Ҳар як кишвар бо истифода аз қобилияти роҳбарии сарвари он рушду тараққӣ мекунад. Ҳизбҳо ва гурӯҳҳое, ки дар рақобат бо ҳамдигар қарор доранд, танҳо афкори сиёсии аҳолиро истифода намуда, барои беш аз пеш мавқеъ гирифтан ба боварии интихобкунандагон талош меварзанд. Зимнан Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба мавзӯи ифротгаройӣ дар миёни ҷавонон рӯй оварда, зикр намуданд, ки «дар ин марҳалаи ҳассос мо бори дигар бо ҷиддият эълон медорем, ки ҷонибдори сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон буда, терроризм, экстремизм ва радикализмро қатъиян маҳкум менамоем ва тавассути донишу фарҳанги миллии худ бо ҳама гуна зуҳуроти номатлуб мубориза мебарем». Ҳамзамон Президенти кишвар борҳо таъкид карда буданд, ки «мо бояд тибқи суннату анъанаҳои гузаштагонамон таҳаммулгаро бошем». Набояд фаромӯш кард, ки мазҳаби суннатии мардуми тоҷик – мазҳаби ҳанафӣ аз ҳар гуна ифроту тафриқаандозиҳо ва тундгаройиҳо дур аст ва зуҳуру фаъолгардии гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро гувоҳ аз бегона будани онҳо ба халқу миллати мо мебошад ва пири ин мазҳаб Имоми Аъзам дар ҷое ин нуктаро таъкид менамояд, ки «ҳукмҳоро аз Китоби ӯ гиред» (ишора ба Қуръон). Пас дар Китоби осмонӣ мавриди тафриқа сухане намеравад ва исломро ягона бояд донисту муслиминро бародар хонд.
Воқеан, имрӯз даъвоҳои беасоси ҲНИТ ва баъзе аз коршиносони ватанӣ касро ба фикр кардан водор месозад. Масалан, дар сомонаи интернетии ҲНИТ дар мавриди рафти ҷаласаҳои ҳизбӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ иттилооте пахш мекунанд, ки ба ҷуз аз танқиди беасоси мақомоти давлатӣ чизи дигареро, масалан, дар мавриди воқеият ва ё дастовардҳои ин ҳизб, дарнамеёбем. Тавре аз муҳтавои ҷаласаи ҳизб дар ноҳияи Рӯдакӣ маълум мешавад, ин ҷаласаҳо мунтазам набудаанд ва шояд доир кардани он ба хотири таблиғ ва рекломи ҳизб бошад, ки дар хабар мехонем: «Дар фарҷоми ҷаласа муовини аввали раиси ҲНИТ Сайидумар Ҳусайнӣ ҳам оиди ба танзим даровардани ҷаласаҳо ва фаъолиятҳои бахш дар асоси таҳияи барномаҳои моҳонаи корӣ тавсияҳои судманд пешниҳод карда…».
Ё ин ки хабарнигор меорад: «Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ зимни суханронии худ вуҷуди як ҳизби сиёсӣ ва исломиро барои ҷомеаи Тоҷикистон зарурати замон ва лозим барои пуштибонӣ аз ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ дониста, афзуд: «ҲНИТ аз лиҳози қонунӣ ва аз лиҳози шариати исломӣ мушкил надорад ва тамоми фаъолияти ҳизб дар чорчӯбаи қонунҳои ҷорӣ ва ислом анҷом шудаанд». Таваҷҷуҳ менамоям ба ишораи «аз лиҳози шариати исломӣ мушкил надорад» . Фиттаи «машҳур»- и Саидиброҳим ва ҷаримасупории ӯро агар ин ҳизб фаромӯш карда бошад, мардум фаромӯш накардааст. Ё шояд «бародарони исломӣ»-и мо онро дар доираи шариати «навэҷоди худ ё мазҳаби «наҳзатӣ» — и худ медонанд?
Магар ин киноя ба хотири ба даст овардани манбаи нави даромад аз ҷониби афроди хориҷӣ нест? Номуваффақии эшон, пеш аз ҳама, дар он аст, ки онҳо зимни баёни мақсадҳои нопоки худ аз номи халқ истифода менамоянд.
Аз ин рӯ, мо — аҳли кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, ҷавобан ба онҳо гуфтанӣ ҳастем, ки мардуми тоҷик имрӯз фарсахҳо аз найрангҳои шумо дур рафтаанд ва ба хитобҳои шумо, ба ҷуз душманони миллат, касе таваҷҷуҳ наменамояд. Авантюраи навбатии шумо нафрати моро нисбати ҲНИТ даҳчанд намуд. Аз ин ҷост, ки боисрор гуфтанӣ ҳастем: ба имрӯзи сахти худ ва мағлубият дар арсаи сиёсат мақомоти давлатиро гунаҳкор накунед!
И.Т. ҚОСИМЗОДА, ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, доктори илми педагогӣ,
Хосият ОЛИМӣ, дотсент, номзади илми филология