муътақид аст узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Убайдулло Қурбонов
Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими сиёсии мамлакат маҳсуб меёбад, зеро татбиқи саривақтии нуктаҳои ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз замина фароҳам меорад, ки пешрафти соҳаҳо таъмин ва рӯзгори мардум беҳбудӣ ёбад. Мушоҳидаҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар он вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки татбиқи нуктаҳои Паём дуруст ба роҳ монда шудааст, пешравиҳои зиёд рӯйи кор омадаанд. Яке аз чунин муассисаҳо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад, ки миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҷойгоҳи хос ва мақому манзалати баландро соҳиб аст. Роҳбарияти ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тамоми пешравиҳои раванди фаъолиятро ба дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут медонанд. Суҳбате, ки бо ректори он, профессор Убайдулло Қурбонов доир намудем, моҳият, раванди иҷро ва дастовардҳои дар заминаи татбиқи Паёми Сарвари давлат ноилгардидаро бозгӯйӣ менамояд.
-Убайдулло Абдуллоевич, дар яке аз суҳбатҳоямон, ки ду сол қабл сурат гирифта буд, шумо чунин зикр намудед: «Бояд дарк намуд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ андешарониҳо бобати ҳуҷҷати муҳиме чун Паём ва иқдомот ҷиҳати иҷрои нуктаҳои он сатҳӣ набошад, зеро татбиқи ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз иқдомоти дастаҷамъона ва ҷиддиро тақозо менамояд»…
-Дуруст ёдовар шудед. Ибрози чунин андеша ба якчанд омилҳо рабт дошт. Аввалан, Паёми Президенти ҷумҳурӣ, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози моҳият хеле муҳим ва саривақтӣ маҳсуб меёбад. Муҳимияти Паём дар навбати аввал аз масъалагузориҳо, таҳлил, ояндабинӣ, ошкори камбудиҳо, муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ маншаъ гирифтааст. Сониян, ин ҳуҷҷати муҳим барои тамоми мардуми кишвар, сарфи назар аз мансубияташон ба ин ё он қишри ҷомеа, дастури роҳнамост. Ниҳоят, Паём шабеҳи оинаест, ки мо метавонем пешравиву дастовардҳои мамлакатро дар он мушоҳида ва онҳоро ба нишондиҳандаҳои пешин муқоиса намоем, зеро танҳо дар заминаи муқоиса мо муътақид мешавем, ки «ин куҷову он куҷо».
- Доир ба Паёми имсола чӣ назар ва аз он чӣ бардошт доред?
- Паёми имсола идомаи мантиқии Паёми солҳои пешини Роҳбари давлат мебошад. Он навгониҳое, ки дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа рӯйи кор омада истодаанд, замина фароҳам меоранд, ки мазмуну моҳияти ин ҳуҷҷат низ дигаргун гардад. Дар Паёми имсола азми қавӣ ва нияти нек мавқеи хос дорад. Ин махсусият дар ҳама нуктаҳои Паём баръало ба мушоҳида мерасад. Барои мисол, ҳангоме ки Сарвари мамлакат соҳаи маорифро мавриди таҳлили амиқ қарор дод, чунин зикр гашт: «Дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи илму маориф дар оянда низ ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконоти худро истифода мебарад ва маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад».
Ва ё дар мавриди дигар минҷумла гуфта шуд: «Маҳз ба ҳамин хотир, ки маориф соҳаи ояндасози ҳаёти кишвар мебошад, мо ба нақша гирифтаем, ки бо мақсади ҳалли масъалаҳои таълиму тарбияи насли навраси халқамон ва умуман ҷиҳати таъмин намудани рушди соҳаи маориф ва беҳтар гардонидани таъминоти иҷтимоии аҳли маориф дар 7 соли оянда 27 миллиард сомонӣ ҷудо намоем». Ин суханон бевосита ба азми қавӣ ва нияти нек рабт дошта, далели возеҳи собитқадам будани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
- Дар Паём зикр шудааст: «Минбаъд муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро лозим аст, ки истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро дар ҷараёни таълим ба роҳ монанд, таҷрибаи байналмилалиро омӯзанд, нақшаву барномаҳои таълимиро ба талаботи бозори дохиливу ҷаҳонии меҳнат ва таҳсилот мутобиқ гардонанд ва то соли 2020 гузариш ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилотро таъмин намоянд».
- Таъкиди ин масъала дар ҳуҷҷати муҳиме чун Паём бесабаб нест. Дар ҷаҳони муосир густариши ин раванд кафолати пешсаф будан дар ҳама ҷанбаҳо маҳсуб меёбад. Аз рӯзҳои аввали фаъолиятам ба сифати ректори донишгоҳ мо бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъаларо самти афзалиятнок қарор додем. Хушбахтона, иқдомоти мо самар овард ва заминаи моддиву техникии донишгоҳ хеле мустаҳкам гардид. Соли 2005 дар донишгоҳи мо ҳамагӣ 27 компютер мавҷуд буду халос. Ҳоло бошад, теъдоди он 900 ададро ташкил медиҳад. Аз соли 2006 инҷониб масоҳати биноҳои таълимии донишгоҳ 40000 метри мураббаъ зиёд шудааст. Дар ҳамин радиф, теъдоди ҷойҳои нишаст, ки соли 2005 ҳамагӣ 6000 буд, айни замон ба 15000 расидааст. Агар соли 2006 ҳамагӣ се монография аз ҷониби устодону кормандони донишгоҳ нашр гардида бошад, давоми шаш соли охир теъдоди онҳо ба 43 расид. Тайи муддати зикршуда аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ 7500 таълифоти илмӣ, 216 пешниҳоди навоварӣ ва 96 ихтироот рӯйи кор омад. Аз шумораи кормандони донишгоҳ 141 нафар рисолаи номзадӣ ва 21 нафар рисолаи докториро бомуваффақият ҳимоя намуданд.
Давоми соли 2013 ба китобхонаи илмии донишгоҳ 25878 нусха адабиёти чопӣ ва электронӣ ба маблағи умумии 584709 сомонӣ ворид гардид ва фонди умумии китобхона ба 701498 нусха адабиёти гуногунмавзӯъ расид. Аз ин теъдод 169153-тоашро маводи электронӣ ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ, таъминот бо адабиёти таълимӣ бо забони давлатӣ 100 фоиз, бо забони русӣ бошад, 199 фоизро дар бар мегирад.
-Президенти ҷумҳурӣ зимни ироаи Паём ёдовар шуд, ки соли гузашта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав қабул гардид ва дар ин қонун нахустин бор ба мақоми омӯзгор боби алоҳида бахшида шудааст. Дар идома таъкид гардид, ки «Мо бори дигар нишон додем, ки омӯзгор дар ҷомеаи мо мақоми хоса дорад.
Тибқи ин қонун ба омӯзгорон имтиёзҳои зиёде пешбинӣ шудаанд ва ман аз тамоми масъулини Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ талаб менамоям, ки иҷрои бечунучарои муқаррароти қонуни мазкурро таъмин созанд».
Шумо ба сифати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа дар ҷонибдории қонуни фавқуззикр саҳми бориз доштед, хоҳишмандам ба хонандагони рӯзнома моҳияти ин имтиёзҳоро бозгӯйӣ намоед.
- Ислоҳоти соҳаи маориф собит намуд, ки танҳо тавассути ворид кардани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда ба ҳадафи ниҳоӣ расидан имконнопазир аст, зеро ҳар як давраи инкишофи ҷомеа хусусиятҳои хоси рушди соҳаро муайян намуда, зарурати ислоҳотро ногузир мегардонад. Бинобар ин, зарурати дар таҳрири нав таҳия намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» амри воқеӣ гардид. Қонуни то ин дам амалкунанда 17 майи соли 2004 қабул гардида, аз лиҳози мазмуну моҳияти худ самтҳои зиёди соҳаи маорифи ҷумҳуриро инъикос карда наметавонист. Бо итминони комил гуфта метавонам, ки қонуни нав, ки фарогири 8 бобу 69 модда аст, холигиҳои қонуни амалкунандаро пурра менамояд. Масъалае, ки Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба он дахл намуданд, дар қонун мавқеи хосро соҳиб мебошад. Дар моддаи 53-юми қонун имтиёзҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро, аз қабили ба таъхир андохтани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ, бо тартиби муқарраргардида гирифтани рухсатии эҷодӣ бо нигоҳ доштани собиқаи корӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардидан бо доруворӣ ва табобати бепул ҳангоми беморӣ, дар навбати аввал таъмин гардидан бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзил ва ё беҳтар намудани шароити манзил бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани иловапулӣ ба маоши омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки дар муассисаҳои таълимии низомашон махсус фаъолият менамоянд, мушаххас пешбинӣ гардидааст.
Дар моддаи 54 вобаста ба таъминоти моддии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф омадааст, ки андозаи музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифи муассисаҳои таълимии давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад ва андозаи музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифи муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ набояд аз андозаи музди меҳнат дар муассисаҳои давлатӣ кам бошад. Музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф аз андозаи меъёри кафолатдодаи давлат иборат буда, ба он иловапулиҳо ба музди меъёри муқарраргардида илова карда мешаванд. Муассисаҳои таълимӣ дар доираи маблағи ҷудошуда метавонанд мустақилона шаклу низоми пардохти музди меҳнат, меъёри иловагии музди меҳнат ва маоши вазифавии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, шаклҳои тафриқадодаи пардохти иловапулӣ ва мукофотпулиро истифода баранд.
Ба музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки дар ноҳияҳо ва маҳалҳои шароити табиию иқлимӣ ва маишиашон номусоид кор мекунанд, коэффитсиентҳо ва иловапулиҳо муқаррар карда мешаванд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот уҳдадоранд, ки омӯзгорони дар деҳот зиндагикунандаро, баробари аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ, бо қитъаи замин ва молумулки дигари тақсимшаванда, мутобиқи меъёрҳои барои маҳал муқарраршуда, таъмин намоянд. Инчунин давлат муҳайё кардани шароитро барои такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки дар Паёми имсола ба шахсияти омӯзгор таваҷҷуҳи хоса зоҳир гашта, минҷумла зикр шуд: «Омӯзгор дар меҳвари соҳаи маориф қарор дорад ва сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шахсии омӯзгор вобастагии зич дорад». Ба ин суханони воқеан ҳам самимӣ ва баҳои баланд чизи дигаре илова намуданро ҷоиз намедонам.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»