Меъморӣ, ҳамчун санъати бошукӯҳи тасвирӣ, дорои қувваи бузурги ифоданокиву муассирӣ, хосияти ғунҷоиши ҳар чӣ амиқтари қолабу ороишнокӣ ва воситаҳои басо гуногуни ифода мебошад. Албатта, санъати анъанавии меъморӣ (равоқҳо, гунбазҳо, тӯрдӯзиҳо, гулбуриҳо) барои такмили тасвирҳои бадеӣ — меъморӣ чун асос хизмат мекунад, вале боз барои таҷҳизот метавон шакли ғайритасвирии онро, ки аз ганҷинаи мероси пешқадами гузашта ҳосил гардидааст, истифода кард. Ҷустуҷӯи якҷояи сарчашмаҳои санъатҳои меъморию тасвирӣ ва ороишӣ, ки аз ҷониби меъморон ва дизайнерони Тоҷикистон амалӣ мешавад, бояд ба ғанӣ гардонидани муҳиту фазои шаҳрсозӣ дар ифодаи мундариҷаи ғоявӣ мусоидат карда, онро рангоранг, равшан ва муассиртар намояд.
Ин ҷустуҷӯ чӣ хел сурат мегирад? Намунаи омезиши табиии санъатҳои меъморӣ ва тасвириро аз куҷо пайдо кардан мумкин аст? Чунин саволҳоро эҷодкорон борҳост ба худ медиҳанд. Ҷавоб як аст: -Ин мероси фарҳангии мо мебошад, ки муддати асрҳо ниёгони барумандамон тарафҳои беҳтаринашро ҷамъ оварданд. Мутаассифона, на ҳама меъморону, дизайнерҳо аз суннатҳои пешқадами ба халқи тоҷик ихтисосдошта, халқе, ки ниёгонаш – ориёиҳо ҳанӯз дар ҳазорсолаҳои сеюм ва дуюми то давраи мелодӣ аввалин шаҳрҳо ва иншооти азимро ба вуҷуд оварда, асарҳои зебои санъати ороишӣ — амалиро аз санг, оҳан, чӯб, гил тайёр кардаанд, иттилои комил доранд.
Маҳз чунин мақсади наҷиб дар маълумотномаи нодире бо номи «Донишномаи ёдгориҳои фарҳанги ориёии Осиёи Марказӣ. Тоҷикистон» зери таҳрири умумии доктори илмҳои меъморӣ, профессор,узви Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон Рустам Муқимов ифода ёфтааст, то ба ҳар фарди эҷодкор ва умуман дӯстдори зебоӣ, оид ба жанрҳои гуногуни санъатҳои тасвирию меъморӣ иттилои муфассал ва амиқу дақиқ диҳад.
Бояд гуфт, ки мутахассисон ба фаъолияти Рустам Муқимов, ки дар муддати 15-20 соли охир оид ба мероси меъмории давлати мо (бо ҳаммуаллифӣ ва ба таври алоҳида) зиёда аз 25 монография, китоби дарсӣ, воситаи таълимӣ ва дастур таълиф намуда, худро чун донишманди барҷастаи таърихи меъморӣ, бостоншиносӣ ва санъатшиносӣ муаррифӣ намудааст, хеле хуб шинос мебошанд. Ҷилди аввали «Донишномаи ёдгориҳои фарҳанги ориёии Осиёи Марказӣ. Тоҷикистон», ки ба Тоҷикистон бахшида шудааст, танҳо аз ҷамъоварии мавод оид ба ҳар соҳаи мушаххаси иншооти меъморӣ, муҷассамаи бостоншиносӣ ё асарҳои санъати ороишӣ — амалӣ ва ёдгориҳои азим иборат нест. Дар ин асари дуҷилдаи ҳаҷман бузург (ҷилди аввал 790 ва ҷилди дуюм 758 саҳифа) мавқеи сазовори ҳар як объекти фарҳанги амалӣ дар эҷодиёти бисёрпаҳлуи халқҳои Осиёи Марказӣ муайян гардидааст.
Масъалагузорӣ оид ба ҷой ва мавқеи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба сари худ амали бисёр мураккаби эҷодӣ ва моҳиятан навоварона мебошад, зеро ҷойи суннатҳои беҳтарини гузашта (меъморӣ, шаҳрсозӣ, ороишӣ, тасвирӣ ва ғайра)-ро кайҳост воситаҳои наву замонавии санъатҳои тасвирӣ ва ҳаҷмӣ — фазоӣ бо мундариҷаи нави ғоявӣ — бадеӣ гирифтаанд. Вале ин ҷойгузинӣ зуҳуроти муваққатӣ ва гузаранда мебошад. Масалан, ороиши санъатҳои халқӣ аллакай дар оғози асри XXI маънои бештар диданашаванда касб карда, рамзи суннатҳои шоистаи миллӣ дар миёни тасвирҳо гардидааст. Нақшу нигор ба элементҳои навоваронаи санъатҳои меъморию ороишӣ пайваста, вазифаҳои нав ба нав пайдо мекунад, муҳити фазоро таври нав такмил медиҳад ва айни ҳол худ низ тағйир меёбад. Ҳатто дар чаҳорчӯбаи анъанаҳои маҳаллӣ вай ҷолибтар дар бинои муқаррароти фарқкунанда садо медиҳад.
Бинобар ин, навиштаҷоти «Донишномаи ёдгориҳои фарҳанги ориёии Осиёи Марказӣ. Тоҷикистон» на танҳо сипосгузориест ба санъати қадимаи мо, балки, беш аз ҳама, он воситаи амалиест барои ҳамватаноне, ки тафаккури навоварона доранд ва аз асар эҷодкорона шаклу воситаҳои ҳақиқатан суннатии фарҳанги миллиро (ҳоло аҳамияти боз ҳам бештаре пайдо кардааст) истифода мекунанд. Масъалаҳои анъана ва навоварӣ, қавмият ва миллият дар санъати муҳташами даврони мо, вазифаҳои шартии наққошиҳои халқӣ, тадқиқи муносибатҳои гуногуни қавмию иҷтимоӣ, масъалаҳои ташкилии меҳнати ҳунармандони халқию маҳаллӣ – чунинанд номгӯйи мухтасари мавзӯъҳое, ки дар «Донишномаи ёдгориҳои фарҳанги ориёии Осиёи Марказӣ. Тоҷикистон» мавҷуд аст. Таваҷҷуҳи боз ҳам бештар ба ин мерос дар ҷараёни васеи ҳаёти фарҳангӣ имконият медиҳад, ки он ба қисмати зарурии санъатҳои меъморӣ ва бадеии мамлакати мо табдил ёбад.
Ҳанӯз соли 2006 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буд: «Ман соли 2006-умро Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон намудам ва хостам, ки дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ба таърихи пуршӯру овозадори ниёгонамон аз сохти давлатдории аввалин шаҳриёрони пешдодию каёнӣ сар карда, ба марҳилаҳои муҳиму мухталифи оини хештандорӣ ва умури ватанпарварии миллатамон муроҷиат намоем ва аз ҳама муҳимаш, ба ташаккулу инкишофи маданияти моддию маънавии тамаддуни ориёии худ назар андозем ва бар ҳамин мабно ҳаёти маънавӣ ва фарҳангии худро ба роҳ монем».
Таҳияи чунин як китоб таҷрибаи аввалинест, ки оид ба ёдгориҳои фарҳангӣ-меъморӣ, шаҳрсозӣ, санъати монументалӣ ва ороишӣ — маҳаллӣ дар қаламрави васеи ташаккулу таҳаввули фарҳанги ориёӣ аз давраҳои қадим то давраи нав (миёнаҳои асри XIX) маълумоти мухтасару муфид медиҳад. Зиёда аз ин, «Донишномаи ёдгориҳои фарҳанги ориёии Осиёи Марказӣ. Тоҷикистон»-ро бахше оид ба ҷойҳои шоёни таваҷҷуҳу тамошобоби мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, пурра ва мукаммал намудааст.
«Донишномаи ёдгориҳои фарҳанги ориёии Осиёи Марказӣ. Тоҷикистон» чор ҷилдро фаро хоҳад гирифт ва ҷилди аввал, иборат аз ду китоб, пурра ба Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар китоб миқдори зиёди маводи асиле, ки (зиёда аз 1000 иншооти соҳаҳои шаҳрвандӣ, бадеӣ, маишӣ, муҳандисӣ ва ғайра) аз тарафи ҳам олимони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам мутахассисони тоҷик дар муддати дарози омӯзиши ёдгориҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва санъати тасвирӣ фароҳам омадаанд, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифтааст.
Китоб ба меъморон, санъатшиносон, муаррихон, донишҷӯёни ихтисоси дизайн ва меъмории мактабҳои олии Тоҷикистон ва умуман доираи васеи хонандагон ба сифати маводи маълумотдиҳӣ хизмат мекунад.
Дар ин китоб очеркҳои муфассалу фарогир оид ба минтақаҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шудаанд. Тарзи чопи энсиклопедӣ имкон додааст, ки дар он баъзе харитаҳои бостоншиносии ноҳияҳои Тоҷикистон, ки аз тарафи олимони ҷумҳурӣ тӯли солҳои зиёд сохта, бо сабабҳои гуногуни объективӣ ба табъ нарасидаанд, низ ҷой дода шудаанд. Китоби мазкур инчунин номгӯйи муфассали адабиётро оид ба ёдгориҳои таърихию фарҳангии аҳолӣ ва мавзеъҳои тамошобоби ҷумҳурӣ дар бар гирифтааст. Зиёда аз 1000 расм дар бораи ёдгориҳое чун нақшаи андозаҳо, суратҳо, нақшунигорҳо, маводи тасвирҳои бойгониҳо ва ғайра маълумоти гуногунтарафа ва муфид медиҳад.
Ҷилди аввали китоби «Донишномаи ёдгориҳои фарҳанги ориёии Осиёи Марказӣ. Тоҷикистон» бо баррасии масъалаҳои умумии шароитҳое, ки дар онҳо ёдгориҳои фарҳангӣ дар масоҳати васеи қаламрави Осиёи Марказӣ умр ба сар бурдаанд, оғоз меёбад. Баъд мақолаҳо доир ба шаҳрчаҳои қадим, қалъаҳо, қасру кушкҳо, иморатҳои деҳот ва дигар қисматҳои мероси фарҳангие, ки муддати ҳазорсолаҳо ниёгони аслии тоҷикон – ориёиҳо ба вуҷуд овардаанд, ҷойгир шудаанд. Тадқиқи гурӯҳи алоҳидаи ёдгориҳо бо мақолаҳои оид ба иншооти муҳандисӣ (обёрикунӣ, истеҳкомӣ ва ғайра) анҷом мепазирад. Баъди ин феҳристи муфассали адабиёти истифодашуда ва номгӯйи мухтасари адабиёт оид ба мусаввараҳо оварда мешаванд.
Китоби дуюми ҷилди аввали «Донишномаи ёдгориҳои фарҳанги ориёии Осиёи Марказӣ. Тоҷикистон» бо гузорише оид ба санъати муҳташам (монументалӣ) ва амалӣ (прикладной) оғоз гардида, бо мақолаҳо дар бораи ҷойҳои тамошобоб ва муҷассамаҳои ёдгории замони давлатдории Шӯравӣ дар Тоҷикистон идома меёбад. Баъдан дувоздаҳ замима оид ба шарҳу эзоҳи мундариҷаи китоб омадааст. Ин қисмат бо феҳристи адабиёт анҷом меёбад. Дар охири китоб ду замимаи тасвирӣ оид ба санъати муҳташам ва ҷойҳои шоёни таваҷҷуҳи Тоҷикистони ҳозира пешниҳод мешавад. Умуман, китоби дуҷилдаи «Донишномаи ёдгориҳои фарҳанги ориёии Осиёи Марказӣ. Тоҷикистон» бо мазмуну муҳтаво ва арзишҳои назарраси илмию амалӣ саҳифаи тозаву пурборест дар таърихи ғановатманди меъмории тоҷик.
Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи пешниҳоди Иттифоқи меъморони Тоҷикистон доктори илмҳои меъморӣ, профессор Рустам Муқимовро барои асари дуҷилдаи меъмории «Донишномаи ёдгориҳои фарҳанги ориёии Осиёи Марказӣ. Тоҷикистон» ба дарёфти ин ҷоизаи бонуфуз пешниҳод кардааст. Дар ҳақиқат, профессор Рустам Муқимов, ки зиёда аз чил соли умри хешро бо пажӯҳиши соҳаи меъмории тоҷик бахшида ва ин китоб низ зери таҳрири умумии ин олими шинохта рӯйи чоп омадааст, сазовори ин ҷоиза мебошад.
Ҷамшед Ғанизода, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, номзади илмҳои меъморӣ