Баҳои баланди тадқиқоти илмии Хушдил

№42 (3836) 05.04.2018

Чанде қабл аз тарафи нашриёти «Ирфон» монографияи муҳаққиқи ҷавону умедбахш Хушдил Раҳимҷонов бо номи «Меъёрҳои ахлоқӣ: назария ва амалияи истифодаи онҳо дар журналистикаи тоҷик» аз чоп баромад. Рисола аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия тасдиқ шуд ва муаллиф сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои филология гардид. 

Этика ё одоби касб маҷмӯи қонунҳои нонавиштае мебошад, ки талаботи маънавию ахлоқӣ ва урфу одатҳои ҷамъиятро ба назар гирифта, меъёрҳои ахлоқи инсонро ба танзим медарорад. Этикаи касбии журналист низ аз этикаи умумиинсонӣ сарчашма мегирад, вале он нисбатан ҷиддию серталаб аст, зеро фаромӯш кардани принсипҳои этикӣ баъзан барои журналист оқибатҳои ногувор ва ҳатто хатарнок дошта метавонад.

То ба имрӯз роҷеъ ба этикаи журналистӣ ва риояи меъёрҳои он дар ВАО-и Тоҷикистон тадқиқоти алоҳидаи монографӣ анҷом дода нашуда буд. Аз ин рӯ, ба табъ расидани рисолаи илмии Хушдил Раҳимҷонов муҳим ва саривақтӣ мебошад. Зеро риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар ВАО аз масъалаи баҳсталаб ба ҳисоб меравад, ки баъзан барои ҳаллу фасли он ба мақомоти судӣ низ муроҷиат карда мешавад.

Рисола аз муқаддима, се боб, хулосаву натиҷагириҳои муаллиф ва рӯйхати адабиёт иборат мебошад.

Меҳроб ҶУМЪАЕВ