Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистон Салават Сагитов, ки дар чаҳорчӯбаи ҷаласа сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон омада буд, рӯзи 11-уми сентябр ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ташриф овард. Дар ин сафар ӯро ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ҷумҳурии Бошқирдистон ба номи М.Акмулли профессор Р.Асадуллин ҳамроҳӣ намуд. Зимни мулоқот бо ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ А.Раҳмонов ҷонибҳо аз барқарор гардидани риштаи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. С.Сагитов Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ҷумҳурии Бошқирдистон ба номи М.Акмуллиро яке аз мактабҳои олии тараққикардаи кишвараш унвон намуда, ба тасвиб расидани созишномаҳо миёни ду таълимгоҳи олии омӯзгориро ба манфиати ҳар ду тараф арзёбӣ намуд.
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ А.Раҳмонов ташрифи меҳмононро боиси ифтихор арзёбӣ намуда, аз тавсеаи робитаҳо изҳори қаноатмандӣ кард. Ҳамзамон аз меҳмон даъват ба амал овард, ки аз бинои нави таълимӣ-туҳфаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Рӯзи дониш ба аҳли донишгоҳ тақдим гардид, дидан намояд. Пас аз ошноӣ бо бинои хушсохт С.Сагитов Сардори давлати моро ситоиш карда, ӯро Президенти воқеан ҳам мардумӣ ном бурд. Бино ба гуфти ӯ, Тоҷикистон ҳамарӯза дар ҳолати рушд аст ва ба истифода додани бинои таълимӣ бо чунин шароити замонавии моддию техникӣ далели ин гуфтаҳост. Сипас, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистон бо аъзои Шӯрои олимони донишгоҳ мулоқот намуд. Зимни вохӯрӣ таъкид шуд, ки аллакай дар заминаи шартномаҳои оғози соли нави 2014 баимзорасида 25 нафар донишҷӯёни тоҷик пас аз хатми зинаи бакалавр дар Донишгоҳи омӯзгории Ҷумҳурии Бошқирдистон дар риштаи магистратура таҳсил доранд. Моро месазад, ки дар зинаҳои аспирантура ва докторантура низ равобитро таҳким бахшем. Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Раҳмоналии Пардаалӣ, «Садои мардум»