Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам бо устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ сурат гирифт.
Ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов мулоқотро ҳусни оғоз бахшида, зикр кард, ки чанд рӯз пештар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва мусоидат ба беҳдошти шароити иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд қарор доштанд. Номбурда афзуд, ки ифтитоҳи Маҷмааи таърихӣ — фарҳангии Нақибхон Туғрал ва Қасри фарҳанг дар ноҳияи Айнӣ, роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакент, ба фаъолият оғоз кардани зеристгоҳи барқӣ, ба истифода додани хатти баландшиддати интиқоли неруи барқ дар шаҳри Қайроққум, кушодани корхонаҳои заршӯйиву маъдантозакунӣ, шиносоӣ бо корҳои саҳроӣ дар шаҳри Панҷакент, оғози корҳои обёрии заминҳо, мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои истиқоматӣ барои афсарон дар ноҳияи Ғончӣ, оғози корҳои сохтмонӣ дар шаҳраки навбунёди Баҳористон дар Истаравшан ва дигар тадбирҳои созандагӣ ба барномаи сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд шомил буданд.
Ҳадаф аз гузаронидани чорабинии мазкурро номбурда мулоқоти ошкоро бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ, ки аз сиёсати имрӯзаи роҳбарияти Давлату Ҳукумат пуштибонӣ намуда, дар ҳаёти сиёсии кишвар нақши бориз доранд, арзёбӣ намуд.
Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам гуфт, ки қонеъ гардонидани талаботи ҷавонон дар меҳвари сиёсати Президенти мамалакат қарор дорад ва ба ин қишри ҷомеа дар татбиқи сиёсати давлатӣ эътимод зиёд аст.
Мавсуф аз дастовард ва имтиёзҳои ҷавонон ёдовар гардида, ҳамчунин иттилоъ дод, ки ба наздикӣ Шӯрои миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҷавонон таъсис дода мешавад, ки ҳадафи аслии он мусоидат ба ҳалли мушкилоти ҷавонон аст.
Сипас, иштирокдорони мулоқот суолҳо ва пешниҳодоти худро арз намуданд. Абдуллозода Аҳтам Рустам ба устодон ва ҷавонони фаъоли донишгоҳ Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов дар анҷоми чорабинӣ гуфт, ки раёсати донишгоҳ тамоми иқтидори зеҳнии устодону донишҷӯёни худро барои пешбурди ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии мамлакат равона намуда, кадрҳои ватандӯсту меҳанпарвар, кордону масъулиятпеша омода менамояд.
Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»