Солҳои 2020 - 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»

Ба илми кимиё дастдарозӣ кунӣ…

№107 (4213) 03.09.2020

наукаАсоси илмҳои дақиқро риёзиёт, физика, кимиё ва биология ташкил медиҳанд. Инсоният аз қадим ба ин фанҳо рӯ овард ва дар натиҷаи омӯзишу ­таҷриба ба муваффақиятҳои шоён ноил гашт. Аз ҷумла, тоҷикон дар омӯзишу ғанӣ гардонидани илм­ҳои дақиқ собиқаи беандоза доранд. Чунончӣ, таърих гувоҳ аст, ки ҷашни миллии Нав­рӯзи олам­афрӯз таърихи беш аз 6000 — сола дорад. Оё бе донис­тани илмҳои дақиқ, муайян кардани дарозу кӯтоҳ ва баробаршавии шабу рӯз, офтобтарозу, рӯзи наву оғози киштукор ва ҷашн гирифтани Нав­рӯз имкон дошт? Албатта, не! Ин далели он аст, ки ниёгон ҳодисаҳои табиат­ро хуб омӯхта, дар ҳаёти ҳаррӯза аз илмҳои дақиқ фаровон истифода менамудаанд.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, ба омӯзиши фанҳои дақиқ аввалин шуда бобулиҳо, мисриҳо, баъдтар юнониҳо, хитойиҳо ва ҳиндуиҳои қадим рӯ овардаанд. Охирҳои асри VIII ва ибтидои асри IX дар Осиёи Миёна ва Ҳиндустон низ ин илм хеле пеш рафт ва бо кашфиёти навин ғанӣ гашт. Дар он давра донишманди бузурги Шарқ, асосгузори фанни алгебра — Муҳаммад Хоразмӣ асаре бо номи «Ҳисоб ал-ҷабр в-ал-муқобала» таълиф намуд, ки аз рӯи он ин илм ҳамчун фанни мустақил таълим дода мешуд. Устодони бузурге чун Умари Хайём, Закариёи Розӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Алӣ Қушчӣ, Баҳоваддин Омулӣ, Наҷмиддин Алихон ва садҳои дигар низ бо кашфиёту дастовардҳои нодир дар рушди илмҳои дақиқ саҳми сазовор гузоштаанд, ки башарият то ба ҳол аз онҳо истифода мебарад.

Дар рӯзгор омӯзиши илмҳои дақиқ моҳияту аҳамияти хоса касб кардаанд. Зеро, дар замони мо илму техника босуръат пеш меравад ва танҳо дуруст омӯхтану хуб донистани илмҳои дақиқ роҳро ба сӯи ояндаи дурахшон барои насли наврас кушода метавонад. Онҳоро ба мантиқан фикр кардан, хулосаи дуруст баровардан, таҳаммулпазиру дақиқкор будан, ҳодисаҳои табиатро дуруст таҳлил карда тавонистан, аз олами коинот воқиф шудан, хубро аз бад, сафедро аз сиёҳ фарқ карда тавонистан ва ғайра ҳидоят менамояд. Тафаккури математикӣ на танҳо барои расидан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар илмҳои дақиқ, балки ба рушди дигар соҳаҳо — иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тандурустӣ ва фарҳанг роҳ мекушояд. Ҳамин аст, ки математикаро шоҳи ҳамаи фанҳо мегӯянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон доимо аз сатҳу сифати таълим, ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзишу рушди фанҳои дақиқ ҳарф мезананд. Маҳз ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои инкишофи тафаккури техникии насли наврас ҳангоми ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар (26 декабри соли 2019) Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд.

Ба ин масъалаи ниҳоят муҳим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо олимону аҳли зиёи кишвар (18 марти соли равон) бори дигар дахл ва аз ҷумла қайд намуданд: «Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад».

Дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон гардид. Дар ин раванд, мақсад гузошта шуд, ки истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш ёфта, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал ҷавонон, тақвият бахшида шуда, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварда шавад.

Пешвои миллат зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш (17 август) аз ҷумла чунин иброз доштанд: «Моҳи июли соли ҷорӣ Қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон намудани солҳои 2020-2040» қабул гардид.

Дар ин санад, дар марҳалаи аввал, таҳия ва татбиқи «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» ба нақша гирифта шудааст».

Бояд зикр намуд, ки барои ҳамқадами замон будан, эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» амали зарурӣ ва саривақтист. Дар ин самт корхонаву идораҳо, муассисаҳои таълимӣ корҳои зиёдеро амалӣ сохта метавонанд. Аз ҷумла, иҷрои барномаҳои қаблан дар ин самт қабулгардида, хусусан, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, № 544 «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» хеле зарур аст. Пӯшида нест, ки ҳоло дар бархе аз муассисаҳои таълимии кишвар кабинетҳои физика, кимиё, биология, технологияи иттилоотӣ мавҷуд нест ва ҳамчунин, дар роҳи дарёфти таҷҳизоти лабораторӣ ва аёниятҳои таълимӣ мушкилот мавҷуд аст. Дар баъзе аз муассисаҳои таълимӣ дарсҳо ва машғулиятҳои дигари фаннӣ бе истифода аз айёният дар синфхонаҳо (на дар кабинетҳои фаннӣ) гузаронида мешаванд. Бо сабаби нарасидани омӯзгорони соҳибтахассус дар баъзе аз мактабҳо дарсҳои физика, кимиё ва технологияи иттилоотӣ ба омӯзгорони ғайриихтисос вобаста карда шудааст, ки садди роҳи баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил дар ин гуна муассисаҳои таълимӣ гардидааст. Дар асоси барномаи тарҳрезишуда, ташкили кабинети муҷаҳҳаз бо шароити зарурӣ, дастрасӣ бо тахтаҳои электронӣ, ташкили шабакаҳои дохилии интернетӣ ва таъмин намудани кадрҳои омӯзгорӣ амали саривақтист.

Бояд қайд намуд, ки дар ҳаёт ба илмҳои гуногун дучор мешавем. Илмҳое ҳастанд, ки вақту мавриди истифодаи хос доранд, ба таъбири дигар, дар зиндагии ҳамарӯза истифода намешаванд. Вале зиндагиро бе истифода аз илмҳои дақиқ, ки дар асоси эҳтиёҷоти инсон пайдо шудаанд, тасаввур кардан душвор аст.

Боиси хушнудист, ки соҳаи маорифи кишвар ба усули нави таълим — таълими салоҳиятнокӣ гузаштааст. Ҷавҳари таълими салоҳиятнокиро асосан тарбияи хонандаи мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат, сазовору содиқ ба ватан ва муқаддасоти он, шахсе, ки донишҳои андӯхтаашро дар ҳаёт татбиқ карда метавонад, ташкил медиҳад. Барои ноил шудан ба дастовардҳо дар ин самт амалӣ намудани кори хеле зиёд дар пеш аст. Таълими салоҳиятнокӣ имкон медиҳад, ки дарсҳо ва дигар машғулиятҳо боз ҳам шавқовартару дилчасп гузаронида шаванд. Барои босалоҳият намудани насли ҷавону ободкор ва сазовору содиқи ватан зарур аст, ки пеш аз ҳама, сатҳу сифати таҳсилотро вобаста ба талаботи рӯз дар ҳама зинаи таҳсилот баланд бардорем. Кори маҳфилҳои фанниро ҷоннок созем, ҳафтаҳои фаннӣ гузаронида, хонандагони фаъолро ҳавасманд намоем. Бо хонандагон бештар суҳбату конфронсҳо доир намудан, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мактаб, робитаи қавӣ бо волидайни хонандагон аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Хулоса, ҷиҳати иҷрои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» кори зиёд дар пешанд. Агар хоҳем, ки дар оянда фарҳангу маърифати шаҳрвандӣ, ҷаҳонбинӣ ва донишу ҳувияти миллии ҷавонон рушд ёбад, чун шахсиятҳои комилу меҳнатқарину ватандӯст ба воя расанд, аҳли ҷомеа бояд фаъолияти амалӣ ва таълимиро боз ҳам бештар намуда, баҳри татбиқи ин амали некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшишу ғайрат кунанд. Якҷо бо аҳли ҷомеа, бояд насли наврасро ба китобхонӣ, хоса, аз бар намудани илмҳои дақиқ, раҳнамун созем. Бузурге барҳақ фармудааст:

Ба илми кимиё дастдарозӣ кунӣ,

Яқин дар ҷаҳон сарфарозӣ кунӣ.

Ф. НАҶМИДДИНИЁН,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон