Ҳафтаи гузашта дар асоси нақшаи кории комиссияи доимӣ оид ба қонуният ва тартиботи ҳуқуқии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом дар литсейи касбии саноати кишоварзии шаҳр вохӯрии вакилон бо хонандагони таълимгоҳ баргузор гардид. Онро муовини сарвари таълимгоҳ Эргашбой Узоқов ифтитоҳ бахшида, ҳадафи баргузориро шарҳ дод.
Сипас, раиси комиссияи доимӣ оид ба қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом Баҳодурҷон Саидов баромад намуда, оид ба рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқу уҳдадориҳои ҷавонон, имтиёзҳои онҳо ба таҳсилу интихоби касб ва ғайра сухан ронд.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ, аъзои комиссияи доимӣ оид ба қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ Рауфҷон Бобоҷонов зикр кард, ки имрӯз дар кишвар барои ҷавонон тамоми шароит фароҳам шуда, онҳо бо истифода аз ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ соҳиби илму ҳунар ва касби дилхоҳ мегарданд. Аммо баъзе ҷавонони гумроҳ ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ҳамроҳ шуда, ба амнияти халқу миллатҳо халал ворид месозанд. Мутаассифона, солҳои охир гаравидани баъзе ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ афзуда, оқибатҳои ногувор пеш меорад. Ифротгароён фаромӯш мекунанд, ки бо амалҳои нангин ҳаёти худ ва дигаронро низ зери хатар мегузоранд.
Хонандагони литсей суханронии вакилонро хуб истиқбол намуда, амали гумроҳонаи ҷавонони ба гурӯҳҳои ифротӣ шомилгардидаро маҳкум карда, ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»