Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳадафҳои олӣ мерасем, агар…

№10 (4430) 15.01.2022

IMG_0263Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири масоили иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангиву маданӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва амниятии кишвар буда, бо тафовут аз паёмҳои қаблӣ натиҷагирии сӣ соли даврони соҳибистиқлолӣ ва таъини нақшаву барномаҳо барои панҷ соли оянда – 2022 — 2026, яъне то ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Хурсандиовар аст, ки бинобар аҳамияти соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар солҳои 2022 — 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон шуд.

Зикр гардид, ки аз даҳсолаи дуюми даврони истиқлолият рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишвар оғоз гардида, дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардид. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 (53 баробар зиёд) ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ (111 баробар зиёд) расид. Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфта, дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардидааст, ки бо фаъолияти онҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзудааст.

Муваффақиятҳо дар соҳаи кишоварзӣ низ қайд гардида, аз ҷумла зикр шуд, ки маданияти истифодабарии замин беҳтар гардида, аз як қитъаи замини обӣ гирифтани 2 — 3 ҳосил ба ҳукми анъана даромад ва бо ҳамин роҳ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин шуда, аз 11 миллиарди соли 1992 ба 40 миллиард сомонӣ дар соли 2021 расид, яъне қариб 4 баробар афзоиш ёфт.

Вобаста ба раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он, инчунин, таъмини рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар ҳама фасли сол байни минтақаҳои кишвар зикр гардид, ки дар ин самт 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамин тавр, соли 2017 яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат амалӣ шуда, Тоҷикистони сепорча ба қаламрави воҳид табдил дода шуд ва тавассути долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани он таъмин гардид.

Пешвои миллат роҷеъ ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ аз бунёду таҷдиди 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, натиҷагирӣ намуданд, ки 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар навсозӣ гардидааст.

Азбаски меҳвари дурнамои панҷ соли ояндаи фаъолияти Ҳукумати ҷумҳуриро рушди соҳаи саноат ташкил медиҳад, қабл аз таҳлили муфассали соҳаҳо зикр шуд, ки дар бист соли охир ба кишвар беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 59 миллиард сомонӣ сармояи мус­тақим ҷалб карда шуда, танҳо барои рушди соҳаи саноати кишвар беш аз 35 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ равона гардидааст.

Дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ тайи се соли охир ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоии аҳолии кишвар зиёда аз 25 ҳазор иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш ёфтааст, ки аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ номида шуд.

Пешвои миллат, ки аз оғози давлатдорӣ рушди соҳаҳои илму маориф ва фарҳангро асоси таъмини рушди соҳаҳои дигар, афзудани хештаншиносиву ҳувияти миллии наврасону ҷавонон, эътибори байналмилалии миллату давлат дониста, баҳри таъмини рушди бемайлони онҳо тадбирҳои саривақтиву судманд роҳандозӣ менамоянд, дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар аз муваффақияту камбудиҳои ин соҳаҳо муфассал натиҷагирӣ намуданд.

Беҳтарсозии заминаи моддӣ-техникӣ, сохтмони иншооти наву замонавии таълимӣ, мутобиқгардонии барномаҳои таълимӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, омодасозии омӯзгорони донандаи забонҳои хориҷӣ, махсусан дар равияҳои табиию риёзиро баҳри таъмини рушди соҳаи саноати кишвар муҳим арзёбӣ намуданд. Чунончи қайд гардид: «… Мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф — сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад».

Воқеан, дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дода шудааст. Хурсандибахш аст, ки ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонон барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода шуда, шумораи онҳо соли 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст.

Пешвои миллат аз забондонӣ дар ҷумҳурӣ, ҷавобгӯ набудани барномаҳои таълимӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ибрози нигаронӣ намуда, ҷиҳати такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар кишвар, ки ҳар ду аз забонҳои кории СММ буда, нуфузи ҷаҳонӣ доранд, ба мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд ва аз падарону модарон даъват ба амал оварданд, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд. Ҳамчунин, ҷиҳати боло бурдани малакаи хонандагон ва дар замири онҳо бедор намудани рағбати илмомӯзӣ, махсусан омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ, боз ҳам беҳтар намудани шароити таҳсил бунёд ва ба истифода додани беш аз 1000 иншооти таъиноти гуногуни соҳаи маорифро дар панҷ соли минбаъда, кушодани шуъбаҳои алоҳидаро дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ ҷиҳати омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ ба масъулин дастур доданд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳоло бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад ва зарур аст, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултету шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.

Пешвои миллат ҳифзи Мероси фарҳанги моддиву ғайримоддиро вазифаи муҳимтарини ворисони ин мероси бузург дониста, илова намуданд, ки эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим мебошад.

Эҳёи жанрҳои «Шашмақом», «Фалак», ҷашн­ҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада, ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб дар пойтахти мамлакат, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, озмунҳои гуногун, махсусан, озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», нашри силсилакитоби «Ахтарони адаб» иборат аз панҷоҳ ҷилд, ба ҳар як оилаи кишвар ба таври ройгон дастрас гардидани шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, таҷлили Рӯзи китоб, бунёди даҳҳо театр, қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва сафарҳои ҳунарии аҳли фарҳанг ба даҳҳо кишвари дунё аз муҳимтарин дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи фарҳанги миллӣ арзёбӣ гардиданд.

Ҳадафи баргузории озмунҳои «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни насл­ҳои ояндасоз маънидод гардид.

Басо хурсандибахш аст, ки ҳамчун самараи талошҳову ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Пешвои миллат соли 2021, дар баробари номбандии муштараки «Роҳи бузурги абрешим: долони Зарафшон – Қароқум», 9 мавзеи мероси таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардид. Ҳамчунин, пешниҳоди Тоҷикистон оид ба ворид намудани 2500-солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» ба Рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2022–2023 пазируфта шуд. 15 декабри соли 2021 аз ҷониби ЮНЕСКО санъати мусиқии халқии «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд.

Сарвари давлат бо ифтихор аз соҳибдавлативу тамаддуни оламшумул, зикр намуданд, ки моҳи октябри соли гузашта аввалин бор дар минтақаи Аврупо намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи Гимейи Фаронса баргузор гардид ва дар давоми се моҳ таъриху тамаддуни ғании миллат, мавзеъҳои таърихии он дар асрҳои гуногун, осори фарҳангиву ҳунармандии қадима ва санъати нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Аврупо муаррифӣ хоҳад гашт.

Сарвари давлат ба ҳайси Пешвои хирадманду сиёсатмадор оид ба авзои сиёсии минтақа ва ҷаҳон ибрози назар намуда, онро ниҳоят ҳассосу мураккаб номиданд ва мардуми кишварро ба ҳифзи истиқлолу озодӣ, арзишҳои миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва зиракии сиёсӣ даъват намуданд. Дар робита ба қазияи Афғонистон аз мавқеи сулҳгароӣ ва оини неки ҳамҷаворӣ таъкид намуданд: «Мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамсояи мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва мо тавонем, ки бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ кунем».

Бо боварии комил метавон гуфт, ки мардуми шарафманди тоҷик бо татбиқи нуктаҳои Паёми пурмуҳтаво ва ояндасози Пешвои миллат ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардида, дар соҳаҳои маориф ва илму фарҳанги мамлакат пешравиҳои назаррас рӯи кор омада, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат, хоса баҳри рушди саноати ватанӣ ва некуаҳволии бештари мардум қадамҳои устувор гузошта мешавад. Барои расидан ба он рӯзҳои беҳтар моро зарур аст, ки дастурҳои Пешвои миллатро сармашқи кор қарор диҳем ва якдилона иқдом ба корҳои созанда намоем. Чунончи Пешвои миллат таъкид намуданд: «Танҳо азму иродаи қавӣ, эътимод ба фардои нек, заҳмати софдилона ба нафъи Ватан ва давлат метавонад моро ба ҳадафҳои олиамон расонад».

Абдусалом МИРАЛИЗОДА,

доктори илмҳои педагогӣ,

профессор,

ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ