Мегӯянд дӯстдории Ватан ва машғул шудан ба ҳар кору пайкоре ба ободиву сарсабзии диёри муқаддасамон – Тоҷикистон алоқаманд аст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамеша ба ҷавонон таъкид мекунанд, ки ба ҳар коре, ки машғул мешаванду ҳар вазифаву масъулиятеро, ки бар дӯши онҳо мегузоранд, бояд холисона, аз рӯи адлу инсоф, бо дасту дили пок ва бо садоқат ба арзишҳои волои инсониву ватандорӣ иҷро намоянд.
Хушбахтона, ин таъкиди Сарвари давлат барои ҷавонони бедору соҳиби маърифати ватандорӣ дастури кор аст. Аз ҷумла, Ғаюр Раҳмонзода яке аз он ҷавонони серталош аст, ки андеша дорад, бояд бо нияти нек ба ҳама кор рӯ биёрем, зеро ин ҳам омили рушду камоли шахсӣ ва ҳам пешрафти соҳа ва бахши муайяни зиндагии сокинон, дар маҷмӯъ кишварамон, хоҳад буд.
Ӯ аз хурдӣ нияту орзуи табиб шуданро дошт. Бо ин мақсад соли 2000-ум ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, онро соли 2006 бо ихтисоси табиби дорусоз ба поён расонд.
Таъкиди дигари Пешвои миллат, ки мегӯянд ҷавонон бояд ҳадди ақал забонҳои русӣ ва англисиро хуб аз бар намоянд, барои Ғаюр сармашқ аст. Ӯ, ки ин забонҳоро балад аст, дар фаъолияташ ба кор мераванд.
Номбурда сиву нуҳ сол дошта, ҳоло директори Коллеҷи тиббиву инноватсионии шаҳри Бохтар мебошад. Ӯ, ки қаблан дар вазифаҳои гуногуни соҳавӣ фаъолият кардааст, мегӯяд, ки ҳадафу мароми ҳар як ҷавон бояд як чиз бошад: хизмат ба халқу Ватан, сабукӣ овардан ба сокинон, кори аз дастмеомадаро барои беҳбудии зиндагии одамон ва ободии ҷомеа анҷом додан.
Умед ҳаст, ки Ғаюр Раҳмонзода дар амалӣ кардани нақшаву ниятҳои созандааш комёб мегардад.
Бале, чунон ки мегӯяд:
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
Нуруллоҳи ОРИФ,
шоир