Аз рӯзгори вакилони халқ

Аввалин муҳаққиқ ва ҷорикунандаи илми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар кишвар

№117 (4537) 19.09.2022

ЧабборовДар роҳҳои пуршебу фарози зиндагӣ барои расидан ба қуллаи мурод ҳар инсонро роҳнамо ё  устод зарур аст. Хушбахтона, бандаро бахти баланд насиб гардида, ки таҳти роҳнамоиву дастгирии олими камназир доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, академики Академияи илмҳои байналмилалии олӣ, дорандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Анри Дюнан Абдусаттор Абдуҷаббор дар роҳи илму маърифат қадам мегузорам.

Ин инсони нексиришт ва ташаббускору ташкилотчӣ пас аз хатми Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дар тӯли умри бобаракат дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Сармуҳандиси идораи кишоварзӣ, мудири шуъбаи саноату нақлиёти Комитети шаҳрии ҳизби коммунисти шаҳри Панҷакент, раиси Кумитаи назорати  халқ ва раиси Комиҷроияи Шӯрои вакилони халқи шаҳри Панҷакент аз қадамҳои нахустини ӯ дар ҷодаи роҳбарӣ буд. Баъдан, ба ҳайси раиси Комиссия оид ба масъалаҳои кори шӯроҳои вакилони халқ ва худидораи маҳаллии Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои идораи минтақаҳо, комплекси агросаноатӣ ва савдо, вазири таъминоти иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ фаъолият кардааст.

Солҳои роҳбарӣ дар шаҳри Панҷакент бо ташаббуси Абдусаттор Абдуҷаббор корхонаи истеҳсоли тиллои «Зарафшон», 17 бинои 4-5 -қабата, се бинои 9 ва 12- қабата ва бинои кунунии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, театр, қасри ақди никоҳ, 12 мактаб, 8 боғчаи бачагона ва 25 бунгоҳи тиббӣ бунёд гардиданд.

Дар давраҳои душвортарини таърихи кишвар ­А. Абдуҷаббор боварии мардум­ро сазовор гардида, вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум (1990-1995), вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дуюм (2000-2005) интихоб гардидааст. Дар ин байн ҳамчун аъзои Комиссияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикис­тон (1990), аъзои Комиссияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи «Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1989), муовини раиси Комиссияи омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ (2001-2005) фаъолият намудааст.

 Солҳои 2001 — 2005 Абдусаттор Абдуҷаббор профессори кафедраи назарияи иқтисоди Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон ва аз июли 2005 то ҳол профессори кафедраи «Молия ва қарз»-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва ҳамчунин ба ҳайси сарходими илмии Инс­титути иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба корҳои педагогӣ ва илмӣ машғул аст.

Дар давраи кору зиндагӣ ба таҳқиқи илмӣ машғул гардида, ҳанӯз моҳи апрели соли 1997 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун омили тараққиёти ҷомеа» дифоъ намудааст. Ӯ яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва илми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ, муаллифи 18 рисола ва 115 мақолаи илмию оммавӣ оид ба масъалаҳои гуногуни соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ мебошад. «Асосҳои иқтисодӣ, иҷтимоии ҳифзи нафақахӯрон ва роҳҳои инкишофи шаклҳои хизматрасонӣ ба онҳо», «Маҷмӯаи қонунҳо ва санадҳои нормативӣ доир ба ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи рисолаҳояш мебошанд.

Абдусаттор Абдуҷаббор сентябри соли 2001 дар Пажӯҳишгоҳи меҳнати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Федератсияи Россия (шаҳри Москва) дар мавзӯи «Замина ва асосҳои иқтисодии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шароити ташаккули муносибатҳои бозаргонӣ» («Предпосылки и экономические основы социальной защиты населения в условиях становления рыночных отношений») аз рӯи ихтисоси «Идоракунии хоҷагии халқ (иқтисодиёти меҳнат)» рисолаи доктори илм­ҳои иқтисодро ҳимоя карда, аз соли 2008 узви пайвастаи Академияҳои илмҳои байналмилалии таҳсилоти олӣ, илмҳои гуманитарӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия (шаҳри Москва) мебошад.

Муаллифи беш аз 34 монография, 5 китоби дарсӣ, 180 мақолаи илмию оммавист, ки дар факултетҳои иқтисодии муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ҳамчун дастуру китоб­ҳои дарсӣ истифода бурда мешаванд.

Хизматҳои А. Абдуҷаббор дар назди халқу Ватан ва илми кишвар  бо унвонҳои фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон», «Аълочии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» ва ғайра қадрдонӣ шудаанд.

Ҳар қадам, ҳар кори анҷомдодаи доктори илмҳои иқтисод, профессор  Абдусаттор Абдуҷаббор ба рушду инкишофи илми ҷумҳурӣ равона гардида, хусусан барои олимони ҷавон намунаи ибрат аст.

Нигора МАРУПОВА,

муаллими калони кафедраи менеҷменти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон