Камоли Қурбонийон беш аз се даҳсола аст, ки бори гарони рӯзноманигориро бар дӯш дорад. Ӯ фаъолияти кориро дар ин ҷода аз рӯзномаи замоне машҳури «Пионери Тоҷикистон» оғоз карда, то вазифаи сардабирии рӯзномаи «Ҷумҳурият» расидааст ва кӯшидааст неруи қаламро ба манфиати халқу Ватан истифода барад.
«Муште аз хирвори тарҷума ва матолиби журналистии Камоли Қурбонийон»-ро ҶДММ «ЭР-граф» чанде пеш бо номи «Аз ману сомони ман» дар шакли китоб аз чоп баровард. Он очерк, сафарнома, эссе, лавҳа, ёддошт, мусоҳиба, тафсир, суҳбат ва хотираҳои дар замонҳои гуногун навиштаи муаллифро, ки дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд, дар бар мегирад.
Китоб бо очерки «Хостаи замон» оғоз мешавад, ки ба зиндагӣ ва муборизаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Муаллифони он Пётр Прибилов ва Алим Мирзаев буда, матлабро соли 2002 дар маҷаллаи «Огонёк» нашр кардаанд ва Камоли Қурбонийон онро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Номуси ватандорӣ, ваҳдати миллӣ, шукуфоиву растагорӣ, ростиву инсонпарварӣ, қадрдониву одамият мафҳумҳое ҳастанд, ки чун хати сурх аз миёни навиштаҳои муаллиф мегузаранд. Зимни мутолиаи китоб бо чеҳраҳои маъруфе рӯ ба рӯ мешавем, ки муаллиф кӯшидааст то ҳадде шахсият, фаъолият ва афкори онҳоро фаро бигирад. Сафарномаи «Шукурҷон Зуҳуров: «Мо-вакилони мардумӣ ба зиндагӣ бо чашми сокинони одии кишвар назар меандозем»», лавҳаи «Сотим Улуғзода-ифтихори миллати озода», ёддошти «Сад қоидаи зиндагии Бобохон Маҳмадов», «Мо аз Талъатбону меомӯзем», пурсиш ва посухи «Зиндагие баландтар аз зиндагӣ», мақолаи «Ҳуриннисо Ализода. Омӯзгоре, ки рӯзноманигор шуд» аз ҳамин қабил матолиб ҳастанд.
Ба ҷои охирсухан матлаби рӯзноманигор Ориф Ёдгорӣ «Камоли Қурбонийон: «Ба ҳар тараф, ки нигоҳ мекунам, «Ҷумҳурият»-ро мебинам»» ҷой дода шудааст, ки то ҷое тафаккур ва шахсияти муаллифи китобро бозгӯ мекунад. Ориф Ёдгорӣ менависад: «Ин суханҳо дар давраи сармуҳарририи Камоли Қурбонийон дар «Ҷумҳурият»… ба забон оварда шудаанд. Бархе аз онҳо ҷиддӣ гуфта шудааст, бархе-нимшӯхиву нимҷиддӣ, бархе дигар-ҳамчун комплимент…». Ба ин андешаҳо таваҷҷуҳ кунед: «-Ба фикри ман, воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистонро «ҳокимияти чорум» эълон кардан каме хандаовар аст. Вале ин факт, ки гурӯҳи муайяне аз журналистон ва воситаҳои ахбори оммаи дар Тоҷикистон амалкунанда ҷузъе аз «колоннаи панҷум» маҳсуб мешавад, тамоман хандовар нест». «Вақте мақолаи хуб менависӣ, дар ёдҳо мақолаи ту мемонад, аммо вақте мақолаи бад менависӣ, дар ёдҳо худи ту хоҳӣ монд». «-Шоирӣ ба журналистии Зиё Абдулло таъсири бармало мусбат гузоштааст. Матолиби журналистии устод мисли шеърҳояш хушоҳангу пурмаънову хотирмонанд, ҳатто як навъ вазну қофия ҳам доранд ва чун ғазал ба як нафас хонда мешаванд».
Ба китоб рӯзноманигор Фотеҳ Абдулло бо номи «Ҷавонмарде ҷӯяндаву ёбанда» сарсухан навиштааст. Ин матлаб хеле пурмуҳтаво буда, аз ҷумла ин нукта дарҷ гаштааст: «Рӯзномаи «Ҷумҳурият» пас аз истиқлоли миллӣ дубора гом дар масири бозҷӯиву бозёбии ҳувияту асолати миллӣ ниҳод ва дар замони сардабирии Камоли Қурбонийон (01.02.2005 – 30.10.2012) дар сафи пешоҳангону пешмаргони иттиҳоду бедории миллӣ қарор гирифту парчами эҳёи ҷалолу азамати таърихиро баланд барафрошт».
«Аз ману сомони ман» барои доираи васеи хонандагон навишта шуда, ҷолиб ва хотирмон аст. Дар саҳифаи чори ҳамин шумораи рӯзнома шумо метавонед матлаберо аз он бо номи «Хайринисои хоксори мо», ки қаҳрамони он рӯзноманигори собиқадори «Садои мардум» мебошад, мутолиа намоед.
ВОРИС, «Садои мардум»