Асппарварӣ байни дигар соҳаҳои чорводорӣ ҷойгоҳи махсуси худро дорад. Бо вуҷуди он ки дар раванди таърих техникаю технологияҳои нав, нақлиёти гуногун пайдо шуд, аммо асппарварию аспсаворӣ аз байн нарафт.
Дар маводи зер мо тасмим гирифтем, ки роҷеъ ба аҳамияти асп дар тақвияти саломатӣ андешаҳои хешро баён созем. Тавре маълум аст, ҳоло дар ҷомеаи башарӣ хуруҷи ҳар гуна бемориҳо ба назар мерасад ва беморон барои муолиҷа маблағҳои зиёде сарф мекунанд. Аммо намедонанд, ки дар баъзе ҳолатҳо ин ҷонвари зебо метавонад ба дардашон даво бошад.
Дер боз калимаи иппотерапия ҳамчун муолиҷа бисёр машҳур шудааст. Дар кишварҳои Ғарб ин усул қариб ним аср боз маълуму машҳур аст. Ҳанӯз Гиппократ дар замони худ чунин гуфта буд: «Аспсавориро машқ кунед, то ки монанди асп бардаму солим бошед». Одатан аспҳоро ҳама нағз мебинанд. Сайр кардан бо асп ба ҳама фоида дорад. Махсусан манфиати он ба маъюбон беҳамтост. Табибоне, ки усули иппотерапияро истифода мебаранд, мегӯянд, ки аспсаворӣ ба одамони солим ҳам муфид аст. Имрӯз муолиҷа бо аспсаворӣ мавқеи худро байни машқдиҳии муолиҷавӣ ва психотерапия пайдо кардааст. Агар аспро ҳамчун воситаи барқароркунии саломатӣ ҳисоб кунем, бешубҳа, он ҳамчун як «тренажёр»-и беҳамто аст. Вақте ки одам дар болои аспи ҳаракаткардаистода қарор дорад, ӯ ҳама вақт кӯшиш менамояд, ки мувозинати худро тавассути кори мушакҳои тахтапушт, бадан ва ғайра идора намояд. Банду буғуми кос самти ҳаракати онҳо болову поён, ба қафо ва ба пеш сутунмуҳраро ба ҳаракат дароварда, ба қадри кифоя мушакҳоро ба кор медароранд. Хунгардӣ баланд шуда, таври мувофиқ ғизогирии ҳамаи органҳо, аз он ҷумла мағзи сар ва пойҳо таъмин мешавад.
Аспсаворӣ ба занҳо боиси пешгирии ҳар гуна касалиҳои гинекологӣ мегардад. аспсаворӣ ба одамони гирифтори бемории қалб, баъди сактаи дил ва гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ низ фоида дорад. Ҳангоми ба асп савор шудан хунгардии бадан даҳ маротиба меафзояд. Такон додани ҷисм барои муолиҷаи фарбеҳӣ ва касалии селюлит беҳамто аст.
Бесабаб нест, ки мардуми ориёинажод аз қадимулайём ба ин ҷонвари зебо дилбастагӣ доштанд.
Биноан, моро зарур аст, аз он баҳри беҳбудии саломатӣ таври густурда истифода намоем. Арабҳо гуфторе доранд: «Худованд аспро офарид ва ба вай гуфт: «Ба ту ягон ҳайвон баробар шуда наметавонад, тамоми ганҷи дунё байни чашмони ту ҷой мегиранд. Ту бандагони маро дар болои худ мегардонӣ. Аз болои тахтапушти ту ба ман дуову дуруд мефиристанд. Ту дар рӯи замин хушбахттарин ва пурарзиштарин махлуқот мешавӣ. Чунки барои ту меҳри ман то абад боқӣ хоҳад монд».
Арбобмирзо ШАМСИЕВ, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор