Пайравии депутатҳои қирғиз аз ҳамтоёни тоҷики худ
Тибқи иттилои Шабакаи умумиҷаҳонии интернет, гурӯҳе аз вакилони Жокоргу Кенеш — парлумони Қирғизистон лоиҳаи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ин кишварро ба муҳокимаи умумихалқӣ гузоштаанд. Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур, забҳи чорвои хурду калон ё асп дар рӯзҳои мотам манъ гардида, маросими арӯсӣ бо иштироки на бештар аз 150 нафар баргузор хоҳад шуд. Вакилон муътақиданд, ки дар мавриди дастгирӣ ёфтани лоиҳаи қонун харҷи аз ҳад зиёд дар маросими хурсандӣ ва мотам аз байн меравад. Ҳарчанд лоиҳаи қонун ҳанӯз барои қабул ба парлумон пешниҳод нагардидааст, аммо аллакай дар баъзе маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба кам кардани харҷ дар маросими хурсандӣ ва мотам ба роҳ монда шудааст.
Дар кишвари мо нуҳ сол пеш чунин иқдом пеш гирифта шуд, ки ба ду маротиба афзоиш ёфтани тӯйҳои домодию арӯсӣ, 20 баробар афзоиш ёфтани пасандозҳои мардум дар бонкҳои мамлакат, коҳиш ёфтани забҳи чорво ба муносибати ҷашну маросимҳо, пайдо гардидани манбаъҳои нави андозбандӣ мусоидат кард.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»
Вакилони рус ихроҷи танфурӯшонро талаб карданд
Ба ақиди вакилони Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, фоҳишаҳои хориҷӣ дар Федератсияи Россия на танҳо бояд ҷарима, балки аз кишвар хориҷ карда шаванд.
Вакилони Думаи давлатӣ пешниҳод карданд, ки дар қонунгузорӣ ин тағйирот ворид гардад.
Ба иттилои мақомоти қудратии Федератсияи Россия, ҳар танфурӯши чаҳорум шаҳрванди кишвари хориҷӣ аст ва бештари онҳо зодаи Ӯзбекистон, Украина, Нигерия, Молдова ва Камерун ҳастанд.
Парлумони Украина натавонист Ҳукумати Ятсенюкро ба истеъфо фиристад
Президенти Украина Пётр Порошенко дар паёмаш ба мардум аз Сарвазири мамлакат Арсений Ятсенюк ва додситони кулл Виктор Шокин даъват кард, ки «ба хотири барқарории эътимод ба ҳукумат» истеъфо диҳанд. Додситони куллро дар хешутаборбозӣ, пеш набурдани тафтиши ҷиноятҳои фаъолони Майдон, пуштибонӣ аз додситонҳо ва мансабдорони фасодзада айбдор мекунанд. В. Шокин баъди даъвати президент ба истеъфо рафт, аммо А. Ятсенюк 16 феврал дар парлумон аз фаъолияти яксолаи ҳукумат ҳисобот дод ва ба даъвати президент дар мавриди истеъфояш вокуниш накард.
Тибқи назарсанҷии гурӯҳи сотсиологии «Рейтинг» 71 дарсади украинҳо ҷонибдори истеъфои ҳукумати А. Ятсенюк ҳастанд. Танҳо 18 дарсад тарафдори онанд, ки ҳукумат боқӣ монад.
Ҳангоми баррасии ҳисоботи Сарвазир Арсений Ятсенюк 247 вакил фаъолияти ҳукуматро ғайриқаноатбахш баҳо дод, аммо қатъномаи нобоварӣ ба ҳукумат қабул нашуд, зеро барои қабули чунин қатънома раъйи на камтар аз 226 вакил зарур буд. Ба ҷонибдорӣ аз қатъномаи нобоварӣ ба ҳукумат 200 вакил раъй додааст.
«Садои мардум»