Бақои миллат ҳамроҳ бо устувору побарҷо мондани забони он аст

№122 (4705) 06.10.2023

Фарангис Шарифзода (2)Мусоҳиба бо директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарангис Шарифзода бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

- Ҳадаф аз ҷашн гирифтани Рӯзи забони давлатӣ аз як тараф, гиромӣ доштани забони ноби модариамон ва аз ҷониби дигар, мусоидат ба тавсеаи доираи истифодаи он ва татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Бигӯед, ки Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ин самт кадом корҳоро анҷом дода истодааст?

- Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси яке аз аввалин муассисаҳои илмии кишвар тӯли наздики як аср — аз солҳои 30-юми қарни гузашта то замони муосир дар рушду такмили забону адабиёти тоҷик саҳми боризе гузоштааст ва дар оянда низ кору фаъолиятро дар ин самт идома хоҳад дод. Дар институт се шуъба — шуъбаи забони тоҷикӣ, шуъбаи забонҳои бостон ва ориёӣ, шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳот ба таҳқиқу пажӯҳиши забонҳои бостон, масоили таърихи забони адабӣ, забони тоҷикии муосир ва гӯйишҳои он, таҳия ва мураттаб сохтани монографияҳои илмӣ, китобҳои академӣ ва фарҳангҳо машғуланд. Аз ҷумла, дар соли 2023 забоншиносони институт ҷилдҳои 3-6 «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ», ҷилди дувуми «Фарҳанги русӣ-тоҷикӣ»-ро мураттаб гардонидаанд. Ходимони илмии институт истилоҳоти илмии давраи бостон ва миёнаи забонро гирдоварӣ ва тафсир карда, сипас онро дар шакли комил бо иловаи истилоҳоти марҳилаи аввали забони адабӣ ба чоп омода хоҳанд кард. Инчунин, «Фарҳанги гӯйиши ҷанубии шарқӣ» дар шакли мусаввада гирдоварӣ ва тадвин шудааст.

- Дар замони муосир таҳти таъсири раванд­ҳои ҷаҳонишавӣ нуфузи унсурҳои манфии ­фарҳангҳои бегона, аз ҷумла ба василаи забонҳои ғайр сурат гирифта, покии забони шевои тоҷикиро халалдор мекунанд. Барои ҳамеша поку беолоиш будани забони давлатӣ чӣ бояд кард?

- Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва фазои иттилоотӣ садди роҳи вуруди сели луғоти бегона шудан хеле мушкил аст. Мафҳумҳо ҳамроҳ бо номҳояшон шурӯъ аз молу колои бозор, то техникаю технологияи навин, номи мафҳумҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва мафҳуму истилоҳоти илмӣ вориди ҷомеа ва рӯзгори мо мешаванд. Сарвари давлат перомуни покизагии забон чунин қайд намуданд: «Зарур аст, ки мо асолат ва покизагии забони худро нигоҳ дорем ва аз истифодаи безарурати калимаҳо аз забонҳои дигар худдорӣ кунем». Ҳукумати кишвар ва идораҳои дахлдори он, бахусус, Кумитаи забон ва истилоҳот, Институти забон ва адабиёт, олимони соҳаҳои гуногун барои ба танзим даровардани луғоту истилоҳоти наву бегона тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд, аммо пешорӯи раванди босуръати рушди илму техника, муомилоти иҷтимоию фарҳангӣ ва афзоиши коммуникатсия истодагарӣ кардан, зери назорат гирифтан ва ба низом даровардани ин ҳама тағйироту табаддулот дар таркиби луғавии забон кори чандон саҳл нест. Муҳаққиқони забоншинос ба пажӯҳиши истилоҳоти соҳаҳои гуногуни илм даст зада, фарҳангҳои соҳавӣ мураттаб сохта истодаанд.

- Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки донистани забонҳои хориҷӣ талаби замони муосир аст, аммо омӯхтани онҳо чунин маънӣ надорад, ки нисбат ба забони модарӣ беэътиноӣ зоҳир гардад. Ҳоло баъзан ҷавононеро вомехӯрем, ки забони давлатии худро поймол карда, ба забонҳои хориҷӣ суҳбат мекунанд. Дар ин ­масъала шумо чӣ назар доред?

- Рӯй овардан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар ҷаҳони муосир ба манфиати ҳам фард асту ҳам ҷомеа, аммо ҳама навъи забони хориҷӣ бар пояи забони модарӣ омӯхта мешавад. Мутаассифона, имрӯз як ҷараёни номатлуб ва басо нороҳаткунандаю нигаронкунанда ба назар мерасад, ки бархе аз афроди ҷомеаи мо фарҳанги миллию суннатиро мояи намуна ва ифтихор намедонанд. Ҷиҳати ҳузновари ин қазия дар он аст, ки пастии маданияти фикрию фарҳангии забон доман паҳн кардааст. Вақте ки аз ҷониби афроде забони тоҷикӣ аз назари маънавият, истифодаи аркони суннатӣ, муносибат ба мероси гузашта беарзиш гардонида шуд, пас чӣ гуна метавон аз ин гуна афрод шахсияти комили дорои ҳувияти миллидошта ва меҳандӯсту фарҳанг­парварро интизор буд?

- Дар институт барои тарғиби забони тоҷикӣ кадом иқдомҳо амалӣ шуда истодаанд?

-Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти рӯзи 27-уми сентябри соли 2022, ҳангоми ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, зарурати таҳияи луғати якҷилдаи забони тоҷикиро қайд намуда буданд, ки ин пешниҳоди Сарвари давлатро кормандони институт дастгирӣ намуда, фарҳанги тафсирии якҷилдаи забони тоҷикиро ба чоп омода карданд. Умед аст, ки ин фарҳанг бо теъдоди зиёд интишор ёфта, рӯйи мизи ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бошад. Инчунин, дар мулоқот бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: «Грамматикае, ки чил-панҷоҳ сол пеш навишта шуда буд, ҷавобгӯи талаботи илм ва ҷомеаи имрӯзаи мо нест». Бинобар ин, институт лоиҳаи илмии панҷсоларо барои таҳияи грамматикаи забони тоҷикӣ омода намуда, аз соли 2024 бо ҷалби мутахассисони варзидаи ҷумҳурӣ ва навиштани грамматика оғоз мекунанд. Омӯзишу пажӯҳиши забонҳои бостон боиси таҳкими забони муосири тоҷикӣ хоҳад буд, зеро гуфтаанд, «то реша дар об аст, умеди самаре ҳаст». Дар институт ба омӯзиши забонҳои бостон таваҷҷуҳи махсус дода, шурӯъ аз соли 2024 ходимони илмии институт дар доираи лоиҳаи панҷсолаи илмии «Таҳқиқи диахронию синхронии забонҳои ориёӣ (эронӣ)» ба пажӯҳиш мепардозанд. Аз тарафи дигар, вазифаи институти мо анҷоми таҳқиқоти бунёдӣ дар соҳаи забоншиносӣ аст. Тарғибу татбиқи забони давлатӣ вазифаи на танҳо донишгоҳҳо, балки масъулияти тамоми соҳибони забон аст. Ҳамаи мо, сарфи назар аз мақоми иҷтимоии худ дар тарғиби забони миллии хеш масъул ҳастем.

- Ба андешаи шумо имрӯз мушкилоти асосии забони давлатӣ кадом аст?

- Моро зарур аст забони тоҷикиро на фақат расман, балки дар амал мақоми давлатӣ дода, эътиборашро боло бардорем. Фарҳанги забони гӯяндагони имрӯза дар Тоҷикистон боиси нигаронӣ аст, зеро мо то ҳол дар чаҳорчӯби забони адабии меъёрии гуфторӣ сухан намекунем, агарчӣ дар навишт ин меъёрҳо ба ҳадде риоя мешаванд. Сухану забон ифодаи маърифат аз ҷониби ҷомеа мебошад. Забони тоҷикӣ забони ҳазорсола, забони илму фарҳанг, дину ирфон, фикру андеша ва ҳиссу завқ, шӯру шавқ ва кору рӯзгори мардумони соҳиби он мебошад. Шахсе ки бо ин забон сухан мегӯяд, бояд аз дарвозаи илму донишу фарҳанги ба ин забон офарида бигзарад ва илло дар маърифату завқи сухан урёну беиззат аст. Умед дорем, аҳли ҷомеаи кишвар муҳимтарин унсури ҳувияти миллӣ ва давлатдорӣ — забони миллиро ҳимоят намуда, онро дар мақоми шоиста нигоҳ медоранд. Ҳамон гуна, ки ҷаҳон бо суръати баланд дар ҳоли тағйиру дигаргунӣ аст, мо низ бояд ба ҳамон шиддат истилоҳу ибораҳои нав дар соҳаи забонро тартиб дода, дар истифодаи умум қарор диҳем. Забони тоҷикӣ зарфияти ниҳоят калон барои мутобиқшавӣ бо равандҳои муосирро дорад ва мо — ворисон бояд бо ҳушёрӣ аз имконоти ин забони куҳану пурмоя барои бақои хеш дар дунёи навин истифода намоем. Мо аз ҷиҳати назариявӣ дар соҳаи забон чандон мушкилӣ надорем, мушкилот ҳангоми татбиқи меъёрҳои забони давлатӣ дар амал зоҳир мешаванд, ки барои бартараф кардани он ба ҳамкории тамоми ниҳодҳои давлатӣ зарурат аст.

Баъд аз аҳди Сомониён, акнун дар замони соҳиб­истиқлолӣ забони тоҷикӣ ба маънои томи худ бар маснади қудрат нишастааст ва бояд ба тамоми ниёзҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии мо чӣ дар дохил ва чӣ дар арсаи байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад. То ин замон забони тоҷикӣ танҳо як забони муошират буд, аммо акнун зарурат пеш омадааст, ки мо бо ин забон бо ҷаҳониён иртибот барқарор кунем. Ин як фурсат ва як имтиёзи бениҳоят баланд барои соҳибони забон аст. Аз ин ҷиҳат, мо бояд босуръат дар соҳаҳои гуногун истилоҳоти забони хешро бо меъёру стандартҳои истилоҳсозии ҷаҳонӣ яксонсозӣ намоем. Бақои миллат ҳамроҳ бо устувору побарҷо мондани забони он аст.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»