Маориф дар сиёсати роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятнок эълон гардидааст. Бо назардошти ин, ба хотири баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва ба таҳсил фаро гирифтани насли наврас дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат сохтмони мактабҳои замонавӣ идома дорад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ садҳо мактаб ба истифода дода шуд, ки имрӯз насли наврас дар шароити мусоид ба омӯзиши илм ва касбу ҳунар машғуланд.
Агар ба нишондодҳои оморӣ назар афканем, дар 30 соли истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 3 ҳазору 240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда ба истифода дода шудааст, ки ин аз таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди соҳаи маориф шаҳодат медиҳад.
Яке аз тадбирҳои дигар бунёди муассисаҳои таълимии тарзи нав мебошад. Маҳз ба хотири сифати баланди таълим теъдоди муассисаҳои таълимии типи нав — литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат дар замони соҳибистиқлолӣ ба 173 адад расонида шуд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки таълиму тарбия дар чунин муассисаҳои таълимӣ нисбатан самаранок буда, ҳар сол хонандагони онҳо дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавию ҷаҳонӣ соҳиби медалҳои тиллову нуқра ва биринҷӣ гардида, номи давлату миллати тоҷикро баландтар мебардоранд.
Инчунин 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Мо дар ҳазорсолаи сеюм ва асри пешрафти бесобиқаи илму технологияҳо, яъне дар асре, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёт тавассути саводу дониш ва илму технологияҳо идора карда мешаванд, зиндагӣ дорем. Барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад».
Маҳз таъкидҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки таваҷҷуҳи ҷавонони тоҷик барои хондану соҳибилм гардиданашон на танҳо дар мамлакат, балки барои идомаи таҳсил ба хориҷи кишвар низ зиёд гардидааст. Дар асоси созишномаҳои ҳамкории байнидавлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ҳазорҳо нафар ҷавонони лаёқатманди тоҷик барои идомаи таҳсил ба хориҷи мамлакат фиристода мешаванд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи донишҷӯёни тоҷик дар хориҷи кишвар наздик ба 42 ҳазор нафар расид. Шоҳиди онем, ки барои ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони аҳли заҳмат, ҳатто дар дурдасттарин деҳаҳо мактабҳои замонавӣ бунёд гардида, ин раванд бардавом аст.
Он рӯз дур нест, ки ҳама шаҳру навоҳии ҷумҳуриамонро биноҳои зебову замонавии муҷаҳҳази муассисаҳои таълимӣ зеб медиҳанду барои толибилмон шароити боз ҳам беҳтари таълиму тарбия фароҳам мегардад.
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»