Аз таъсиси маркази омӯзиши пиряхҳо се сол сипарӣ гардид

№60 (4322) 04.05.2021

Ба ин муносибат дар Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 28 апрели соли равон чорабинӣ баргузор шуд.

Дар он директори муассиса профессор Абдулҳамид Қаюмов вобаста ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», пешниҳоди эълон кардани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3-солагии таъсисёбии муассиса ибрози назар намуд. Аз он қаноатмандӣ гардид, ки марказ солҳои 2018 — 2019 ва 2020-ум 30 экспедитсияи илмӣ-таҳқиқотӣ ва бунёдӣ доир ба омӯзиши ҳолати пиряхҳоро анҷом дод.

Таҳия намудани феҳристи пиряхҳо дар 12 ҷилд, фарҳанги тафсирии пиряхҳо, таъсиси маҷаллаи илмии «Криосфера» низ аз корҳое мебошанд, ки муассиса амалӣ кардааст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

 «Садои мардум»