Татбиқи «Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои солҳои 2006-2015» замина фароҳам овардааст, ки фаъолияти ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба марҳилаи нави рушди худ ворид гардад.
Миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз лиҳози сатҳи дониши муҳассилин, заминаи моддӣ-техникӣ, таъмини шаффофияти маъракаи қабул, равобити байналмилалӣ, сифати таълиму тарбия яке аз пешсафон маҳсуб меёбад. Мушоҳидаҳо гувоҳанд ва коршиносони соҳа низ тасдиқ менамоянд, ки шурӯъ аз соли 2006 инҷониб марҳилаи нави рушди донишгоҳ оғоз гаштаву ин раванд рӯз то рӯз тавсеа меёбад. Роҳбарияти ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тамоми пешравиҳои раванди фаъолиятро ба дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут медонанд. Онҳо ифтихор доранд, ки маҳз дар заминаи чунин дастгириҳо миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аввалин шуда, «Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои солҳои 2006-2015» дар сатҳи Ҳукумати мамлакат тасдиқ гардид.
То ин замон, бино ба гуфти масъулин, аз 25 банди ин барнома ба истиснои ду банд, ки татбиқашон танҳо ба салоҳияти донишгоҳ марбут нест, боқӣ ҳама дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гаштаанд. Табиист, ки дар ин раванд масъулиятшиносӣ ва поквиҷдонии раёсати донишгоҳ, таҳти роҳбарии ректори он — доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбонов низ нақши муассирро доро буда, чунин тарзи кор барои амалӣ намудани ҳадафҳои пешорӯ такони ҷиддӣ гардидааст. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки соли 2005 дар ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳамагӣ 27 компютери куҳна мавҷуд буду халос. Ҳоло бошад, теъдоди компютерҳо дар донишгоҳ 900 ададро ташкил медиҳад.
Аз соли 2006 инҷониб масоҳати биноҳои таълимии донишгоҳ 40000 метри мураббаъ зиёд шудааст. Дар ҳамин радиф, теъдоди ҷойҳои нишаст, ки соли 2005 ҳамагӣ 6000 буд, айни замон ба 15000 расидааст. Агар соли 2006 ҳамагӣ се монография аз ҷониби устодону кормандони донишгоҳ ба нашр расида бошад, пас давоми шаш соли охир теъдоди онҳо ба 43 адад расидааст. Тайи муддати зикршуда аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ 6898 таълифоти илмӣ, 216 пешниҳоди навоварӣ ва 96 ихтироот рӯйи кор омад. Аз шумораи кормандони донишгоҳ 141 нафар рисолаи номзадӣ ва 21 нафар рисолаи докториро бомуваффақият ҳимоя намуданд. Гуфтан бамаврид аст, ки наваду шаш ихтирооте, ки болотар зикр шуд,аз лиҳози моҳият хеле муҳим ва саривақтӣ буда, қисмати зиёдашон дар таҷрибаи корӣ маротибаи аввал мавриди истифода қарор гирифтаанд. Вале, дастоварди асосӣ ва беназири раванди фаъолияти донишгоҳ зери роҳбарии профессор Убайдулло Қурбонов таъмини шаффофият ва баргузории одилонаи маъракаи қабули имтиҳонот ба донишгоҳ маҳсуб меёбад, ки воқеияти он аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа эътироф гардидааст.
Далелҳо гувоҳи онанд, ки соли 2013 низ барои аҳли донишгоҳ дар тамоми самтҳои фаъолият бобарор буд. Синну соли миёнаи ҳайати профессорону омӯзгорон, ки яке аз омилҳои муҳим маҳсуб меёбад, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино айни замон 48 солро ташкил медиҳад, ҳол он ки ин нишондиҳанда соли 2005 ба 53 сол баробар буд. Дар ҳамин росто, шумораи омӯзгорони дараҷаи илмидошта низ тамоюли афзоишро касб намуда, аз 251 нафари соли 2005 ба 317 нафар расид. Ҳоло дар сохтори донишгоҳ 17 шуъба, 8 шӯро, 10 марказ ва 62 кафедра фаъолият мекунанд. Дар навбати худ кафедраҳои донишгоҳ аз рӯйи хусусияти таълимӣ ба кафедраҳои клиникӣ – 38 адад, кафедраҳои тиббӣ- назариявӣ – 15 адад ва умумитаълимӣ -9 адад гурӯҳбандӣ шудаанд. Роҳбарияти донишгоҳ аз он изҳори қаноатмандӣ менамоянд, ки иқдомоти онҳо дар ҷодаи баланд бардоштани сифати таълим самар овардааст.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки тибқи таҳлили натиҷаҳои ҷамъбастии хатмкунандагон соли гузашта 99,7 фоизи хатмкунандагон донишгоҳро бомуваффақият хатм намуданд. Сифати дарсазхудкунии хатмкунандагон 74,9 фоизро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 9,3 фоиз зиёд аст.
Ҳамчунин, дар соли сипаришуда дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни мактабҳои олӣ аз донишгоҳ 21 нафар аз рӯйи 12 фан иштирок намуданд ва 14 нафари онҳо ғолиб омаданд. Дар маҷмӯъ, муҳассилини донишгоҳ соҳиби ду ҷойи 1- ум, ҳафт ҷойи 2-юм ва панҷ ҷойи 3-юм шуда, дар ҷамъбасти даставӣ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино миёни мактабҳои олии кишвар мақоми дуюмро соҳиб шуд. Донишҷӯёни донишгоҳ дар Интернет — Олимпиадаи байналмилалӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил панҷ мақоми аввалро ишғол намуданд, ки дастоварди арзанда дар соли 2013 маҳсуб меёбад. Ҳамзамон, дар ин давра аз тарафи олимони ҷавон ва донишҷӯёни донишгоҳ 20 таълифоти илмӣ дар маҷмӯаи конфренсияҳои хориҷи кишвар ба табъ расид.
- Яке аз омилҳои асосии пешбурди фаъолияти муназзаму босамари макотиби олӣ таъмини маводи таълимӣ ва ғанӣ гардонидани фонди китобхона мебошад. Роҳбарияти донишгоҳ дар ин ҷода низ муваффақ ва пешсафанд. Давоми соли 2013 ба китобхонаи илмии донишгоҳ 25878 нусха адабиёти чопӣ ба маблағи умумии 584709 сомонӣ ворид гардид ва фонди умумии китобхона ба 701498 нусха адабиёти гуногунмавзӯъ расид. Аз ин теъдод 169153-тоашро маводи электронӣ ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, таъминот бо адабиёти таълимӣ бо забони давлатӣ 100 фоиз, бо забони русӣ 199 фоизро дар бар мегирад.
Нуктаи дигари муҳим амалӣ намудани як силсила иқдомот баҳри тавъам намудани назария бо амалия дар раванди таълим мебошад. Бо назардошти муҳимияти ин омил, дар заминаи ташаббуси раёсати донишгоҳ ва дастгирии молиявии Дафтари швейтсарии ҳамкорӣ оид ба рушд дар доираи татбиқи Лоиҳаи ислоҳоти барномаҳои таълимии факултети тиббӣ, соли гузашта Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ таъсис ёфт, ки он бо ҷадидтарин воситаҳои амалии таълим муҷаҳҳаз шудааст. Маркази малакаҳои амалӣ дар давоми як соли фаъолияти худ ба беш аз панҷ ҳазор нафар донишҷӯёни донишгоҳ имконият фароҳам овард, ки маҳорати худро такмил диҳанд.
Бо мақсади ҳавасманд намудани донишҷӯён ва баланд бардоштани завқи онҳо ба донишандӯзӣ ҳамасола аз тарафи раёсати донишгоҳ барои донишҷӯёни бо баҳои хубу аъло таҳсилкунанда ва фаъол 50 стипендияи номӣ ҷудо шудааст.
Роҳбарияти донишгоҳ дар заминаи истифодаи босамар ва мақсадноки маблағҳои хусусӣ, ҳамрадиф бо беҳтар намудани нишондиҳандаҳои тамоми самтҳои фаъолият, инчунин баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми зиёди хайриявиро ба анҷом расонид. Барои мисол, тӯли соли гузашта барои 29 нафар ятимони кулл ба маблағи зиёда аз 13 ҳазор сомонӣ сару либоси мавсимӣ харидорӣ карда шуд. Онҳо ҳамчунин ҳамарӯза бо хӯроки яквақта ва дигар кумакҳои моддию маънавӣ таъмин карда мешаванд.
Инчунин аз ҳисоби маблағҳои хусусӣ ҳар моҳ ба ҳар як донишҷӯйе, ки ятими кулл маҳсуб меёбад, 100 сомонӣ кумакпулӣ ва баъди ҳар шаш моҳ ба ин маблағ боз 80 сомонӣ таври илова пардохт мешавад. Бо мақсади ба корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва минбаъд ба зинаҳои ординатура ва аспирантура ҷалб намудан дар шуъбаи илм ва инноватсияи донишгоҳ рӯйхати ятимони кулл тартиб дода шудааст, ки айни замон таҳти омӯзиш ва ҷобаҷогузорӣ қарор дорад.
Ҳамзамон аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ шуъбаи муолиҷавии донишгоҳ вазифадор шудааст, ки донишҷӯёни ятимеро, ки хоҳиши баъди машғулиятҳо кор кардан доранд, дар муассисаҳои тиббии пойтахт бо ҷойи кор таъмин намояд.
Бояд қайд намуд, ки солҳои охир талабот ба хобгоҳ рӯз аз рӯз меафзояд ва айни замон наздики 50 фоизи муҳассилини донишгоҳ ба хобгоҳ ниёз доранд. Бо дастгирии бевоситаи Президенти ҷумҳурӣ дар натиҷаи ба тавозуни донишгоҳ бозпас гардонидани ду хобгоҳи дар ихтиёри дигар ташкилоту идораҳо қарордошта ин мушкилот то андозае ҳалли худро пайдо намуд. Айни замон имкони таъмини зиёда аз 1440 нафар бо хобгоҳ фароҳам омадааст. Давоми соли 2013 олимони донишгоҳ 17 монография, 45 пешниҳоди ратсионализаторӣ, 6 ихтироот, 9 китоби дарсӣ, 14 лоиҳаи илмӣ ва 1340 таълифоти илмӣ эҷод ва ихтироъ намуда, ба қайд гирифтанд.
Кормандони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ҳамрадиф бо фаъолияти таълимиву тарбиявӣ ва илмию тадқиқотӣ, корҳои муолиҷавию машваратиро низ сарбаландона ба сомон мерасонанд. Донишгоҳ дар барқарорсозии саломатии аҳолии ҷумҳурӣ саҳми муассир дорад. Кормандони донишгоҳ ба муассисаҳои табобатӣ ёрии сарпарастӣ – машваратӣ расонида, ҳамзамон ба ниёзмандон кумаки тахассусии муолиҷавию профилактикӣ мерасонанд. Илова бар ин, ҳайати профессорони кафедраҳои клиникии донишгоҳ дар таҳия ва татбиқи як қатор барнома ва стратегияҳои давлатӣ, ки ба соҳаи тандурустии кишвар бахшида шудаанд, фаъолона иштирок менамоянд. Давоми соли 2013 аз тарафи кормандони донишгоҳ ба 49 ҳазор бемор ёрии ташхисию табобатӣ ва машваратӣ расонида шуд, ки аз ин миқдор 13 ҳазорашро амалиёти ҷарроҳӣ ташкил медиҳад. Масалан, ректори донишгоҳ, профессор Убайдулло Қурбонов, сарфи назар аз он ки масъулияти роҳбарӣ ва раисии Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа ба зиммааш аст, давоми муҳлати зикршуда 280 ҷарроҳиро дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намудааст. Дастоварди дигари арзандаи аҳли донишгоҳ дар ин давра бомуваффақият табобат намудани 22 нафар бемор бо усули ҳуҷайрадармонӣ мебошад. Дар ҳамин радиф, трансплантатсияи ҷигару гурдаҳо ва аутотрансплантатсияи мӯйи сар низ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.
Соли гузашта барои амалӣ намудани корҳои сохтмон ва таъмиру таҷдид аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, хусусӣ ва хайриявӣ 4,8 миллион сомонӣ ва барои хариди таҷҳизот 2,9 миллион сомонӣ сарф шудааст. Икдомоти мазкур шароит фароҳам меорад, ки раванди фаъолият дар ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ боз ҳам беҳтар шавад. Омӯзиши амиқи фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино собит намуд, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва поквиҷдонона кору пайкор намудани роҳбарияти дилхоҳ муассиса ё ташкилот омили асосии пешрафт аст. Ҳамон тавре ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд: «Барои ободкорӣ завқ доштан лозим аст ва Ватанро на танҳо бо сухан, балки бо қалб дӯст доштан мебояд».
Далер Мерганов, «Садои мардум»