Аз бойгонии матбуот

№27 - 28 (3664 - 3665) 11.03.2017

Моҳи октябри соли 1958 шумораи нахустини маҷаллаи «Журналист» — нашрияи ҳармоҳаи Бюрои ташкилии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон рӯи чоп омад. Аз матолиби дар он дарҷгардида маълумоти ҷолибро пешкаши хонандагон мегардонем.

«Ҳозир (соли 1958-Б.К.) дар Тоҷикистон 7 газетаи респуб­ликавӣ, 4 газетаи вилоятӣ, 8 газетаи шаҳрӣ, 39 газетаи районӣ чоп мешавад, ки тиражи умумии онҳо қариб ба 400 ҳазор нусха мерасад». (Аз сармақолаи «Вазифаҳои мо»)
15октябри соли 1958 ҷашни 1100 – солагии Сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таври васеъ таҷлил гардид. Дар ҷаласаи ботантанае, ки ба ин муносибат дар Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон доир гардид, намояндагони халқҳои Иттифоқи Шӯравӣ, Осиё, Африқо ва Аврупо иштирок доштанд. Дар назди аҳли ҷамъомад Котиби аввали Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон Т. Ӯлҷабоев баромад кард. Дар бораи устод Рӯдакӣ тамоми рӯзномаю маҷаллаҳо мақолаҳо чоп карданд. Дар зодгоҳи шоир — деҳаи Панҷрӯд мавзолеи шоир бунёд ёфт. (Аз мақолаи «Праздник культуры таджикского народа»)
Соли 1958 ҳайати киностудияи ҳаваскори «Калампурфильм» бо номи «Фаврӣ ба шумора!» («Срочно в номер!») филмеро ба навор бардоштанд, ки дар бораи мухбирони суратгир қисса мекунад. (Аз мақолаи Л. Окунев «Срочно в номер!») 
Шаст сол пеш, яъне соли 1957 Бюрои ташкилии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон таъсис ёфта, ҳайати бюро аз 15 нафар роҳбарони рӯзномаю маҷаллаҳои республикавӣ, радио ва ТоҷикТА иборат буд. Дар оғози фаъолият аъзои бюро, пеш аз ҳама, таваҷҷуҳро ба қабули аъзои Иттифоқи журналистон равона карда, дар ҷаласаи дуюм, бо вуҷуди он ки талабгорон зиёд буданд, вале танҳо 50 нафар ба узвияти иттифоқ қабул шуданд. (Аз гузориши «В оргбюро Союза журналистов Таджикистана)
«Дар соли 1932 аввалин бор дар Тоҷикистон маҷаллаи ҳаҷвии «Калтак» ба нашр расид. Моҳи майи соли 1953 маҷаллаи нави ҳаҷвии «Хорпуштак» ба майдон омад.» (Аз мақолаи Тоҷӣ Усмон «Сатира ва юмор дар саҳифаҳои газетаҳои районӣ»)
Соли 1958 рисолаи номзади илмҳои таърих Ҷӯра Усмонов бо номи «Тараққиёти матбуоти советӣ дар Тоҷикистон» чоп шуд. Дар он роҷеъ ба аввалин газетаҳои шӯравӣ ва ҳамчунин нашрияҳое, ки дар Туркистон ба табъ мерасид, маълумот дода шудааст. Аз ҷумла қайд шудааст, ки 12 августи соли 1924 дар шаҳри Душанбе аввалин шумораи газетаи тоҷикии «Овози Шарқ» ва 25 августи ҳамон сол дар шаҳри Самарқанд газетаи «Овози тоҷик» нашр мешаванд. Соли 1925 Нашриёти давлатии Тоҷикистон таъсис меёбад. 15 марти соли 1925 дар шаҳри Душанбе газетаи «Иди тоҷик» ва аз 8 октябри соли 1928 бо номи «Тоҷикистони сурх» ба табъ мерасанд. Шумораҳои нахустини нашрияҳои «Советский Таджикистан», «Қизил Тоҷикистон», «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Пионери Тоҷикистон» соли 1929 чоп мешаванд. (Аз мақолаи У. Қурбонов «Кори илмӣ дар бораи матбуоти Тоҷикистон»).

 

 

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»