқи технологияи нав дар шаҳри Душанбе

№33 (4616) 06.03.2023

ГазетаЧанде пеш ширкати «Синзян Инхай Ko Ltd дар Тоҷикис­тон» ва Институти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва иловагиҳои Академияи илмҳои кишоварзии Хэнан ҳамоиши якҷояро оид ба кумаки навбатии илмӣ-техникӣ барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар шаҳри Душанбе баргузор намуданд.

Зикр гардид, ки тӯли се соли охир дар Тоҷикис­тон технологияи ҳифзу нигоҳдорӣ, консервакунӣ ва коркарди сабзавоти барвақтиро бо услуби хитойӣ кормандони Институти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва иловагиҳои Академияи илмҳои кишоварзии Хэнан дар шаҳри Душанбе татбиқ намуданд. Таъкид шуд, ки технологияи хитойии ҳифзу нигоҳдорӣ ва консервакунии сабзавот муҳлати нигоҳдории сабзавот ва самаранокии иқтисодии онро собит намуд.

Дар натиҷаи коркарди аввалияи навъҳои гуногуни сабзавот занҷираи истеҳсолӣ васеъ ва арзиши ниҳоии маҳсулот, ки дар миёни аҳолӣ маъруфанд, боло бурда шуд.

Омӯзиши техникии масъалаи мавриди назар низ васеъ ҷараён гирифта, кормандони техникӣ ҳангоми татбиқи лоиҳа оид ба нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулот донишҳои назариявӣ ва амалиашонро васеъ карданд. Ҳамчунин, санадҳои меъёрӣ ва техникии дар ҷараёни татбиқи лоиҳа тасдиқ ва ба тасвиб­расида барои консервакунонии васеъмиқёс, нигоҳдорӣ ва коркарди сабзавот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард.

Иштирокдорони ҳамоиш ҳамфикр буданд, ки татбиқи лоиҳаи зикршуда на танҳо ба ҳалли мушкилоти парваришу коркарди са­ноатии сабзавот, балки ба рушди соҳаи сабзавотпарварӣ дар Тоҷикистон мусоидат намуда, мисоли равшани ибратомӯзи ҳамкориҳои кишоварзии Тоҷикис­тону Хитой барои оянда хоҳад буд.

А. МУРОДОВ,

«Садои мардум»