Дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик китоби сеюми журналисти шинохта, муҳаррири шуъбаи маънавиёт, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва низоми кори рӯзномаи «Садои мардум» Тиллои Некқадам таҳти унвони «Устоди ҳунари актёрӣ» (Душанбе, «Ирфон», соли 2012) аз чоп баромад.
Китоби мазкур, ки ба ҳаёт ва фаъолияти ибратомӯзи яке аз шахсиятҳои шинохтаи соҳаи фарҳанги кишварамон профессор Аскар Абдураҳмонов бахшида шудааст, аз ҷониби муаллиф бо забони фасеҳу равон ва оммафаҳм пешниҳоди хонандагон гардидааст. Аз мутолиаи китоб ба осонӣ бармеояд, ки воқеан ҳам фаъолияти эҷодӣ- омӯзгории профессор Аскар Абдураҳмонов хеле пурмаҳсул будааст. Хонанда метавонад тавассути ин китоб аз давраҳои таҳсили ин устоди гиромӣ дар Донишкадаи давлатии санъати театрии шаҳри Москва ба номи А.В.Луначарский –ГИТИС то ба фаъолияти омӯзгории зиёда аз 40-солааш дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва эҷодиёти гуногунҷабҳаи эшон маълумоти саҳеҳ пайдо намояд. Табиист, ки ба қалам додани фаъолияти қариб 50-солаи ин гуна олими шинохта кори саҳлу осон нест ва аз муаллиф малакаву дониш, ҳунару истеъдоди баланди нигорандагиро тақозо менамояд. Хушбахтона ва бидуни муболиға метавон гуфт, ки Тиллои Некқадам бо хубӣ аз уҳдаи ин кор баромадааст ва тавонистааст, ки лаҳзаҳои ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамонро хеле устокорона, ба таври ҷолиб, асоснок ва ибратомӯз ба қалам бидиҳад. Бояд гуфт, ки ба шарофати мутолиаи китоби «Устоди ҳунари актёрӣ» хонанда метавонад доир ба бахшҳои гуногуни соҳаи фарҳанг, шахсиятҳои шинохтаи соҳа, ки аксарияташон шогирдони профессор Аскар Абдураҳмонов маҳсуб меёбанд, маълумоти кофӣ ҳосил намояд ва ин ҷиҳат қимати китобро боз ҳам афзудааст.
Тавассути китоби мазкур метавон дар бораи устодони барҷастаи санъати театри советӣ Олга Ивановна Пижова ва Борис Владимирович Бибиков, инчунин дастпарварони гурӯҳи дуввуми Студияи тоҷикии ГИТИС (солҳои 1955-1960) Ҳабибулло Абдураззоқов, Ҳошим Гадоев, Носир Ҳасанов, Маҳмуд Воҳидов, Тамара Абдушукурова, Фотима ва Соҷида Ғуломоваҳо, Мукаррама Камолова, Тӯрахон Аҳмадхонов ва дигарон маълумоти фаровон пайдо кард.
Боварӣ дорем, ки доир ба ин китоби арзанда ва пурмуҳтаво мутахассисони соҳа андешаҳояшонро иброз медоранд ва хонандагони гиромӣ аз мутолиаи он дониши фарҳангии хешро боз ҳам баланд мебардоранд.
Ёдовар мешавем, ки китобҳои «Журналистони Бадахшон» (Душанбе, «Нодир», соли 2005) ва «Дурахши кинои тоҷик» (Душанбе, «Ирфон» соли 2011) низ ба қалами журналисти хушсалиқа Тиллои Некқадам тааллуқ доранд.
Далер МЕРГАНОВ,
«Садои мардум»