Аз сиёсати «Дарҳои кушода» то дипломатияи обу иттилоот

№72 (4655) 02.06.2023

Мусоҳиба бо ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми ҳуқуқ, профессор Абдухалил Ғафурзода

Ректори Академия (3)- Дар бобати ташаббусҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт, солҳои 2005 — 2015», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028», соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» муқаррар намудани санаи 21-уми март зиёд гуфтаанду навиштаанд. Вале, дар мавриди он ки ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон идомаи мантиқии сиёсати «дарҳои кушода» буда, аз «Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маншаъ гирифтааст, мардум маълумоти нисбатан кам дорад…

-Қабл аз ҳама боиси зикр аст, ки ташаббусҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили об таконбахши болоравии нуфузу ҷойгоҳи давлати мо дар ақсои олам ба ҳисоб меравад ва бояд ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз манзалату маҳбубияти бениҳоят баланди ин Абармард дар дохил ва хориҷи кишвар ифтихорманд бошад.

Дар мавриди саволи пешниҳодшуда бо шумо ҳамфикр ҳастем. Воқеан, дар банди 3.4 — и «Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки «Дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об» ном дорад, ин масъала возеҳ муқаррар шудааст. Аз ҷумла, зикр шудааст, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳандозии густурдаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об, ҳадафи бозидани нақши фаъол дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳониро пайгирӣ мекунад».

Мо шоҳид ҳастем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар доираи ин дипломатия ва ташаб­бусҳои созандаи марбут ба об, ки мавриди истиқболи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифта, амалӣ намудани силсилаиқдомро дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, қабл аз ҳама, Созмони Милали Муттаҳид пешбинӣ шудаанд, дар меҳвари фаъолияти худ қарор додаанд.

 Ҳадаф аз ин ибтикороти дур­андешонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкиди зарурати ҳамкории созанда барои ҳалли масъалаҳои марбут ба об ҷиҳати бақои ҳаёт ва рушди устувори инсоният аст. Яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини нақши созандаи кишвар дар масъалаҳои марбут ба об дар минтақа ва дар арсаи байналмилалӣ мебошад, ки ба манфиатҳои миллӣ ва эҳтиёҷоти ҷомеаи ҷаҳонӣ созгор аст.

- Дар консепсияи зикршуда муқаррар гаштааст, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ, барои истифодаи сарватҳои табиии худ, аз ҷумла захираҳои обии қаламраваш, ҷиҳати рушди устувори кишвар ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ҳуқуқи комил дорад». Ин нуктаро шарҳу тавзеҳ медодед.

-Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ҳуқуқро дар мавриди истифодаи захираҳои обӣ, бо назардош­ти манфиатҳои муштараки минтақавӣ ва бар пояи принсипҳои ҳусни ҳамҷаворӣ эҳтиром ва дарки воқеии манфиатҳои мутақобила, муколама ва ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷуда, амалӣ менамояд ва чун кишвари болооб ва манбаи асосии ташаккули захираҳои обии Осиёи Марказӣ, ҳеҷ гоҳ барои таъмини минтақа бо об монеа эҷод намекунад. Бо назардошти ин мавқеи усулӣ, яке аз вазифаҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намудан ба таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар ва саъю талош ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда дар рӯҳияи ҳамкориву мушорикати баробарнафъи минтақавӣ ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба мавқеи ҷойгиршавӣ Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои ҳассос ба шумор меравад. Хоса, дар шароите ки бинобар афзоиши аҳолӣ, ­тавсеаи масоҳати заминҳои кишоварзӣ, истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои обӣ, ­тағйирёбии иқлим ва мушкилоти муҳити зист, масъалаи норасоии оби тоза, баҳрабардорӣ аз рӯдҳои хурду бузурги фаромарзӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба об ба омилҳои таъсиргузор ба низоми муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтаанд. Аз ин рӯ, дар доираи масъалаи зикргардида масъалаи об, истифодабарӣ ва тақсимоти он моҳияти рӯзафзун касб кардааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамон тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, чун кишвари дорои захираҳои фаровони об, ҷонибдори истифодаи одилона ва оқилонаи захираҳои он тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад ва татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт медонад. Бахусус, дар сатҳи минтақавӣ идомаи ҳамкориҳои созанда дар доираи Бун­ёди байналмилалии наҷоти Арал муҳим арзёбӣ шудааст.

- Усули «дарҳои кушода», ки давлати мо дар сиёсати хориҷӣ пеш гирифтааст, беназир ва муваффақ эътироф шуда, мавриди пайравӣ қарор дорад. Ба назари шумо сирри ин комёбӣ дар чист?

-Далели бебаҳс аст, ки саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муайян кардан ва расидан ба ҳадафҳо, коркарду пешбурди усулҳои самаровар ва барои ҷомеаи ҷаҳонӣ қобили қабул шуда, дар сиёсати хориҷии мамлакат меҳварӣ ва муассир аст. Муҳиму беназир он аст, ки тавсеа ва тақвияти сиёсати хориҷии кишвари мо ба тахайюли коршиносону ба истилоҳ назарияпардозон раб­те надошта, маҳсули фаъолияти пурмаҳсул, иродаи қавӣ ва рӯҳияи шикастнопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Аз далелҳои таърихӣ ҳам бармеояд, ки таърихи давлатдории тоҷикон собиқаи тӯлонӣ ва ғании дипломатӣ дорад ва дар бораи сифату хислати сафирон ё ба қавли ниёгонамон — фиристодагон даҳҳо китобу рисолаҳо таълиф шудаанд. Дар осори бузургон сифатҳои умдаи фиристодагон — муаррифгарони роҳбари давлат ва миллату кишвари худ, яъне хирадмандӣ, равшанравонӣ ба маънои ахлоқи нек ва аҳамияти забондонӣ ба таври возеҳ таъкид шудаанд.

Тавре Пешвои миллат дар суханрониашон бахшида ба нахустин таҷлили «Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ» ва ифтитоҳи бинои Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ 29 — уми сентябри соли 2016 иброз доштанд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди сипарӣ гардидани марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ, ки даврони ба эътидол овардани вазъияти дохилӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ буд, дар равобити байналмилалии худ сиёсати «дарҳои кушода»-ро эълон дошт, ки ин хатти сиёсӣ имрӯз низ муваффақона идома дорад. Самараи чунин сиёсатро мо дар робитаҳои хориҷии гуногунҷанбаи кишварамон дар арсаҳои гуногун мебинем».

 Сиёсати «дарҳои кушода», ки меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир интихоб гардид, дар замони истиқлолияти давлатӣ воқеӣ, дурустӣ ва манфиатнокии худро нишон дод. Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшида, барои таъмин намудани иштироки густурдаи кишвар дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Дар ин раванд ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятии Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, эҷоди шароити мусоиди берунӣ, рушди устувори кишвар ва таъмини бехатарии он муҳим донис­та шуданд. Маҳз амалӣ гардидани ин усул дар сиёсати хориҷии кишвар барои тавсеа ва таҳкими муносиботи дуҷонибаю бисёрҷониба бо мамлакатҳои олам ва ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ уфуқҳои навро боз намуд.

- Чун дар оғози суҳбат аз «Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иқтибос овардем, бигӯед, ки рисолати ин санади сиёсӣ, ҳадафи таҳияву қабули он чӣ аст?

-Он принсипҳои асосӣ, ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо дарназардошти манфиатҳои миллии дарозмуддати кишвар муайян шудаанд, танзим менамояд. Зарурати таҳия ва қабули ин консепсия мушаххас намудани ҳадаф, вазифа ва самтҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити дигаргуниҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии кишвар ва ташаккули симои нави геополитикӣ дар ҷаҳону минтақа дар даҳаи дуюми асри XXI ба ҳисоб меравад.

 Консепсия таҳия ва роҳандозии чунин сиёсати хориҷиро пешбинӣ мекунад, ки он ба мутобиқ намудани рушди кишвар ба равандҳои тавсеаёбандаи ҳамгироӣ, минтақавишавӣ ва ҷаҳонишавӣ мусоидат намуда, имкониятҳои муносиби навро ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи хатарҳову чолишҳои имконпазир ба амнияти миллии он шароит фароҳам меорад.

- Ҳоло авзои ҷаҳон ноором буда, тасмимгирии дуруст ва пойбандӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамуда шарти муҳим ба ҳисоб меравад. Ба сифати олим ва бо истинод ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мегуфтед, ки давлати мо сиёсати хориҷии худро дар асоси кадом принсипҳо амалӣ намуда истодааст?

-Дар ин раванд ба эътирофи баробарӣ, эҳтироми истиқлолият ва тамомияти арзии давлатҳо, дахлнопазирии марзҳо, истифода накардан аз зӯрӣ ё таҳдид дар муносибатҳои байналмилалӣ, ҷонибдорӣ аз ҳалли осоиштаи ихтилофу низоъҳо, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар авлавият дода мешавад.

Эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии инсон, иҷрои уҳдадориҳое, ки аз ҳуқуқи байналмилалӣ бармеоянд, риояи принсипи волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ, орӣ будани муносибатҳои байнидавлатӣ аз идеология, барқарор намудан ва густариш додани робитаҳои баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ва напазируфтани ҳама гуна шаклҳои поймол намудани ҳуқуқ дар амалияи байналмилалӣ идомаи мантиқии ин раванд мебошад.

- Дар чунин марҳилаи ҳассос манфиатҳои миллии мо дар соҳаи сиёсати хориҷӣ аз чӣ иборат буда метавонад?

-Дар навбати аввал ҳимоя ва таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва таъмини амнияти миллии он, эҷоди навори амният ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар тӯли марзҳои кишвар ва инкишофи муносибатҳои боварӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои олам дар асоси манфиатҳои мутақобила.

 Сониян, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъмини амнияти иқтисодии кишвар ва таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон, дастёб шудан ба амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар.

Ниҳоят, таъмин ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо, эътибор ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар тақвияти шинохти мусбати Тоҷикистон дар ҷаҳон ба ҳайси давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд ва мусоидат намудан ба фаъолияти созанда ва қонунии ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанон дар кишварҳои дигар.

- Дар бораи дипломатияи дуҷониба зиёд мешунавему мехонем, вале шарҳи муфассали он барои ҷомеа дастрас нест…

-Масъалаи мазкур низ дар «Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» муқаррар гардидааст. Вобаста ба ин муқаррар шудааст, ки бо назардошти мавқеи Федератсияи Россия дар ҷаҳон ва минтақа, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш ва таҳкими муносибатҳои анъанавии дӯстона ва шарокати стратегӣ бо ин кишвар аҳамияти зиёд дорад.

 Дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои ҳамсоя ва минтақа авлавият эътироф шудааст. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, кишвари мо ҷонибдори минбаъд ­вусъат бахшидани таҷрибаи мусбат, бисёр­асра ва созандаи ҳамзистии дӯс­тонаи мардуми Осиёи Марказӣ мебошад.

 Бо назардошти нуфуз ва нақши бузурги Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар сиёсату иқтисоди ҷаҳонӣ давлати мо минбаъд низ саъю кӯшиш мекунад, ки бо ин давлат робитаҳои гуногунҷанбаро дар асоси татбиқи манфиатҳои мутақобилан судманд инкишоф диҳад ва хусусияти шарикии онҳоро нигоҳ дорад.

 Густариши ҳамкориҳо бо Украина, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Молдова, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Гурҷистон ва Ҷумҳурии Арманис­тон яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 Мо шоҳид ҳастем, ки дар заминаи муносибати самимӣ ва бародаронаи роҳбарони давлатҳо таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди давлати мо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ба марҳилаи сифатан нав ворид гаштааст. Ин муносибатҳо бо ирода ва талошҳои ҳар ду ҷониб то ба сатҳи шарокати стратегӣ расидаанд ва заминаи мусоидро барои тавсеаи рӯзафзуни ҳамкориҳои гуногунҷанбаи сиёсию амниятӣ, ҳарбию техникӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ фароҳам овардаанд.

 Тавре Пешвои миллат борҳо таъкид карданд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори ҳар чӣ зудтар барқарор гардидани сулҳи пойдор дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буда, оромӣ, амният ва суботи сиёсии ин кишвари ҳамҷаворро ҷавобгӯи манфиатҳои миллии худ медонад.

 Дар робита ба пешрафти назаррас ва тамоюли афзоиши нуфузи байналмилалии кишварҳои Америкаи Шимолӣ, Марказӣ ва Ҷанубӣ баҳрабардорӣ аз ҳамкориҳои самарабахш бо онҳо ҷавобгӯйи манфиатҳои миллии Тоҷикистон мебошад.

 Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро, ки ба пешрафти бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд, яке аз ҳамкорони муҳими иқтисодии худ мешуморад ва минбаъд низ талош хоҳад кард, ки бо ин иттиҳоди бонуфузи байнидавлатӣ ҳамкориҳои дарозмуддати устуворро дар асоси усули судманди мутақобила густаришу инкишоф медиҳад. Дар баробари ин, густариш ва тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷониба бо кишварҳои аврупоӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мақоми афзалиятнок дорад.

Бо мақсади роҳ ёфтан ба бозорҳои босуръат инкишофёбандаи сармоя, фановарӣ, ашёи хом ва маҳсулоти саноатӣ, таҳкими муносибатҳои мутақобилан судмандро бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, Шарқӣ аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии худ мешуморем.

Сатҳи равобит гувоҳи он аст, ки инкишофи ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Туркия дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ҷалби сармоягузории он кишвар ба иқтисодиёти Тоҷикистон, муҳим арзёбӣ мешавад.

 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти нақшу таъсири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар минтақа ва ҷаҳон, равобити бисёрасраи таърихиву фарҳангии халқи тоҷик бо мардуми Ҳиндустон, инчунин имкониятҳои васеи иқтисодиву фановарии он ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо ин кишвар густаришу таҳким хоҳад дод.

 Таҳкими муносибатҳои сиёсӣ ва густариши ҳамкориҳои судманди гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Исломии Покистон, бо назардошти имкониятҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва мавқеи геостратегии он, аҳамияти хосса касб кардааст.

 Бо истиқбол аз алоқамандии кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форс ба сармоягузории лоиҳаҳои иқтисодии кишвари мо, ки аҳамияти миллӣ ва минтақавӣ доранд, ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои минтақаи мазкур саъй намудани кишвари мо идомаи мантиқии ин раванд аст.

 Далелҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар заминаи таваҷҷуҳ ба нуфузу эъти­бори байналмилалии Ҷумҳурии Мисри Араб дар сиёсати минтақа ва ҷаҳон ба густариши муносибатҳои ҳамкорӣ тамоюли афзоишро касб кардааст. Боиси зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаи Африқоро ба ҳайси самти ояндадори ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун арзёбӣ карда, дар равобит бо Австралия ва Зеландияи Нав имкониятҳои нави густариши муносибатҳои ҳамкориро пайдо намуда истодааст. Истифодаи ин имкониятҳо яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

- Чун дар бораи дипломатияи дуҷониба маълумот додед, саволе пайдо мешавад, ки дип­ломатияи бисёрҷониба кадом муносибатҳоро дар назар дорад?

-Дар шароити густариши босуръати ҷаҳонишавӣ ва тавсеаи рӯзафзуни равандҳои ҳамгироии сиёсиву иқтисодӣ дар арсаи ҷаҳон, Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозии ҳамкориҳои бисёрҷониба бо созмонҳову ниҳодҳои минтақавию байналмилалиро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ мешуморад.

Дар ин замина муносибот бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Муколамаи ҳамкории Осиё, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ афзалият доранд.

Давлати мо густариши ҳамкории фарогирро бо ҳамёрони худ ҷиҳати таҳкими амнияти милливу давлатӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар мешуморад ва узвияташро дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) посухгӯ ба манфиатҳои миллӣ медонад.

Тавре дар «Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр шудааст, «Тоҷикистон ба Барномаи Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) «Ҳамкорӣ баҳри сулҳ» шарик шуда, ҳамкориро бо он созмон ба манфиати нигоҳдории амнияту субот ва ташкили фазои эътимод дар тамоми қаламрави Евразия муҳим мешуморад».

Илова бар ин, «Ба хотири татбиқи афзалиятҳои сиёсати хориҷӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои бисёрҷонибаро бо шарикони худ дар форматҳои сегона ва чаҳоргона тақвияти бештар мебахшад ва аз ин саҳнаҳои муколамаи созанда ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, робитаҳои фарҳангӣ ва ҷустуҷӯи муштараки воситаҳои самарабахши муқовимат бо таҳдиду хатарҳои муосир ба таври васеъ истифода мекунад».

- Ба шарофати пешрафти бесобиқаи техника ва фановариҳои иттилоотиву телекоммуникатсионӣ дар даҳаи дуюми асри ХХI мафҳуми анъанавии фосилаи фазою вақт ва макону замон куллан ­тағйир ёфта, дипломатияи иттилоотӣ рӯи кор омад. Дипломатияи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом ҷанбаҳоро ҳадаф қарор додааст?

-Ҷавҳари тамаддуни иттилоотиро интишор ва мубодилаи беҳади бесобиқа дар марзи беҳудуди иттилоотӣ, рушди васоити интернетӣ ва густариши алоқаи моҳвораӣ, коркарду пахши ахбору иттилоот ва зуҳуру инкишофи дипломатияи рақамӣ ташкил медиҳанд.

Ба касе пӯшида нест, ки дар ҷаҳони муосир фазои иттилоотӣ ба саҳнаи бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии марказҳои қудрати дунёи муосир ва василаи муассири фароҳам овардани афкори омма ва самт додани он ба нафъи доираҳои муайян табдил ёфтааст. Дар вусъати фазои ­иттилоотии ҷаҳонӣ дар баробари тамоюлҳои мусбати созанда, ки огоҳиро таъмин мекунанд, ҳамчунин, раванд­ҳои манфии хатарзо барои ­амнияти иттилоотии кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, нуҳуфтаанд.

Бинобар ин, дипломатияи зикршуда иҷрои як силсила вазифаҳоро мадди назар дорад. Таъмини дарки воқеӣ ва дақиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби доираҳои васеи ҷо­меаи ҷаҳонӣ, муаррифӣ ва тарғиби дастовардҳо ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, пешрафту комёбиҳои фарҳангӣ ва илмии он, ташвиқи фазои мусоиди кишвар барои сармоягузорӣ, ҳамкориҳои самарабахши иқтисодӣ ва рушди сайёҳӣ, мусоидат ба эҷоди воситаҳои самараноки таъсири иттилоотӣ ба афкори ҷамъиятӣ дар хориҷа ҷиҳати шинохти мусбати Тоҷикистон аз ҳамон ҷумлаанд.

Илова бар ин, мусоидат ба тавсеаи имкониятҳои воситаҳои ахбори оммаи кишвар дар фазои иттилоотии байналмилалӣ, ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи иттилоот ба муқовимати саривақтӣ ва самаранок ба киберҷиноятҳо ва таҳдидҳои иттилоотӣ ба истиқлолияти давлатӣ ва манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаддасоти таърихӣ ва арзишҳои ахлоқиву маънавии халқи тоҷик мусоидат хоҳад кард.

Муҳимтар аз ҳама, роҳандозии дипломатияи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар пояи истифодаи гус­турдаи имкониятҳои фановариҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ сурат гирифта, давлати мо ҷонибдори таҳияи маҷмӯи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ барои таъмини амнияти иттилоотӣ ва риояи ҳамаҷонибаи онҳо мебошад.

Мусоҳиб Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»