Ҷавонон ва истиқлолияти давлатӣ

№ 05.09.2022

Соли ҷорӣ миллати сарбаланду тамаддунофари тоҷик 31-умин солгарди ҷашни сарнавиштсози миллӣ — Истиқлолияти давлатиро таҷлил менамояд. Маҳз соҳибистиқлолӣ дар бунёди давлатдории навин, рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои миллии мо заминаи боэътимод гузошт.

Истиқлолияти давлатӣ, чун рамзи саодату асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат дар ҳаёту зиндагии миллати тоҷик дигаргунии куллӣ ба бор овард. Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ миллати мо соҳиби рамзҳои давлатӣ — Парчам, Нишон, Суруди Миллӣ ва Конститутсия шуд. Ҳамчунин, кишвари мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардида, ҷойгоҳи хосро соҳиб шуд.

Истиқлолияти давлатӣ ба ҳаёти ҷавонон пайванди ногусастанӣ дошта, ба ҳаёту фаъолияти онҳо тавъам мебошад. Зеро ҷавонони кишвар, ки қисмати асосии аҳолиро ташкил медиҳанд, зодагон ва тарбиятёфтагони замони соҳибистиқлолӣ мебошанд. Ҷавонони кишвар дар партави истиқлолияти давлатии Ватан бо ҳувияти миллӣ ва ғурури ватандорӣ дар беҳтарин шароит ба воя расида, дар соҳаҳои гуногун кору зиндагӣ доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун роҳбари ҷавонпарвар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ рушд, ташаккул ва ҳаёти хуррамонаи ҷавононро ҷузъе аз сиёсати дурбинонаи хеш қарор дода, ин қишри аъзами кишварро пайваста роҳнамоӣ менамоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста бо ҷавонон вохӯрӣ анҷом дода, дар суханрониҳои хеш дар бораи рӯзгор ва фаъолияти онҳо ибрози назар менамоянд. Аз ҷумла, Роҳбари мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба ифтихори 25 — солагии Истиқлолияти давлатӣ иброз дошта буданд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҷавону ҷавонон буда, синни миёнаи аҳолӣ 24 сол ва 70 фоизи сокинони онро шахсони синни то 30 — сола ташкил медиҳанд. Бо дарназардошти ин, мо аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият ба татбиқи сиёсати давлат доир ба ҷавонон ҳамчун неруи фаъоли ҷомеа афзалияти бештар муқаррар намудем. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ мо дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ тамоми шароити заруриро муҳайё намуда, барои амалӣ гардидани ташаббусҳои онҳо заминаи мусоид фароҳам овардем».

Ҷавонон низ дар тӯли солҳои соҳиб­истиқлолӣ бо истифода аз шароити мусоид ва сулҳу осоиштагии кишвар чун қишри ояндасоз як тану як ҷон паи илму донишанду имрӯз ҳар яке дар самти хеш муваффақанд. Маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ баҳри илмомӯзии ҷавонон ҳама шароит муҳайё гардид. Ин аст, ки ҷавонон имрӯз ҷиҳати аз худ намудани илму донишҳои гуногуни мувофиқ ба талаботи замон дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар таҳсил намуда, бархеи дигар дар муассисаву донишкадаҳои бонуфузи кишварҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд. Самараи соҳибистиқлолии кишвар аст, ки имрӯз ба ҳар соҳае назар кунем, дар баробари дигар қишри ҷомеа ҷавонон низ бо дасту дили гарм паи кору пайкоранд ва содиқонаву софдилона фаъолият карда, дар рушди Ватанамон саҳми муносибу арзанда гузошта истодаанд. Аз ҷаҳду талош ва фаъолияти намунавии онҳо эҳсос мегардад, ки ин қишри ояндасози ҷомеа дар зери ливои истиқлолияти давлатӣ бо боварии комил ба сӯи фардои дурахшон қадамҳои устувор мегузоранд.

Дастгирӣ ва таваҷҷуҳ дар самти ҷавонон тамоюли афзоишро касб намудааст. Чуноне Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Мо дар роҳи ҳифзи истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати муосиру пешрафта нақши ҷавононро хеле муҳим медонем ва минбаъд низ кӯшиш мекунем, ки вазъи иҷтимоиву иқтисодии наслҳои наврасу ҷавонро беҳтар гардонем ва барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо тамоми шароити заруриро муҳайё созем. Дар баробари ин, зарур мешуморем, ки ҷавонон сабақҳои истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи хешро дуруст аз худ намоянд, Ватан, миллат, истиқлолият ва рамзҳои давлатӣ, инчунин, забон ва фарҳанги худро эҳтиром намоянд ва самимона дӯст доранд».

Шоистаи таҳсин ва боиси ифтихор аст, ки ҷавонони мо имрӯзҳо дар заминаи истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳу дастгириҳои Пешвои миллат фаъолияти босамару созанда дошта, дар рушди кишвари азизамон саҳми шоёни худро гузошта истодаанд. Бешак, ин раванд  бардавом буда, минбаъд низ ин қишру ҷомеа дар пешрафти мамлакат фаъол хоҳанд буд.

Қувватзода Ҳасан Акрам,

сардори шуъбаи автоматикунонии низоми таълим ва тестии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон