Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Авранги тоҷикон

№42 (4782) 05.04.2024

Авранг — копияДар замони истиқлоли давлатӣ барои ифтихор аз гузаштаи бою ғанӣ ва арзишҳои гаронбаҳои миллӣ имконияти мусоид фароҳам омад. Замина муҳайё гардид, ки дар муқобили таърихнигорони ғаразманду таҳрифкор баҳри эҳё ва ҳифзи фарҳанги бисёрас­раи худ фаъолу устувор бошем. Дар ин ҷода на танҳо таърихшиносон, балки ҳунармандону донишварони соҳаҳои дигар низ саҳм мегиранд. Меъмор Азизиён Самӣ Солӣ аз ҷумлаи онон мебошад, ки бо офаридаҳои хеш эҳсоси худшиносӣ ва ватанпарас­тии сокинонро меафзояд.

Эҷоди ӯ амсилаи «Тахти тоҷикон», тахти рамзии шоҳ Исмоили Сомонӣ, ки аз чӯб сохтаву бо тилло андуда шудааст, толори Маҷмааи «Истиқлол»-ро шукӯҳу фар ва зинат мебахшад. Ба шаҳрвандон намод аз гузаштаи пурғановату таърихи шарафмандро ёдовар мешавад ва барои меҳмонони кишвар маълумотномаи ҷолибест аз саҳифаҳои дурахшони давлатдории гузаштаи тоҷикон. «Тахти тоҷикон» намунаи барҷастаи давлатдории тоҷикон мебошад. Кашфи мардумест, ки империяҳои нахустинро бунёд намудаанд. Муаллифи лоиҳа ҳадафи дақиқу равшан дорад. Ба тариқи рамзию шартӣ тахт ба бунёдгузори давлати асримиёнаи тоҷик Исмоили Сомонӣ бахшида шудааст, вале атрибут ва рамзу намодҳо даврони қадимаи тоҷикро мунъакис мекунанд. Ҳине ки аз боби тахту тоҷ сухан меравад, ишораи меъмор ба нахустин поягузорони кулоҳу камар ва маснаду тоҷ низ ҳаст, ки намунаи олиашро ҳаким Фирдавсӣ сутуда:

Чунин гуфт, к- оини тахту кулоҳ,

Каюмарс оварду ӯ буд шоҳ.

Бар тахт нишастани баргузидагон ва оини сарварӣ расм шуд, ки аз нахустинҳо Сиёмак буду Ҳушангу Таҳмурасу Ҷамшед. Ва дар оини Ҷамшед ҳаким Фирдавсӣ фармудааст:

Баромад бар он тахти фаррухпадар,

Ба расми Каён ба сараш тоҷи зар.

Аз ҳамон овон буд, ки тахт маъмул гардид. Ва пасон дар фарҳангномаҳо ҷойгоҳ ёфт: «Нишемангоҳ бо чаҳор поя аз ҷинси чӯб (филиз ва …) ба шаклҳои мустатил ё мураббаъ» ва «Ҷойгоҳи вижаи подшоҳ ба ҳангоми бори ом». («Фарҳанги Муъин»). Дар «Фарҳанги форсии Амид» дар баробари шарҳи афзунтар, ки вожаи паҳлавист, муродифашро аврангу сариру маснад медонанд. Дар «Таърихи Байҳақӣ» дар мавриди зебу орои тахт омадааст, ки расми пешиниёнро пойдор доштаанд: «Тахте ҳама аз зари сурх буд ва тимсолҳо ва суратҳо чун шохаҳои набот аз вай барангехта». Авранг намод аст, ки таърихро таҷассум мекунад ва рушди марҳилаҳоро намоён месозад. Дар осори бостоншиносӣ, сарчашмаҳо ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ аз шукӯҳу шони тахту кулоҳдорон ёдовар мешаванд.

Ба тахташ яке муҳраи оҷ буд,

Пур аз рангу пайкар дигар соҷ буд.

Расму анъанаҳои ниёкон дар офаридаи меъмор Азизиён Самӣ Солӣ ва гурӯҳи эҷодӣ бо вусъати андеша ҳувайдо аст. Тахт дар миёни чортоқ ва сутунҳои чӯбини аз сангҳои маҳаллӣ ороёфта ҷой дода шудааст, ки намунаи қасри муҳташами шоҳонро ифода мекунад. Муаллиф тахту тоҷро ҳамчун атрибути давлатдорӣ таҷассум менамояд. Аз ин рӯ, тоҷи заррин дар уруҷи тахт маҷмааро шукӯҳ мебахшад, ки бо сангҳои арзишманд: алмос (рамзи сарвату хушбахтӣ), тиллои зарду сафед (дороӣ ва рӯшноӣ), ёқут (рамзи ҳунару истеъдод, муҳофизи хонаю дар), ёқути нилин (рамзи осмон, хирад, неру) ва лаъли Бадахшон (умеду дурахшонии сарнавишт) зинат ёфтааст. Бо сангҳои арзишманд оро додани тоҷ низ аз анъанаҳои хеле куҳани ниёкон буда, ки ҳар як санг мазмуну моҳият дошта, соҳибтоҷро ба саодат ва хушбахтӣ мерасонад. Тоҷ намоди шоҳӣ ва қудрату тавоноист, ҳамзамон, ишора дорад бо унвони миллати тоҷдору шарафманд. Зебу фар бахшидани намоди салтанат, тахт, тоҷи шоҳон, парчам аз шукӯҳу шон, тавону бузургии шоҳони ориётабор ва сарвату мулку мардум ба шумор мерафт.

Рӯйи тахт амуди салтанат — гурзи тиллоӣ намоён аст, ки бо нурҳо — шабеҳи нахҳои зардӯзӣ бо тоҷи шоҳона мепайвандад. Муаллифи лоиҳа бо ин восита гузаштаро бо имрӯз алоқаманд сохтааст. Нахнурҳои ба шуои офтоб шабеҳ 68 адад мебошанд, ки ишора ба шумораи шаҳру навоҳии Тоҷикистони навин аст. Дар ин миён хати сужа бо анъанаи ниёкон қавитар мегардад. Бар фазои маҷозӣ симурғ омодаи болафшонист. Ҳамоне ки ҳангоми мушкилот ва фоҷиаи паҳлуи паҳлавонони ориёист. Симурғ — рамзи хушбахтӣ ва ҳофизу нигаҳбони тахт дар ду тараф ҷойгоҳ дорад, ки дар асотир ва таърихи миллат манзалати азим касб кардааст. Расми парастиши симурғ дар нигораҳои аҳди қадим ва зарринолоти Тахти сангин муҷассам буда, далели муқаддас будани паранда дар рӯзгори қадим аст.

Дар пушти тахт сутунҳои қатори устувор намунаи барҷастаи такягоҳи давлатдорӣ ва амонӣ аз ҳаводис ва падидаҳои табиию иҷтимоӣ мебошанд. Онҳо шукӯҳу шон низ будаанд, ки дар иморатҳои замони куҳан бори рамзӣ мекашанд. Ончунон, ки дар шаҳристонҳои куҳан (Балху Тахти Ҷамшед) сохта мешуданд. Сутунҳо бо нақшу нигори миллӣ оро ёфта, бо сангҳои қиматбаҳои конҳои Тоҷикистон музайянанд. Тахайюли меъмор дар нуқтаи дигар барҷаста аён мегардад, ки сутунҳо на танҳо пештоқро шукӯҳ мебахшанд, балки кураи Заминро муттакоанд. Мешавад ҳадс зад, ки сарнавишти инсонҳо ва замини ягона бо давлату давлатмардони одилу соҳиби дод бақо дорад.

Ғановат ва андешаи доманадори муаллиф дар тазйини деворнигораҳо бармалост, ки бо сабки кошинкории флорентӣ дар заминаи миниатюраҳои Рафаэли Шарқ — Камолиддин Беҳзод анҷом ёфтааст. Барелйефҳои даврони Ҳахоманишӣ, Кушонӣ, Сосонӣ ва Сомонӣ ба асар ҷаззобият ва дилрабоӣ ато кардаанд. Ҳар як нигора боз­гӯи вижагиҳои санъати давраҳои гуногун ва минтақаҳои алоҳида мебошанд. Муроҷиат ба зебу фарри деворнигораҳои Панҷакенти куҳан, Варахша, осори Афросиёб ва соири ёдгориҳои кишвар аз вусъати андешаи эҷодгарон гувоҳ аст. Тасвири деворнигораҳо ба нусхаи асл шабоҳат дошта, дар маҷмӯъ, маҳсули ҳунари пешаварони ихтисосманданд. Дар ин миён маҷмааро гулрезию гулпартоӣ ва наққошию нақшбандии давраҳои гуногуни санъати тоҷик хуштарҳ ва муҷалло сохтаанд. Бандубасти мутаносиби (симметрия) тасвирҳо ва пано аз намунаи барҷастаи санъати меъморист, ки далели маҳорати олии наққошон ва меъморон аст.

Дар эҷоди эшон ягонагии бунёдӣ: таърихӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии тоҷикон мавзуи асосӣ мебошад. Бо анвои машҳуру маъруфи кундал муроҷиат намудани санъатвар, ки дар Самарқанду Бухоро дар истеъмол буд, аз бурди дигари асари таърихию фарҳангист. Андудани ҷиҳози кундал ва бандубасти композитсия бо рангҳои зарҳалӣ аз тафаккур ва ҷаҳонбинии паҳновари муаллиф гувоҳ аст. Намунаи дигаре, ки ҳунармандона тасвир шудааст, осори тоисломии гунбаз ба шумор меравад. Намунаи барҷастаи санъати ҳунарӣ, ки бо истифодаи тафаккури созанда, бе истифодаи чӯб шакл мегирифт, ҷанбаи илмӣ ва маърифатӣ дорад. Дар ҳамин раванд тасвири нимгунбаз, равоқ ва пештоқҳо, ки композитсияро пурра мекунанд, маҳсули тафаккури оқилонаи меъморанд. Бунёди равоқ дар заминаи осори Бунҷикат, ки аз саҳнаҳои «Шоҳнома» баргирифта шудаанд, манзараро ҷаззобият мебахшад. Бо баррасии осори пешин маҳдуд нашуда, муаллиф барои асари амиқ ба тафаккури бинанда ба рӯзгори замони навини давлатдорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Чуноне дар атрофи тахт калидҳои рамзии 7 шаҳри Тоҷикистон: Душанбе, Саразм, Ҳисор, Хуҷанд, Истаравшан, Ҳулбук ва Ямчун ҷой дода шудаанд.

Аз манзараи умумӣ метавон натиҷа гирифт, ки замони истиқлол дасту бозу, гиреҳи тафаккури эҷодкорони миллатро кушод. Онҳо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолият намуда, бо василаҳои зебои ҳунарӣ ба гузаштаи пурғановати миллат муроҷиат менамоянд. Дар мардуми тоҷик эҳсоси ифтихор аз гузашта, дар ин замина асосҳоро барои худшиносӣ ва дӯст доштани Ватан муҳайё месозанд. Азизиён Самӣ Солӣ аз ҷумлаи чунин эҷодкорон аст. Асари меъмории «Тахти тоҷикон»-и ӯ намунаи барҷастаи санъати меъморӣ дар омезиш бо асноди таърихист. Далели сазовор будани асар ба Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷойгоҳи муносиб ёфтани он дар Маҷмааи «Истиқлол» мебошад.

С.С. ТИЛЛОЕВ,

доктори илмҳои таърих,

дотсенти ДДТ ба номи академик М. Осимӣ, Ҷ. АСРОРИЁН,

номзади илмҳои таърих,

дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ