Аз кӯдакистони вайрона то оилаҳои бехона

№65 (4327) 15.05.2021

davДар аксар деҳоти шаҳри Турсунзода кӯдакистону ширхоргоҳҳои даврони Иттиҳоди Шӯравӣ бунёдшуда бо сабаби хусусӣ шудан фаъолият намекунанд. Кӯдакистони деҳаи Саркори деҳоти ба номи Турсун Тӯйчиев далели ин гуфта аст. Муассисае, ки як замон ободу дар хизмати мардуми деҳаҳои ҷамоат буд, алҳол дар ҳолати басо ҳузнангез қарор дорад. Даромадгоҳаш бо тунукаи фарсудаю атрофаш бо шифтҳои оҳанин маҳкам карда шудааст. 

Даҳҳо синфхонаю утоқи корӣ ҳоли табоҳу таассуфовар доранд. Дару тирезаҳояшон шикастаю фарсуда буда, бино солҳост, ки рӯи таъмирро надидааст.

Ба нақли насли калонсоли деҳа, кӯдакистон замоне аз беҳтарин муассисаҳои томактабӣ маҳсуб меёфт. Садҳо кӯдак дар он тарбият мегирифтанду даҳҳо нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ буданд.

- Мардуми деҳа ба кӯдакистон ниёз доранд. Барои кӯдаконам мусофиркаш киро карда, ҳар рӯз онҳоро ба муассисаи томактабии шаҳр, ки чанд километр аз деҳа дур аст, мебарам. На танҳо ман, балки оилаҳои дигар бо чунин усул фарзандонро ба кӯдакистон мебаранд. Қариб ҳар як оила кӯдаки синни томактабӣ дорад. Хуб мебуд, ки кӯдакистон фаъол шавад, — зикр кард сокини деҳа Шерзод Раҳимов.

Ҳолдонҳо мегӯянд, қаблан кӯдакистон дар тавозуни колхоз будааст. Бо сабаби қарздорӣ онро даҳ сол пеш фурӯхтаанд. Дасти дуюм онро бо замину бинояш ба чанд нафари дигар савдо кардааст.

- Чунин кӯдакистон дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмон ва «10 — солагии Истиқлолият» низ ҳаст. Роҳбарияти шаҳр аз соҳибони онҳо даъват кард, ки кӯдакистонҳоро барқарор намуда, ҳамчун муассисаи томактабии хусусӣ ба истифода диҳанд. Соҳибкорон пешниҳодро хуб пазируфта, корҳои азнавсозиро ба итмом расондаанд, — иттилоъ дод котиби матбуоти дастгоҳи раиси шаҳр Фирӯз Холиқов.

davМутасаддиён мегӯянд, ки мушкили норасоии муассисаҳои томактабӣ танҳо дар деҳот ҷой дорад. Феълан дар шаҳр 5 кӯдакистон дар тобеияти шуъбаи маориф, 6 ширхоргоҳ дар тавозуни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва кӯдакистони хусусии Наврӯз амал мекунанд. Дар доираи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», сохтмони се ширхоргоҳ дар маҳаллаҳои ба номи Мирзо Турсунзодаю  Парпӣ Тоҷиев ва кӯдакистон дар деҳоти «Регар» ҷараён дорад.

Нигаронкунанда аст, ки дар утоқҳои вайронаи кӯдакистони деҳаи Саркор анқариб ҳафт оила, ки ҳар кадом аз 1 то 6 кӯдаки ноболиғ доранд, ба сар мебаранд.

dav- Солҳост бо панҷ фарзандам бо сабаби надоштани ҷойи зист саргардонем. Дар иншооти аз фаъолият бозмонда зиндагӣ мекунем. Қаблан дар клуби фарҳангии вайрона ба сар мебурдем. Дар як қисмати он сӯхтор ба амал омад. Моро аз бино берун карда, гуфтанд, ки онро азнавсозӣ мекунанд. Ҳамроҳи фарзандонам дар кӯча мондем. Як шиносам суроғаи ин маконро дод. Аз соҳибаш иҷозат гирифта, се утоқашро тоза карда, тирезаҳояшро бо селофан маҳкам намудем. Қариб ду сол мешавад, ки зиндагӣ дорем. Ҳоло гуфта истодаанд, ки макони зистамонро ёбем, чунки биноро таъмир мекунанд. Ростӣ, чӣ кор кардану ба куҷо рафтанамонро намедонем, — гуфт яке аз истиқоматкунандаи кӯдакистон Насиба Мардонова.

Нафароне, ки феълан дар кӯдакистони мазкур иқомат доранд, аз эҳтимоли бе сарпаноҳ монданашон нигаронанд. Онҳо мегӯянд, лоақал замини наздиҳавлигӣ надоранд. Дар ҳолати аз ин макон берун кардан ба куҷо рафтанашонро намедонанд. Дар маҷмӯъ, нарасидани муассисаи томактабӣ дар деҳа ва аз дигар ҷониб, бе ҷойи зист мондани ҳафт оила мушкилотест, ки ҳалли саривақтиро тақозо дорад.

Ёқуби СОДИҚ,

«Садои мардум»