Зодаи ноҳияи Фархорам, вале 16 сол инҷониб дар пойтахти кишвар умр ба сар мебарам. Гоҳ-гоҳе муяссарам мегардад, ки ба деҳа сафар намуда, оромгоҳи волидонамро зиёрат намоям. Охирҳои моҳи май чунин имкон даст дод. Шомгоҳ ба деҳа расида, субҳи барвақт ба сари манзили волидон равон гаштам.
Оромгоҳ дар теппаи Уртабуз қарор дорад. Баъд аз дуову фотеҳа дар ҳаққи гузаштагон аз ҷой бархоста, манзараеро дидам, ки сахт ҳайронам кард. Аз қубурҳои поёноби минтақаи Уртабуз, ки беш аз 30 сол инҷониб обро надида буданд, об меомад.
Аз ҳайрат роҳи хонаро фаромӯш карда, ба боло баромадам. Ба новаҳои бетонии болои теппа расида, дидам, ки дар ҳақиқат пур аз об аст. Бо шукр як каф об нӯшида, даст ба дуо кушодам, ки Худованди меҳрубон ҳар касеро, ки дар ин кор саҳм дорад, умри об диҳад.
Вақти бозгашт аз роҳи дигар бо ҳамдеҳаам, сарвари хоҷагии деҳқонӣ — мулло Абдулмаҷид вохӯрдам, ки бо табъи хуш пахта об медод. Ниҳолҳои пахта ғарқи гул буданд. Ба ӯ баракати кор таманно намуда, пурсон шудам, ки аз ин замин дар як сол чанд ҳосил мегирад?
- Агар Худованд розӣ бошад ва сарвари ноҳияву сардори хоҷагии об ҳамин тавр обро фаровон кунанд, ду ва ҳатто се ҳосил ҳам мегирем. Нақшаҳо зиёданд, — посух дод ӯ.
Дар қитъаи замини дигар низ, ки ба Шамсулло ном ҳамдеҳаам тааллуқ доштааст, ниҳолҳои пахта хуб нашъунамо ёфта, чанд тан машғули кор буданд. Аз Шамсулло фаҳмидам, ки дигар ҳамсояҳояш низ мисли ӯ дар заминаш пахта кишт кардаанд.
Ин ҳама натиҷаи заҳматҳо, бедорхобиҳо, азму талош ва дастуру раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аввалан, давлату миллатро наҷот бахшиданду пасон, мардумро ба сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ расонидаву фарзандони фарзонаи миллатро ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин намуда, ба ободонии мамлакат камар бастанд. Пайравони содиқу вафодор мисли сарвари ноҳияи Фархор, ҷавони ватандӯст ва боғайрату кордон Назирӣ Зариф Вализода ва сардори хоҷагии оби ноҳия Абдуллохон Ҳусейнов имрӯз сиёсати бунёдкорона ва хирадмандонаи Сарвари давлатро самимона дар амал татбиқ менамоянд, ки сазовори таҳсину дастгирист. Бо азму талоши эшон боз як гӯшаи диёр ободу зебо мегардад.
Шоири шаҳир Аминҷон Шукӯҳӣ хеле хуб фармудааст:
Ҳар кӣ кард обод як саҳрои ноободро,
Ҳар ниҳол аз ҳиммати ӯ ёдгорӣ мешавад.
ИНОЯТ АДОЛАТОВ,
устоди Академияи ВКД,
Аълочии фарҳанги ҷумҳурӣ