18 октябри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сурат гирифт. Дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода гуфт, ки сабқат бо иқдоми фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду сол шуд, ки баргузор мегардад ва ҳадаф аз он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад.
Инчунин, зикр шуд, ки соли равон, 5 феврал Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид ва барои дар сатҳи баланд гузаронидани он аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1646400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомонӣ ҷудо шуд. Даври якуми он моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту муассисаҳои деҳот, даври дуюм моҳи июн дар маркази ноҳияву шаҳрҳо ва даври сеюм моҳи сентябр дар маркази вилоятҳо ва шаҳри Душанбе сурат гирифт.
Ҷиҳати сазовор гузаронидани даври ниҳоии сабқат (7-15 декабр ҷараён дошт) дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 5 толори махсус барои 5 номинатсия ҷудо шуда, 269 нафар иштирок карданд. Аз ҷумла, дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик 67 нафар, номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик — 62, номинатсияи адабиёти бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик — 54, номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон — 61 ва дар номинатсияи шоирӣ — 23 нафар.
Бартарии озмуни имсола дар он буд, ки ҳар номинатсия ба се гурӯҳ ҷудо шуда, миқдори ҷоизаҳои дуюм ва сеюм дутоӣ афзуданд. Инчунин, маҳдудияти синну сол барои иштирокчиён бекор гардида, аз панҷсола то ҳафтодсола ширкат варзиданд, ки миёни онҳо маъюбону нобиноён низ буданд.
Фарқияти дигари озмуни имсола дар он буд, ки бо пешниҳоди аҳли эҷоди кишвар номинатсияи шоирӣ ҳам ба он дохил карда шуд.
Ҳамин тариқ, дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик (гурӯҳи тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ) Рухшона Норова — хонандаи синфи 8 аз шаҳри Панҷакент соҳиби ҷойи якум, Рухшона Афзалзода аз ноҳияи Айнӣ, Саидамир Боқиев аз шаҳри Душанбе, Шукрона Хуҷамқулова аз шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи дуюм, Раҷабалӣ Абдусаломзода аз ноҳияи Данғара, Меҳронаи Абдулло аз ноҳияи Ховалинг соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ Сарвиноз Саидова — донишҷӯи курси дуюми ДМТ аз шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи якум, Ҷавоҳир Ашӯрова аз шаҳри Хуҷанд, Сулаймони Аҳтам аз ноҳияи Тоҷикобод, Султон Каримов аз ноҳияи Ёвон соҳиби ҷойи дуюм, Фархунда Шодиева аз шаҳри Бохтар, Шаҳло Ёрмухамедова аз шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун Сарфарозиддин Иморуддинов — омӯзгор аз шаҳри Хуҷанд соҳиби ҷойи аввал, Оқил Осимӣ аз шаҳри Бӯстон, Сиратулло Зоиров аз шаҳри Душанбе, Дилафзун Раҳмонова аз шаҳри Панҷакент соҳиби ҷойи дуюм, Раҳима Ҳидоева аз ноҳияи Мастчоҳ, Меҳринисо Сатторова аз ноҳияи Ёвон соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Ба соҳибони ҷойи аввал диплом ва 30 000 сомонӣ, ба соҳибони ҷойҳои дуюму сеюм диплом 20 000 ва 15 000 сомонӣ тақдим гардид.
Дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, дар гурӯҳи тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ Рухшона Бобозода — хонандаи синфи 11 аз ноҳияи Файзобод соҳиби ҷойи якум, Собирҷон Саидзода (шаҳри Душанбе), Наргис Абдуллоева (шаҳри Ҳисор), Гулзода Шералиева (ноҳияи Айнӣ) соҳиби ҷойи дуюм, Муҳаммад Шарипов (шаҳри Душанбе), Зебунисои Азизиён (ноҳияи Деваштич) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ Шероз Бобохонов (донишҷӯи курси 2, ДМТ, шаҳри Душанбе) соҳиби ҷойи якум, Гулафзо Пирова (шаҳри Душанбе), Парвина Самандарзода (шаҳри Душанбе), Мадина Зоирова (шаҳри Душанбе) соҳиби ҷойи дуюм, Хосияти Шаҳобиддин (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров), Моҳинав Аҳмадзода (шаҳри Бохтар) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун Гулбаҳор Раҳимова (омӯзгор, ноҳияи Мастчоҳ) соҳиби ҷойи якум, Далерҷони Бозор (ноҳияи Муъминобод), Азамат Шамсиддинова (шаҳри Душанбе), Бахтинисо Низомова (шаҳри Турсунзода) соҳиби ҷойи дуюм, Нилуфар Одинаева (ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ), Хайрулло Ғафуров (шаҳри Душанбе) сазовори ҷойи сеюм шуданд.
Соҳибони ҷойи якум бо диплом ва 25 000 сомонӣ, соҳибони ҷойҳои дуюму сеюм бо диплом, 20 000 ва 15 000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, дар гурӯҳи тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ Шоина Мабатқадамова — хонандаи синфи 5, ВМКБ соҳиби ҷойи якум, Муҳиба Шарифова (ноҳияи Ҳамадонӣ), Сурайё Саидзода (шаҳри Душанбе), Нигора Раҳмонова (ноҳияи Файзобод) соҳиби ҷойи дуюм, Ҳадиса Муъминова (шаҳри Истаравшан), Мутриба Қурбонова (шаҳри Ваҳдат) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ Фарзона Восиева — донишҷӯи курси сеюми ДМТ, шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи якум, Сайёҳат Маҳмадавлатова (ноҳияи Данғара) соҳиби ҷойи дуюм, Сорбон Бобоева (шаҳри Бохтар), Малика Мавлонова (ноҳияи Рӯдакӣ) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун Фарзона Темурзода (ноҳияи Ёвон) соҳиби ҷойи дуюм, Маҳмурод Раҳмонов (шаҳри Бохтар), Тоҷинисо Давлатова (шаҳри Бохтар) барандаи ҷойи сеюм гардиданд.
Ба онҳое, ки ҷойи якумро сазовор шуданд, диплом ва 25 000 сомонӣ, ба соҳибони мақомҳои дуюму сеюм диплом 20 000 ва 15 000 сомонӣ тақдим карда шуд.
Дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон, дар гурӯҳи тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ Нозанин Саидзода (шаҳри Душанбе) соҳиби ҷойи якум, Мадинаи Ҷамолиддин (шаҳри Душанбе), Самина Саидова (шаҳри Душанбе), Сайидо Шарапов (шаҳри Душанбе) соҳиби ҷойи дуюм, Шарифамо Одинамамадова (шаҳри Хоруғ), Муродҷон Бойсаризода (шаҳри Исфара) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ Шабнам Одинаева — донишҷӯи ДМТ, шаҳри Душанбе, Хуршед Қурбонов (шаҳри Кӯлоб) соҳиби ҷойи якум, Дилфуза Аҳмадҷонова (шаҳри Душанбе), Нодира Ханҷарова (шаҳри Турсунзода) соҳиби ҷойи дуюм, Мавлуда Атаҷонова (шаҳри Левакант), Дилбар Тошматова (ноҳияи Рӯдакӣ) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун Нӯшофарин Хидирова (омӯзгор, шаҳри Истиқлол) соҳиби ҷойи якум, Рузигул Боякова (шаҳри Душанбе), Олга Ҷӯраева (ноҳияи Ҷаббор Расулов), Маликахон Очилова (ноҳияи Дӯстӣ) соҳиби ҷойи дуюм, Аҷикулло Ҳусейнов (ноҳияи Данғара), Зумрад Абдуллоева (шаҳри Ҳисор) соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Онҳоро низ мутаносибан бо диплом 25 000, 20 000 ва 15 000 сомонӣ қарор карданд.
Дар номинатсияи шоирӣ Мафтуна Назарова — корманди нашрияи «Зарафшон» аз шаҳри Панҷакент соҳиби ҷойи якум, Шобегим Маликова (шаҳри Душанбе), Шаҳноза Пирова (шаҳри Норак) соҳиби ҷойи дуюм ва Малоҳат Толибова (ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) соҳиби ҷойи сеюм гардида, бо диплом, 25 000, 20 000 ва 15 000 сомонӣ сарфароз дониста шуданд.
Тибқи баҳои ҳайати ҳакамон «Шоҳҷоиза»-ро Раъно Насриддинова — хонандаи синфи 11 аз шаҳри Панҷакент соҳиб ва бо диплом ва 60 000 сомонӣ мукофотонида шуд.
Ҳамчунин, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 100 иштирокчии фаъол Ифтихорнома ва 1000 сомонигӣ тақдим гардид.
Бо пешниҳоди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Имомзода шаш ҷоизадори озмун ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бе супоридани имтиҳон роҳхат гирифтанд.
Дар номинатсияи шоирӣ 20 нафар бо китобу маҷмӯаҳои шеърӣ иштирок карда, бо пешниҳоди аъзои ҳакамон се нафар — омӯзгорон Давлат Алӣ аз ноҳияи Сангвор, Сафар Абдураҳимов аз ноҳияи Ашт ва Раҷаб Ғаффоров аз ноҳияи Восеъ бо нишони «Сухан»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сарфароз шуданд.Инчунин, се иштирокчӣ барои қабул шудан ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тавсия гирифтанд.
Тиллои НЕКҚАДАМ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ