Имрӯзҳо дар тамоми муассиса ва идораву корхонаҳои кишвар омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26 апрели соли 2013) бо мароқи том ҷараён дорад. Роҳбарияти филиали ҶСК «Тоҷиктелеком» — Шабакаҳои телефонии шаҳри Душанбе низ ин ҳуҷҷати сарнавиштсозро мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор дода, вобаста ба он маҳфилҳои сиёсӣ ва вохӯриҳо доир менамоянд. Омӯзиши Паёми имсола, бахусус ба ҷавонон, манфиати зиёд дорад, зеро Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба ҷавонон таваҷҷуҳи бештар намудааст.
Вобаста ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ бо сардори шуъбаи техникии Шабакаҳои телефонии шаҳри Душанбе, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур аз ҳавзаи интихоботии рақами 32 Махфират Давлатова ҳамсуҳбат шудем.
- Бешубҳа, Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бисёр ҷиҳатҳояш бартарӣ дорад. Мо инро пас аз муҳокимаву омӯзиш дар корхонаамон ба хубӣ эҳсос намудем. Ҷаноби Олӣ бахусус ба тарбияи насли наврас, ҷавонон, дастгирии занон ва нақшу мақоми онҳо дар ҷомеа, саҳми ҷавонон ва занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, муфассал андешаҳояшро иброз дошт:
«Ҳукумати кишвар бо мақсади ҳалли масоили ҷавонон ва насли наврас аз оғози истиқлолият то имрӯз ҳама чорабиниҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Зеро ҷавонони солим ва соҳибкасбу ихтисосманд давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Дар баробари ин, ҳоло дар назди ҷавонон масъалаҳое қарор доранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ дарку ҳалли онҳо аз ҷавонони мо дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва самимона дӯст доштани Ватанро талаб менамояд».
Роҳбарияти корхонаи мо низ аз пайи онанд, ки ҷавонону духтарони соҳибкасб, ватандӯст ва аз ҷиҳати сиёсӣ пухтаро, ки айни замон дар шабакаҳои телефонии шаҳри Душанбе кор мекунанд, боз ҳам хубтар тарбия намоем. Зеро онҳо дар асл ҳам давомдиҳандаи кори ветеранҳои меҳнат мебошанд, — афзуд ҳамсуҳбатам.
- Кори асосии шуъбаи мо истифода ва баҳисобгирии иншооти алоқа мебошад. Ба ин дохил мешаванд чоҳҳои алоқа, шабақаҳои телефонӣ, симчӯбҳо, ҷевон, қуттиҳои тақсимотӣ ва ба ин монанд. Ҳар кадом шуъбае, ки корашро анҷом дод, ҳатман ба мо – шуъбаи техникӣ маълумот медиҳад. Пеш аз истифодаи нуқтаҳои телефон ё истгоҳҳои автоматии телефонӣ кормандону мутахассисони шуъбаамон рафта, объекти нав ба истифода додаро қабул карда, онро ба ҳуҷҷатҳои шуъбаамон ба қайд мегиранд. Яъне, ба муштариён имкониятҳои техникӣ медиҳем.
Барои гузаронидани нуқтаҳои телефон ҳар рӯз даҳҳо муштариён ба шуъбаи мо муроҷиат мекунанд. Мо онҳоро ноумед накарда, то қадри имкон кӯмак мерасонем.
Мутахассисони шуъбаи техникӣ ба нишонии муштариён рафта, вазъи техникии хонаро меомӯзанд. Оё дар қуттии тақсимоти назди хонаашон ё болои симчӯбҳо нуқтаи холии телефонгузаронӣ ҳаст ё не? Агар қуттиҳои тақсимотӣ пур бошад, аз қуттиҳои эҳтиётӣ ё холии ҳамсояхонаашон хати нав мегирем. Коре карда, муштариёнамонро ноумед намекунем. Дар ин кор саҳми мутахассисони ҷавони шуъбаамон хеле назаррас аст.
Шумораи муштариёнамон имсол ба 115 ҳазору 403 нафар расид. То моҳи майи соли ҷорӣ шумораи истгоҳҳои автоматии телефонӣ — АТС то 20 адад боло рафт. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки кормандону мутахассисони шабакаҳои мо софдилона кор мекунанд ва ягон нафар муштариро ноумед намекунанд.
Пас аз Паёми имсола ман, чун вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур, масъулиятро дучанд ҳис мекунам. Аллакай бо интихобкунандагонам аз кӯчаҳои Аҳмади Дониш ва Бедил (собиқ кӯчаи Шаумян)-и шаҳри Душанбе, маҳалли аҳолинишини гардиши аэропорт вохӯриҳо доир намуда, муҳтавои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба онҳо боз ҳам равшантар намудам.
Дар баробари ин, бо мушкилоти ҷойдошта шинос шудам. Бештари дархосташон ҳалли худро ёфтанд.
Интихобкунандагонам Паёми имсоларо хуш истиқбол намуданд, зеро ҳар банди он баҳри некуаҳволии мардум нигаронида шудааст. Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба мавқеъ ва манзалати зан таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, аз ҷумла чунин зикр намуданд:
«Доир ба масъалаҳои вобаста ба дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусу ибтикороти занон, ки аз ҷониби Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, инчунин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ ва нақшу мақоми онҳо дар ҷомеа ҳангоми мулоқот бо намояндагони занону бонувон ба муносибати Рӯзи модар дар назди вазорату идораҳои марбута супоришҳои дахлдор гузошта шуданд.
Хотирнишон месозам, ки иҷрои саривақтии онҳо боиси боз ҳам фаъол гардидани занону бонувони мо дар ҳаёти ҷамъиятӣ, пешрафти ҷомеа ва афзудани саҳми онҳо дар раванди ободкории кишварамон мегардад».
Баъди чунин таваҷҷуҳ ва ғамхории самимонаи Сардори давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутахассисони мо, ҳам занон ва ҳам ҷавонони Шабакаҳои телефонии шаҳри Душанбе, зери роҳбарии сардорамон Саъдӣ Нурмаҳмадович Одинаев дучанд меҳнат карда, дар амалӣ гардонидани ҳар як нуктаи Паёми имсола саҳми хешро хоҳем гузошт,- гуфт дар хотима сардори шуъбаи техникии ШТШД-и филиали ҶСК «Тоҷиктелеком» Махфират Давлатова.
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»