18 август – Зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино ва Рӯзи кормандони соҳаи тиб

Ба ғайр аз илмомӯзӣ шуғл надошт

№104 (4366) 17.08.2021

РкеторФарзандони фарзонаи миллат дар ҳама давра барои ҷаҳониён мероси арзишманд ва дар пешрафти илм нақши бориз гузоштанд. 

Яке аз чунин шахсиятҳо ҳаким, олим, табиби ҳозиқ, файласуф Абӯалӣ ибни Сино мебошад.

Ӯ дар охири садаи X ва ибтидои қарни XI зиста, дар инкишофи фалсафа ва тиб саҳми босазо гузоштааст. Ибни Сино парвардаи муҳити фарҳангии Сомониён буд, вале баъди пош хӯрдани он давлати мутамарказ қисми зиёди умраш дар гирдоби ҳодисаҳои мудҳиши нимаи аввали асри XI сипарӣ гардид. Ӯ гоҳ чун табибу файласуф, баъзан ба сифати фақеҳу надими подшоҳон,  ҳатто замоне чун зиндонӣ ҳаёт ба сар бурдааст. Новобаста ба садрангии гардиши рӯзгор, аз омӯзиш даст накашида, мудом пайи озмоишу пажӯҳиш буд.

Номи ибни Сино — Ҳусейн ва номи падараш Абдулло, ки писари Ҳасан ва Ҳасан писари Алӣ ва Алӣ писари Сино буд. Аз ин рӯ, ӯро Ибни Сино ё Абӯалӣ Сино номидаанд. Абӯалӣ ибни Сино хотираи фавқулода ва зеҳни қавӣ дошт. Илми мантиқро аз Абӯабдуллоҳи Натлӣ омӯхтааст. Дар ҷавонӣ Амир Нӯҳ Сомониро аз бемории вазнин наҷот додааст, ки дар ин бора чунин нигоштааст: «Вақте 18 — сола будам, писари Мансур — Нӯҳ сахт бемор шуд, табибон ӯро табобат карда натавонистанд ва азбаски дар соҳаи тиб обрӯ доштам, маро ба назди ӯ оварданд. Ман ба вай шифо бахшидам ва ба ман иҷозат доданд, ки аз китобхонаи ӯ истифода кунам. Ман он ҷо китобҳои зиёдро дидам, ки аксар одамон ҳатто номашонро намедонистанд ва то он рӯз надида будам. Ман аз омӯзиши онҳо манфиати зиёд гирифтам».

Воқеаву ҳодисаҳои 25 соли охири умри Сино аз ҷониби шогирди вафодораш Абуубайди Ҷузҷонӣ бо номи «Рисолаи саргузашт» китобат шуда, бо забонҳои гуногун чанд бор ба табъ расидааст.

Ибни Сино хӯи нек, зеҳни хуб ва истеъдоди баланд дошт, ки устодонашро ба ҳайрат ­гузошт. Дертар падараш Ҳусейнро назди Абдуллоҳи Массоҳ, ки аз донишмандони соҳаи ҳисобу ҳандаса буд, ба шогирдӣ гузошт. Ибни Сино дар андак вақт дар омӯзиши он илмҳо муваффақ шуд. Бар замми ин, Ибни Сино дар ­назди Исмоили Зоҳид ду сол ба омӯхтани тафсири ­«Қуръон», ҳадисҳои пайғамбари ислом ва фиқҳ пардохта, то 12-солагӣ дар тафсир, ҳадис ва фиқҳ маҳорат пайдо кард. Шеваи баҳс, одоби музокира, тарзҳои эътироф ба ҳариф ва ҳусни муҳовараро нағз омӯхт. Мустақилияти фикр, андешаи фарох ва бо далел сухан рондан хоси нав­ҷавони дар роҳи илм пешрав буд. Дар масъалаҳои маслаку мафкура ӯ мустақилиятро ҳатто аз падари хеш ҳам нигоҳ ­медошт. Баъд аз фаро гирифтани маълумоти миёна, Ибни Сино аз пайи такмили донишу маърифат гашт.

Ибни Сино то 15-солагӣ илмҳои табииёт, илоҳиёт, фалсафа, ҳикмати илоҳӣ, нуҷум, мусиқии назарӣ, ҳандаса ва риёзиётро мустақилона омӯхта, дар 16 — солагӣ ба омӯхтани илми тиб машғул шуд. Устодаш дар ин ҷода Абӯмансур Ҳасан Камарии Бухороӣ, табиби дарбори Нӯҳ ибни Мансур буд.

Аслан, омӯзиши илми тиб­ро ӯ дар 12-солагӣ шурӯъ кард, вале бо маслиҳати Абӯсаҳли Масеҳӣ аз идомаи таҳсил худдорӣ намуда, чанде таваққуф намуд. Дар 16-солагӣ Абӯалӣ чун табиби ҳозиқ дар Бухоро шинохта шуд. Ҳамчунин, ба такмили дониш дар соҳаи илми фиқҳ, мантиқ, фалсафа, табиатшиносӣ, риёзиёт ва илми илоҳӣ шуғл меварзид. Абӯалӣ шахси ниҳоят пуркор, ҷиддӣ ва меҳнатдӯст буд.

На танҳо ақли расо ва қобилияти баландаш, балки матонату устуворӣ дар омӯзиш, сабру тоқат ва ҷаҳду талошҳояш низ омилҳое буданд, ки комёбиҳои маънавии ӯро таъмин мекарданд. Чунончӣ, Сино доир ба таҳсили илм мегӯяд: «Ягон шаб пурра нахуфтаам ва рӯзона ба ҷуз омӯхтани илм ба коре машғул нашудаам».

Абӯалӣ то 18-солагӣ пешсафи бузургтарин олимони давр эътироф гардид. Шайхурраис мегӯяд: «Чун ба 17 — солагӣ расидам, аз омӯхтани ҳамаи илмҳо фориғ шудам. Он рӯз дар илм беҳтарин ҳифзкунанда будам, имрӯз пухтатар шудам, вагарна илм як хел буда, аз он чизе дар ман дигаргун нашудааст».

Албатта, бо он ҳама донишу заковат ва хиради воло Абӯалӣ ибни Сино ҳақ дошт, ки он вақт гӯяд:

Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал,

Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.

Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,

Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.

Ибни Сино дар дунё аз пурмаҳсултарин олимон ва адибон эътироф гаштааст. Фаъолияти эҷодии вай аз 18 — солагиаш, солҳои 996-997 шурӯъ шуда, расо 40 сол давом кардааст. Ӯ осори насриву назмиашро ба забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ эҷод кардааст. Сабаби бисёре аз асарҳоро ба забони арабӣ навиштани Абӯалӣ он аст, ки дар он замон забони илму маданият буд. Ҳамчунин, китобҳои зиёди илмию ахлоқии юнонӣ, ибронӣ, ҳиндӣ ва паҳлавӣ ба забони арабӣ тарҷума шуда, истилоҳоте, ки мафҳумҳои илмиро ифода мекарданд, дар ин забон устувор гардида буданд. Забони арабӣ барои ҳамаи донишмандони асрҳои X — XI фаҳмо буд, дарси мадрасаҳо ба ин забон мегузашт.

Осори Абӯалӣ ниҳоят зиёд аст. Аз рӯйи тадқиқ ва ҳисоби донишмандони муосир, шумораи асарҳои Абӯалӣ, ки то ҳол маълум шудааст, ба 456 адад мерасад. Дар китобхонаҳои давлатӣ ва шахсии олам 162 асари ӯ нигоҳ дошта мешаванд, ки аз онҳо 23 асар бо забони модариаш, яъне, тоҷикӣ эҷод шудааст. Ҳамчунин, як силсила шеър­ҳои тоҷикии Абӯалӣ низ то замони мо расидаанд. Осори Ибни Сино аз ҷиҳати ҳаҷм хеле гуногун буда, аз рисолаҳои мухтасар то асарҳои чандинҷилдаро ташкил медиҳанд. Асари «Китобу-л-инсоф», ки аз байн рафтааст, дар 20 ҷилд, «Алҳосил в-ал-маҳсул» — 20, «Китобу-ш-шифо» — 18, «Лисону-л-араб» — 10, «Наҷот» 3 ҷилд, «Ал-Қонун» дар 5 китоб эҷод шудаанд. Кулли осори номбурда дар такмили илм нақши сазовор гузошта, арзиши бузурги таърихӣ, маданӣ ва илмӣ доранд. Аз ҷумла, китоби «Ал-Қонун», ки ба забони арабӣ таълиф шудааст, то кунун ба забонҳои бузурге чун лотинӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, англисӣ, ибрӣ, форсӣ ва урду тарҷума шудааст.

«Ал-Қонун» тақрибан 800 сол дар Ғарб китоби асосии тиббӣ маҳсуб меёфт. Ба он беш аз 200 шарҳу хулоса навишта шуда, баъд аз шарҳҳои ­«Қуръон» ва шарҳҳое, ки ба китобҳои Муҳиддин ибни Арабӣ навишта шудааст, мақоми сеюмро соҳиб гаштааст.

Олими машҳур Виллиям Ослер (William Osler, 1849-1919), падари тибби муосир, китоби «Ал-Қонун»-ро Инҷили тиб ва Ибни Синоро муаллифи машҳуртарин китоби дарсӣ, ки то он замон навишта шуда буд, медонад.

Тамоми асарҳои Синоро метавон ба 4 гурӯҳ тақсим кард: доир ба ҳикмат, фалсафа, ахлоқ ва мантиқ, оид ба тиб, доир ба илмҳои дақиқ, забону адабиёт ва санъат.

Бисёре аз асарҳои Сино танҳо роҷеъ ба як соҳа ихтисос наёфта, балки чандин илмро фаро мегиранд. Аз ҷумла, «Донишнома» аз бобҳои «Мантиқ», «Илоҳиёт», «Табииёт», «Ҳайат» ва «Мусиқӣ» таркиб ёфтааст.

Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик Ибни Сино ҳамчун шоири ориф эътироф гардидааст ва муҳимтарин қисмати осори адабии ӯро шеърҳо ташкил медиҳанд. Қасида ва ғазалҳои шоир тасаввуфӣ ва ахлоқианд, вале рубоиҳои Сино шоирона садо додаанд. Андешаҳои ҳикматомӯзи шоир дар ашъо­раш ба таври равшан инъикос шуда, муносибати иҷтимоӣ ва шахсияти шоирро рӯнамо месозанд.

Дар кишвар барои гиромидошти Абӯалӣ ибни Сино Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино – ҷоизаи олии ҷумҳуриявӣ дар соҳаи илму техника (1 марти соли 1967) таъсис дода шудааст. Акси Ибни Сино дар пули миллии кишвар инъикос ёфтааст ва номи ӯ ба майдону хиёбонҳо, маҳаллаву ҷамоатҳо ва кӯчаҳо гузошта шудааст, пайкараву нимпайкараҳои ӯ дар гӯшаҳои гуногуни диёр қомат афрохтаанд. Барои арҷгузорӣ ба ин табиби ҳозиқ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон номи Абӯалӣ ибни Сино гузошта шудааст. Иди касбии кормандони соҳаи тибби кишвар низ 18 август — зодрӯзи Шайхурраис Сино, таҷлил мешавад, ки арҷгузорӣ ба ин фарзанди бузурги миллати тоҷик аст.

Маҳмадшоҳ ГУЛЗОДА,

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино», профессор