Фидоиёни маориф

Ба мактаб ҳамраҳи ту нур мерафт

№61 (4481) 21.05.2022

DSC_9394Дар яке аз анҷуманҳои муаллимони РСС Тоҷикистон устод Боқӣ Раҳимзода, ки меҳмони ифтихорӣ буд, шеъри нав эҷодкардаашро ба вакилони анҷуман қироат намуд:

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам,

Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам.

Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам,

Миннатпазир аз ту доим ба рӯзгорам.

З — ин рӯ, бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,

Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.

- Рафти анҷуманро аз тариқи радио дар толори калони мактаб бо хонандагон гӯш кардем ва баромади ҳар як вакили анҷуман барои мо дарси ибрат гардид.

Анҷуман дар рӯҳияи якдигарфаҳмӣ, дӯстиву якдилӣ ва ошкорбаёнӣ гузашт. Боиси шодмонии мо — омӯзгорони ноҳияи Ванҷ буд, ки яке аз ветеранҳои маорифи Тоҷикистон, устоди ман Юсуф Қудратов бо ордени Ленин сарфароз гардид. Ин ғамхории Ҳукумати вақти Тоҷикистон моро рӯҳбаланд карда, водор намуд, ки насли наврасро беҳтару хубтар тарбия намоем.

 Ҳамин тавр ҳам шуд. Расо 63 соли ҳаётамро ба мактаб бахшидаам, — гуфт Муаллими хизматнишондодаи мактабҳои РСС Тоҷикистон Хушвахт Искандаров.

Бо ин омӯзгори фидоӣ ва марди наҷиб суҳбат кардан хеле хушу гуворост. Ман аз роҳи тайнамудааш суол додаму ӯ аз боби устодону дӯстон ва ҳампешагонаш қисса кард. Қиссаҳояш ибратбахшанд.

Хушвахт Искандаров 10 январи соли 1934 дар деҳаи Ширговади ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба дунё омадааст. Таҳсилро дар мактаби миёнаи ба номи В. И. Ленини маркази ноҳия хатм карда, ҳамроҳи чанд тан аз ҳамдиёрон ва ҳамсинфон ба воситаи мошини «Полуторка» баъд аз 7 рӯз ба шаҳри Кӯлоб расиданд. Мардуми Кӯлоб фиристодагони Боми ҷаҳонро хеле хуш истиқбол гирифтанд.

- Шукр аз он мекунам, ки бо кӯшишҳои пайвас­таи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон роҳи вайрону валангори Хоруғ — Душанбе шакли нав гирифт ва аз шаҳри Душанбе то Дарвоз роҳи зебои кушоду мумфарш сохтаанд. Агар саҳарӣ аз Душанбе ба воситаи шаҳри Кӯлоб ба Бадахшон сафар карданӣ шавед, хӯроки нисфирӯзиро дар тарабхонаи «Ориён»-и ноҳияи Дарвоз тановул мекунед. Яъне, дар 5 — 6 соат ба дарвозаи Бадахшон дохил мешавед.

Соли гузашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони роҳи Дарвоз — Ванҷ ва сарҳади Рӯшон ҳусни оғоз бахшиданд. Боварӣ дорем, ки сохтмони ин минтақаи роҳ дар кӯтоҳтарин муддат ба анҷом мерасад, — иброз дошт ҳамсуҳбатам.

Хушвахти ҷавон донишҷӯи факултети физикаю математикаи Институти давлатии педагогии Кӯлоб шуд ва солҳои 1954 — 1958 дар ин донишкада таҳсил кард. Он солҳо дар таълимгоҳи зикршуда донишҷӯён аз Помир, Ғарм, Ҳисор, Конибодом, Айнӣ ва дигар ноҳияҳо таҳсил мекарданд.

Муаллим Искандаров номи қисме аз ҳамкурсонашро ба хотир овард. Инҳо Раҳмат Боев, Раҳмат Зиёбеков аз ВМКБ, Хонак Давлатов, Обид Саидалиев, Ғанӣ Холов, Мирзо Сабзаев, Азиз Сангов, Ҳалим Бойматов аз шаҳру навоҳии Кӯлоб ва дигарон.

Умуман, устодону омӯзгорони он давра Моёншо Назаршоев, Ниёз Сафаров, Парвиз Ирфон, Султон Мирзоев, Мирзо Ахмедов, Қодир Хоркашов, Акбаров ва дигарон ба шогирдон сидқан илму дониш меомӯхтанд. Онҳо, ки алҳол бештарашон дар қайди ҳаёт нестанд, ба маънои томаш муаллим буданд. Зеро ба душвориҳои солҳои баъдиҷангӣ нигоҳ накарда, ҳамеша ба дарсу машғулиятҳо бо тайёрӣ меомаданд. Донишҷӯёнро бесабаб сарсон намекарданд. Баръакс, ба донишҷӯёни муҳтоҷ аз ҷиҳати моддӣ ёрӣ мерасонданд. Рӯзҳои истироҳат ва таътили зимистона донишҷӯён бо ҳамкурсҳояшон ба ноҳияҳои Ховалинг, Арал (ҳоло ноҳияи Восеъ) рафта, аз меҳрубониҳои ин мардум дурӣ аз зодгоҳро фаромӯш мекарданд.

То ҳанӯз акаи Хушвахт нону намаки ин мардумро пос медорад:

Аммо ба поси рӯи дӯконаш,

Ба ҳурмати намакаш.

Як сурфа, як табақ,

Кӯлоб бо ман аст,

Кӯлоби ширчою қурутобу нони гарм,

Кӯлоби рӯи гарму бародарсаломи гарм,

Дасту миёнфишори сахту гарм,такон — такон,

Кӯлоби меҳрубон, Кӯлоби ҷон.

Фаъолияти педагогии муаллими ҷавон Искандаров Хушвахт аз соли 1958 дар ноҳияи Куйбишев оғоз ёфтааст. Баъд аз як сол ӯро ба зодгоҳаш фиристоданд. Минбаъд, дар мактаби ҳаштсолаи деҳаи Ширговад ва минҳайси директори мактаби ҳаштсолаи деҳаи Жамаги водии Язгулом кор кард. Беҳтарин давраи омӯзгориаш дар мактаби миёнаи умумии №4-и маркази ноҳияи Ванҷ гузаштааст. Муаллим Искандаров ҳоло нафақахӯр аст, вале дарси аввалинашро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад ва нақл карданашро хеле дӯст медорад.

- Бори нахустин ба синф даромаданамро то ҳанӯз нағз дар хотир дорам. Пеш аз дарс муаллими муаллимони Ванҷ Юсуф Қудратов (аз рӯи ихтисос муаллими математика буд) маро ба кабинеташ даъват карда, нозукиҳои дарси аввалро фаҳмонд. Баъд ҳамроҳам ба синфхона даромада, маро муаррифӣ кард. Баъд аз рафтани директор аз синф­хона чашми кунҷковонаи талабаҳо аз ман канда намешуд. Гӯё ба ғайр аз ман касе дар синфхона набуд. Садои занги мактаб маро ҳушдор сохт, ки вақти ҷудокарда ба охир расид. Вале дарси ман дигар охир надошт ва 63 сол давом кард.

Дастгириҳои устоди аввалинам дар соҳаи омӯзгорӣ Юсуф Қудратовро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард. Баъд аз вафоти ин марди бузург мактаби маркази ноҳияи Ванҷ ба номаш гузошта шуд.

Ҳамчунин, муаллимони азизам, ки ба ман аз фанҳои гуногун сабақ додаанд, ҳаргиз аз хотирам намераванд. Моилов Саидшо ва Абдулкарим Каримов — муаллимони забон ва адабиёти тоҷик, Ниҳмон Ризвонов — муаллими фанҳои биология ва химия, Қувват Абдуллоев — муаллими фани математика аз ҷумлаи омӯзгорони накуном буданд. Ҷояшон биҳишт бошад.

Муаллим Хушвахт Искандаров 55 сол дар мактаби миёнаи умумии №4-и ба номи Юсуф Қудратов кор кард ва аз ин 34 сол директории мактабро бар зимма дошт. Мактаб 75 омӯзгори маълумоти олидор ва таҷрибаандӯхта дошт. Муаллимаи хизматнишондодаи мактабҳои РСС Тоҷикистон Елена Никитична Школа, ҳамсараш Назармамад Гулмамадов ва дигар омӯзгорони шинохта дар ин мактаб ба тарбияи насли наврас машғул буданд. Натиҷаи меҳнат ва маҳорати омӯзгорони ин мактаб бо роҳбарии директори он, Муаллими хизматнишондодаи мактабҳои РСС Тоҷикистон Хушвахт Искандаров буд, ки шогирдони номдору шинохта ба воя расониданд. Онҳо имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ сарбаландона меҳнат мекунанд.

Муаллим Искандаров боифтихор номи шогирдонаш — узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Ҳайдаршоҳ Пирумшоев, файласуфи шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон А. Муҳаммадхоҷаев (рӯҳаш шод бод), доктори илмҳои кишоварзӣ Мастибек Норов, номзади илмҳои фалсафа Комил Бекзода, номзади илмҳои химия Меҳроб Рустамов ва дигаронро ба забон меорад. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Юсуф Қудратови маркази ноҳияи Ванҷ бо ин шогирдонаш ифтихор дорад.

Аз рӯи собиқаи корӣ муаллим Искандаров аз 19 марти соли 1994 гирандаи нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аммо роҳбарият ва коллективи мактаб нагузоштанд, ки омӯзгорони ботаҷриба бознишаста бошанд. Ҳамин тариқ, ӯ фаъолияти педагогиашро дар мактаб давом дода, чун ҳарвақта ба муаллимони ҷавон, бахусус муаллимони физикаю математика, маслиҳат медиҳад.

Вақте бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шуд, қаҳрамони матлаб масъулияти бештар ҳис намуд. Аз омӯзгорони соҳа талаб менамуд, ки ба дарсҳо бо тайёрии пухта ва асбобҳои аёнӣ ҳозир шаванд. Аз синфҳои 5-6 шавқу рағбати хонандагонро ба илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, риёзӣ бедор кунанд. Ба машғулиятҳои беруназсинфӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир шавад. Маҳфилҳои «Физикони ҷавон», «Математикони ҷавон» ва дигар кружокҳоро бештар дар сатҳи хубу сифати баланд гузаронанд. Имрӯзҳо хонандагони фаъол ва аълохон аз фанҳои номбурда дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ю. Қудратови ноҳияи Ванҷ хеле зиёданд.

Шогирдонаш Маҳмадбек Заробеков, Шомаҳмад Беков, Муҳаммадшоҳ Ғайратов, Саъдоншоҳ Тӯтишоев касби муаллими физика ва математикаро пеша намуда, солҳои зиёд ба тарбияи насли наврас машғуланд.

Мавсуф дар оиладорӣ ва тарбияи фарзанд намунаи ибрат буда, нуҳ фарзандро ба воя расонидааст, ки ҳама соҳиби маълумоти олӣ буда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ сарбаландона меҳнат мекунанд. Фарзандони солеҳаш ба қадри падару модар мерасанд ва аз падар хоҳиш намуданд, ки дар сояи фарзандону наберагон дами пиронсолӣ истироҳату фароғат кунад. Охир дар ҷумҳурӣ то ҳол шахсеро дучор нашудаем, ки то 88 — солагӣ муаллимӣ кунанд ва 63 сол собиқаи корӣ дошта бошад. Ин рекордро муаллими физикаю математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Юсуф Қудратови ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Хушвахт Искандаров гузошт. Падар хоҳиши фарзандонашро рад накарда, 1 майи соли 2021 ба истироҳат баромад.

Ҳукумати Тоҷикистон хизматҳои арзандаи Хушвахт Искандаровро бо нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», медали «Ветерани меҳнат» ва бо унвони ифтихории «Муаллими хизматнишондодаи мактабҳои РСС Тоҷикистон» (аз 5 июни соли 1987) сарфароз гардонид. Вале мукофоти аз ҳама баланд ин ҳурмату эҳтироми шогирдони қадрдон мебошад, ки лаҳзае устодашонро танҳо намегузоранд. Хушвахт Искандаров ҳанӯз ҳам дар чорабиниҳои мактаби азизаш фаъолона иштирок мекунад ва гули сари сабад аст.

Моҳиятан шоир ин байтҳоро маҳз ба ӯ бахшидааст:

Раҳи ту сӯи мактаб дур мерафт,

Ба мактаб ҳамраҳи ту нур мерафт,

Сабақҳои ту чун аз ёд гаштанд,

Ҳама шогирдҳо устод гаштанд…

Расад бар гӯш панду ҳикмати ту,

Ба хотир нуктаҳои қимати ту.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»